Нашрияи Омӯзгор

МАВЛОНО ДАР ҶУСТУҶЎИ ИНСОНИ ОРМОНӢ ВА ДУНЁМАДОР

Сана: 2022-04-14        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

Шоири тавоно ва файласуфу донишманди бузурги тољик Мавлоно Љалолуддини  Балхї (1207-1273), ки зодаи Вахшонзамини Тољикистон аст, на танњо дар шеъру адаб ва фалсафаву ирфон, балки дар тамоми соњањои дигари фарњангу маънавиёти инсоният низ дар кулли аќсои Шарќу Ѓарб ба њайси як шахсияти барљаста эътироф шудааст. Доираи њаводорони шеъру таълимоти мутафаккир аз Тољикистону Туркияи имрўза то Афѓонистон, Эрон, кишварњои Осиёи Миёна, Сурия, Ироќ, Миср ва љазирањои атрофи Осиёи Хурд, Покистон, Бангладеш, Њиндустон, Љануби Русия  ва ѓайраро аз даврони њаёти ў то замони муосир фаро мегирад. Муњаќќиќони сершумори афкори Мавлоно њамчунин зикр мекунанд, ки таъсироти ў ва тариќати мавлавия дар минтаќањои гуногуни Аврупо, аз ќабили Англия, Олмон ва Дания, дар кишварњои мухталифи Амрикои Шимолї ва Љанубї низ хеле зиёд аст. Дар Иёлоти Муттањидаи Амрико бошад,  аз соли 1997 ин љониб, ба шањодати муњаќќиќи амрикої Ф.Д. Люис, шуњрати Мавлоно хеле боло рафта, китобњои ў ба њайси бестселлер - пурхаридортарин китоб шинохта шудаанд.

Дар олами Ѓарб ибтидо аз асри XVIII Мавлоноро бузургтарин шоири назми ирфонї ва шинохтатарин донишманди мутасаввиф донистаанд. Олими машњури олмонї Георг Гегел дар китоби шуњратёри худ «Энсиклопедияи илмњои фалсафї» ин мутафаккирро бо номи «Љалолуддин Румии олиљаноб» ёд карда, бењтарин намунаи ашъорашро дар тарљумаи моњиронаи Рюккерт пайваста мутолиа мекардааст. Мањз њаминро дар назар дошта, академики тољик Алоуддин Бањоуддинов гуфтааст: «Масъалањои зиёде, ки аз љониби Гегел њал шудаанд, Румї њанўз 500 сол муќаддам гузошта ва ќисман њал сохта буд».

Муњаќќиќи Шўравї Р. Фиш Мавлоноро аз хирадмандтарин шоирони Шарќ шумурда, таъкид доштааст, ки аз шеъри ў Гегел ва Гёте, Нозим Њикмат ва Муњаммади Иќбол њаловат бурдаанд.  Академики рус В. Шеремет ўро аз зумраи мутафаккироне медонад, ки осори онњо тафаккури миллионњо одамонро тасхир кардааст. Донишманди њинд Њазрат Иноятхон бошад, мероси маънавии Мавлоноро чунин бањогузорї кардааст: «Осори Румї чунон бузург аст, ки касе онро бихонад ва бифањмад, дониши тамоми фалсафаи љањониро мегирад». 

Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар бораи Мавлоно гуфтаанд: «Назми оламгир, афкору андешаи бунёдї ва фалсафаи инсондўстонаи ин орифи бузург дар Шарќу Ѓарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ўро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ў масъалањои умдаи умумибашарї, фарњанги инсондўстї ва дигар пањлуњои муњими њаётро чунон дурандешонаву воќеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрўз низ љавобгўи ниёзу ормонњои љањони муосир мебошад».

Дарвоќеъ, дар осори гаронбањои худ, ки аз асарњои манзум - «Маснавии маънавї», «Девони Шамс» ё «Куллиёти Шамси Табрезї» ва асарњои мансур   – «Маљолиси сабъа», «Фињї мо фињї» ва  «Мактубот» иборат мебошад,  Мавлоно масъалањои зиёдеро гузоштаву њаллу фасл намудааст, ки то кунун њам ањаммияти назариявию амалии худро аз даст надодаанд. Метавон гуфт, ки миёни ин мушкилоти баёнсохтаи мутафаккир муњаќќиќонро аз њама бештар масъалаи инсон ба худ љалб сохтааст, зеро саволњои асосие, ки Мавлоно ба онњо тўли њаёти худ пайваста љавоб љустааст, мањз аз доираи худшиносию инсоншиносї будаанд:

Рўзњо фикри ман ин асту њама шаб суханам,

Ки чаро ѓофил аз ањволи дили хештанам.

Аз куљо омадаам, омаданам бањри чї буд?

Ба куљо меравам охир, нанамої ватанам.

Дар ин росто таъкид бояд дошт, ки дар таълимоти Мавлоно ва намояндагони тариќати созмондодаи ў - мавлавия инсон дар маркази доираву мадори фалак ќарор дошта, њалли ин ё он масъалаи фалсафї онњоро њатман ба андеша дар бораи инсон меоварад. Аз ин љост, ки аќидањои гуманистї ва башардўстонаи Мавлоно ва мавлавиён дар кори мувољењ сохтани илм ва љомеаи муосир ба сўи инсону ниёзмандињои он аз љониби донишмандони кишварњои гуногун мавриди истифода ќарор гирифтаанд.

Аз љониби дигар, дар даврони љањонишавї, ки њама минтаќањои оламро фаро гирифтааст ва дар шароити љустуљўи њувияти миллї ва эњёи маънавии миллатњои тозаистиќлол, ки бо суръати бузурге љараён дорад, мурољиат ба афкори фалсафї ва фарњангии пешиниён ва корбасти он бо дарназардошти воќеият ва талаботи замони муосир метавонад њамчун такягоњи муњимме барои ташаккули љомеа ва инсони нав хидмат намояд. Истифода аз осори Мавлоно дар ин самт низ беназир ва хеле судманд буда, донишмандони зиёде пайваста ба ин љанбаи аќидањои мутафаккир рў меоранд. Аз љумла, шоири тољикзабони покистонї Муњаммад Иќбол (1877-1938) дар замони хеш мањз тањти аќидањои Мавлоно оид ба худшиносї дар бораи «бозофаридан» - эњёи миллати хеш бо такя бар асолати миллии он гуфта буд:

Миллате, к-аз сўзи ў як дам тапид,

Аз гили худ хешро бозофарид.

Ин љо сазовори таъкид аст, ки тамоми андешањои Мавлоно оид ба худшиносї аз тањќиќи табиат ва моњияти инсон маншаъ мегиранд. Оид ба инсон сухан гуфта, Мавлоно ўро чун олами маънавие медонад, ки моњияти хеле мураккаб дорад. Инсон барои мутафаккир зоњиран пайдо, вале ботинан сахт нињон аст, ў чун љўе аст, ки оби он тира шуда ва ќаъраш ноаён аст, инсон саропо чу париён роз аст:

Гар ба зоњир он парї пинњон бувад,

Одамї пинњонтар аз парён бувад.

Назди оќил он парї, ки музмар аст,

Одамї сад бор худ пинњонтар аст.

Муњаммад Иќбол мањз њамин андешањои Мавлоноро дар бораи инсон њамчун рози нокушода идома дода, гуфтааст:

Навои ишќро соз аст одам,

Кушояд розу худ роз аст одам.

Табиати пурасрору пуррози инсонро тањќиќ карда, Мавлоно дар њар гуфтаву њар андешаи худ аз рўи ин асрор ќадам ба ќадам парда мебардорад. Аз ин рў таълимоти ин пири хирадро метавон љустуљўи инсони комилу ормонї ва дунёмадору дунёмењвар ќаламдод намуд. Љавњари ин љустуљўњо ва шиори њаётии Мавлоно дар ѓазали машњури ў, ки ба таври ѓайрирасмї «Инсонам орзуст» номгузорї шудааст, инъикос ёфтааст:

З-ин њамрањони сустаносир дилам гирифт,

Шери Худову Рустами Дастонам орзуст…

Дї шайх бо чароѓ њамегашт гирди шањр,

К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

Гуфтанд: Ёфт менашавад, љустаем мо,

Гуфт: Он ки ёфт менашавад, онам орзуст

Пинњон зи дидањову њама дидањо аз ўст,

Он ошкорсанъати пинњонам орзуст.

Инсони ормонии Мавлоно, ки амсоли Рустами Достон аст ва «ёфт менашавад», яъне нодиру пинњон мебошад, њадафи асосии љусторњои Мавлоно буда, сифатњои зиёде дорад. Як сифати аз њама муњимми чунин инсон дар таълимоти Мавлоно он аст, ки ў ба тамоми масъалањо тавассути аќлу мантиќ менигарад, ё ба ибораи дигар аќлгарої сифати ногусастании ўст. Аз ин рў, Мавлонои Румї пайваста «Ки барам ман кори худ бо аќл пеш», «Зарраи аќлат бењ аз савму намоз» (яъне, аќли инсонї болотар аз рўза доштан, ибодат кардан ва дигар амалњои зоњирї аст) ва монанди онро ба инсон талќин мекунад.

Моњияти аќли инсонї бошад, дар таълимоти Мавлоно хеле мураккаб њисобида шуда, аз назари мутафаккир он ба бањри бепоёне шабоњат дорад, ки барои фањмиданаш дар он ѓаввосї бояд кард. Бузургии инсони ормониро бо њамин сабаб Мавлоно дар бузургии аќли ў мебинад, на дар сафедии мўяш, дашноми аќлро барои инсони оќил бењтар аз њалвои ноањлон медонад.

Аз љониби дигар, Мавлоно такя ба аќлро талќин намуда, инсонро ба ду нуктаи муњим њидоят менамояд: аввалан, инсон бояд дар њама корњо танњо ба аќлу заковати худ такя кунад; сониян, инсони соњиби аќли расо бояд дар њама амалњои хеш мустаќилона рафтор карда, њаргиз ба таќлиди кўр-кўрона ба дигарон роњ надињад. Бо њамин сабаб, мутафаккир пайваста хотиррасон месозад, ки «Бори худ бар кас манењ, бар хеш нењ», «Љурми худро бар каси дигар манењ» ва амсоли он.

Такя ба аќли хеш дар тамоми намудњои фаъолияти инсонї, дурї љустан аз роњнамоињои мардуми аз аќлу матниќ фарсахњо дур, махсусан аз бегонагон, як љавњари аќидаи Мавлоно дар бораи инсони ормонї ва худшиносї мебошад. Дар ин љода мутафаккир ба њаммаслаку дўсти њамаќидаи худ Шамси Табрезї пайравї мекунад, ки гуфтааст: «Ин ќадар умр, ки туро њаст, дар тафањњуси (омўзиши – Х.З.) њоли худ харљ кун, амиќ туї, агар амиќе њаст, туї!"

Худшиносї барои Мавлоно, пеш аз њама, масъулияти инсон дар назди хештан буда, инсони комилу дар маърифати худ муваффаќ гардида, яъне тавассути илм ба дарки «Ман киям?» расида, аз нуќтаи назари ў дигаронро низ метавонад бидонаду бишиносад, зеро илми асосї барои инсон худшиносї аст:

Љони љумла илмњо ин аст, ин,     

Ки бидонї, ман киям дар явми дин.

Аз ин нуќтаи назар, ки дар боло оид ба аќл ва худшиносї зикр гардид, инсони худшиносу комил аз назари Мавлоно инсони мустаќилест, ки ба худ ва аќли хештан эътимод дорад. Чунин инсони худшинос, ки палла-палла бо нардбони аќлгарої ва худшиносї ба сўи камолот ќадам менињад, тамаъ бар дигарон надорад ва чунонки ба молу мулки мардуми бегона дастдарозї намекунад, кору рафтор ва кирдору пиндори бегонагонро низ ќабул надорад:

Дар замини мардумон хона макун,

Кори худ кун, кори бегона макун.

Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханрониашон дар мулоќот ба муносибати 10-солагии ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» ба истифода аз дастовардњои илму технологияњои замонавї ва фарњанги пешрафта таваљљуњи мардумро љалб сохта, таъкид доштанд, ки њамаи мо бояд «барои васеъ кардани љањонбинии худ сайю кўшиш карда, дар пайи таќлиди унсурњое, ки кишварро ба асрњои миёна мебаранд, талоши бењуда накунем». Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат дар мазаммати таќлидкорї аз ашъори Мавлоно иќтибосе оварданд, ки хеле муассиру нишонрас буд:

Халќро таќлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин таќлид бод!

Дар њаќиќат њам, таќлидкорї ба бегонагон пешаи хеле номатлуб буда, махсусан, дар соњаи илму фарњанг инсонро ба карахтию бозмондагї ва бозгашт ба аслњои фартутшудаю аз зарурат берунгардида њидоят мекунад. Аз ин љост, ки Мавлоно зимни тањќиќи маърифати аќлонии олам ба мавзўи таъвил, таќлид ва иљтињод дахл намуда, таъкид мекунад, ки аќли инсонї ќобили тафсиру таъвили хештан буда, барои инсон дониши зиёде медињад. Таќлид, пайравии кўр-кўронаро бошад, мутафаккир дар зери тозиёнаи танќид мегирад ва таъкид месозад, ки инсони комил ба њама ашёву зуњуроти олам бояд бо аќли худ, бо чашму гўши хештан, бе таќлидкорї назар кунад. Дар ин бобат дар дафтари шашуми «Маснавии маънавї» омадааст:

Чашм дорї, ту ба чашми худ нигар,

Мангар аз чашми сафење бехабар.

Гўш дорї, ту ба гўши худ шунав,

Гўши гўлонро чаро бошї гарав?

Бе зи таќлиде назарро пеша кун,

Њам барои аќли худ андеша кун.

Чунин андешањои Мавлоно оид ба таносуби аќлгарої, худшиносї ва таќлидкорї таълимотеро дар фалсафаи муосир ба ёд меоранд, ки онро бо истилоњи «бегонашавї» ифода мекунанд. Худи бегонашавиро бошад, њамчун раванди иљтимоие шарњ медињанд, ки фаъолияти инсон ва натиљањои онро ба ќувваи мустаќили њукмрон ва адоватнок бар ў табдил медињад. Асосгузорони ин таълимот Карл Маркс (1818-1883), Эрих Фромм (1900-1980) ва дигар файласуфони ѓарбї буда, аќидањои онњо ба мутафаккирони шарќї низ таъсир гузоштаанд. Аз љумла, Муњаммад Иќбол дар ибтидои асри ХХ оид ба чунин бегонашавї дар назди худ савол гузошта – «Мешиносї, асри мо бо мо чї кард?» ва ба он љавоб гуфтааст: «Асри мо моро зи мо бегона кард».

Раванди бегонашавї ба тамоми соњањои фаъолияти инсонї - аз иќтисодї то иљтимої, аз гурўњї то инфиродї хос аст. Вале дар замони љањонишавї беш аз њама бегонашавии инсон дар соњаи фарњанг хатари бузург дорад. Баъзе нишонањои ин раванд, ки дар љомеаи имрўзаи мо низ тањти омилњои гуногун дар байни гурўње аз бехабарон мушоњида мегарданд, мањз натиљањои њамин зуњуроти бегонашавиянд. Дар робита бо ин мардуми моро зарур аст, ки имрўз њам тањти њидояти Мавлоно ва садњо донишмандони дигари бузурги худ рафтор намуда, аз њар гуна таќлидкорињо ва бегонапрастињо худдорї намояд. Ин амалро махсусан дар тарзи либоспўшї ва симои зоњирї бояд таќвият дињем, атласу адраси њафтранги худро ба далќу љомаи даридаи сиёњ нафурўшем, зеро агарчї ин унсурњо дар мадди аввал љузъї ба назар мерасанд, вале дар нињояти кор сабабгори косташавии пояњои бунёдии фарњанги миллат мегарданд. Ба ќавли Мавлоно:

Хештан нашнохт мискин одамї,

Аз фузунї омаду шуд дар камї.

Хештанро одамї арзон фурўхт,

Буд атлас, хеш бар далќе бидўхт.

Дар бораи аќлгаро будани инсони ормонии Мавлоно сухан карда, бояд њамчунин зикр намуд, ки ба андешаи ў аз талаботи аќлонї ва илму дониш дур гаштан як роњи рафтани инсон ба хурофот аст:

Донї, ки чаро дор мукофот шудем,

Нокарда гунањ чунин муљозот шудем?

Куштем хирад, дор задем донишро,

Дар банду асири сад хурофот шудем.

Дар баробари аќлгаро, худшинос ва мустаќил будан, бе таќлидкорї амал намудан ва аз бегонапарастї парњез кардан, инсони ормонии Мавлоно сифатњои дигареро низ соњиб аст. Аз љумла, бо сабаби мањсули табиат будан, аз чањор унсури ба њам зид («Обу оташ бину хоку бодро, Душманон чун дўстон омехта») ва олами наботию њайвонї то олами инсонї тањаввул кардан ва дар љамъият миёни дигар њамљинсони худ зистан, Мавлоно њамчун  њаммаслаку дўсти њамаќидаи худ Шамси Табрезї зўњду канораљўиро барои инсони ормонї маќбул намедонад. Мавлоно дар ин самт аз суханони зерини ин њаммаслаки худ пайравї мекунад: "Зоњиде буд дар кўњ. Ў кўњї буд, одамї набуд… одамиро бо санг чї кор? Миён бош ва танњо, дар хилват бош ва фард бош». Мањз чунин андешањо оид ба радди зўњду канораљўї аз олами моддиву љамоати инсонї як љавњари дигари таълимоти Мавлоноро оид ба инсони ормонии дунёмењвару дунёмадор ташкил медињанд. Ин аст, ки ба суханони Мавлоно, ки дар асари мансури ў «Фињї мо фињї» зикр гардидаанд, њар касе, ки дар ин дунё дар роњи ишќ рост меравад ва «њар кї дар ин роњ худро дарбохт, њама маќсудњои диниву дунявї ўро муяссар гашт ва кас аз ин роњ шикоят накард».

Њамзамон, Мавлоно чунин мењисобад, ки инсони комил, ки ба зўхд зарурат надорад, узви баробарњуќуќи љамоати одамон аст (Хоњї нашавї расво, њамранги љамоат бош! Ё худ: Зи њамроњон људої маслињат нест) ва худи љамъият бошад, барои њамдигарро дастгирї кардани одамон пайдо шуда, дар он бояд вањдату њамдилї њукмфармо бошад («Пирўзї зи иттифоќ хезад») ва бо роњи зўрию љанг њал намудани масъалањо дар љамъият њаргиз сурат нагирад. Дар њаќиќат њам, Мавлоно дар љамъият буданро авлотар аз гўшанишинї медонад. Агар нишонањое аз фардгарої ё индивидуализм ё канораљўї дар гуфтору амали ў мушоњида мегардад, ин танњо канораљўии маънавї аст, на моддї. Њатто рукни муњимтарини амалияи тасаввуфи мавлавия – раќси самоъ барои Мавлоно маънии сарљамъии инсонњои ошиќ ва ёрони мувофиќ ва дар љамъият буданро дорад.

Дар баробари ин, инсони ормонии Мавлоно њамчун узви љомеа соњиби тамоми унсурњои ахлоќи њамида аст. Аввалан, инсони ормонї тањаммулпазир аст. Дар ин росто бояд зикр намуд, ки њамаи динњо барои Мавлоно баробаранд ва аз нуќтаи назари ў агар ихтилофе байни онњо вуљуд дорад, дар ибтидо ва миёнаи роњ аст – дар охири роњ њама ба як маќсуд мебаранд:

З-он ки худ мамдўњ љуз як беш нест,

Кешњо з-ин рўй љуз як кеш нест.

Њамин эътирофи баробарии динњо, ки на танњо дар афкори Мавлоно мушоњида мегардад, балки дар давоми муддати тўлонии фаъолияти мавлавия аз тарафи ў ва шогирдону пайравонаш дар сарзамини Рум миёни масењиёну мусулмонон ва яњудиён самаранок корбаст гардидааст, сабаби асосии ривољи тањаммулпазирии динї дар гуфтору рафтори мавлавиён ва шумораи зиёди донишмандони мутасаввиф дар даврони Мавлоно буд. Инчунин, ногуфта намонад, ки мањз њамин таълимоти Мавлоно дар бораи баробарии динњо ва тањаммулпазирї сабаб гардид, ки дар Осиёи Хурд, ба аќидаи олими рус Л.Н. Гумилёв, мардуми хуросонию намояндагони ќабилањои туркманї, юнонию халќњои дигари маскуни ин сарзамин бо њам муттањид гардида, як халќу миллати навро бо номи турк ба вуљуд оварданд.

Сониян, таълимоти ахлоќии Мавлоно як назарияи ирфонии хулќ аст, ки ба ташаккули инсони комил равона шудааст. Аз ин рў мутафаккир асосан дар бораи касби ахлоќи њамида ва радди ахлоќи баду разила сухан мегўяд. Инсони ормонии Мавлоно ба одоб, сабр, вафо ба ваъда, рањм бар заифон, илмомўзї, машварат бо аќлњои дигар, дўстї, оќибатбинї, эњтироми худ ва дигарон, ростї, кўшиш, њушёрї, эњсон, хоксорї, кордонї, саховат, њурмати падару модар ва унсурњои дигари ахлоќи њамида таваљљуњ дорад. Чунин инсон аз ахлоќи баду разила, чун зарпарастї, нифоќ, хашм, њасад, пастї, золимї, њирс, чањолат, тамаъ, ришвагирї, фитна, такаббур, пурхўрї, ѓурур ва ѓайра канораљўї мекунад. Дар маљмуъ, аз лињози ахлоќї инсони ормонии Мавлоно мављуди бо илму адаби хеш ба саодат расида ва волотарин шахсият миёни инсонњост:

Хоњї, ки њамеша шоду хуррам бошї,

Њар љо, ки равї, азизу мањрам бошї,

Покиза шаву рост бизї, илм омўз,

То тољи наберагони Одам бошї!

Инсони комил, инчунин, аз назари Мавлоно, мављуди сулњхоњу љонибдори рафоќату дўстист:

Биё, то ќадри якдигар бидонем,

Ки то ногањ зи якдигар намонем…

Каримон љон фидои дўст карданд,

Сагї бигзор, мо њам мардумонем…

Ѓаразњо тира дорад дўстиро,

Ѓаразњоро чаро аз дил наронем?

Дар анљоми сухан бори дигар таъкид месозем, ки љустуљўи инсони комилу ормонї ва дунёмадору дунёмењвар Мавлоноро ба сўи андеша оид ба ташаккули инсони аќлгаро, худшинос, мустаќил, тањаммулпазир, сулњхоњ, бе таќлидкорї амалкунада ва аз бегонапарастї парњезкунада њидоят намудааст, ки дар љамъият ва тибќи ќонуниятњои он амал карда, зўњду канораљўиро рад мекунад ва бо илму адаби худ «тољи сари наберагони Одам» мебошад. Ва шахсияти худи Мавлоно низ дар пиндор, гуфтор ва рафтори хеш чунин инсони ормонї ва дунёмадор буд. Мањз ба њамин ањаммияти беназири эљодиёти Мавлоно, шахсияти нотакрори ў ва роњнамоињоиияш дар самти ташаккули инсони ормонию комил ва дунёмењвару дунёмадор ва љанбањои дигари таълимоти мутафаккир ишора карда, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зикр намудаанд: «Инсонияти гирифтори мушкилоти рўзафзуни маънавї, ахлоќї, экологї, иќтисодї ба ин иршодњо бештар ва бештар ниёзманд хоњад гардид ва аз ин рў бо эътимоди комил метавон гуфт, ки паёми Мавлоно роњнамои васли матин ва шикастнопазири инсоният ва рамзи камоли њаќиќии он хоњад буд».

 

Хуршед ЗИЁЇ,

доктори илмњои фалсафа,

 профессор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш