Маќолаи профессор, узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов бо номи «Дар бораи як китоби дарсї» («Омўзгор», №14, 7 апрели соли 2022) дорои муњтавою ѓоя ва консепсияи бузурги илмї-назариявї мебошад.
Муаллиф њадафи навиштаи худро дар иртибот ба нашри китоби «Андешањои дунявї дар адабиёти классикии тољику форс» (Душанбе, 2021), ки аз љониби гурўњи олимони Академияи миллиии илмњо дар хусуси пањлуњои гуногуни эљодиёти 27 нафар аз адибони тољик таълиф гардидааст, ба гунаи мушаххас баён дошта, наќши илмро дар ташаккулу тањаввули давлатдории миллї муњим ва њалкунанда мешуморад ва таъкид мекунад, ки «яке аз муњимтарин рукнњои асосии давлатдории миллї, зарурати баланд бардоштани наќши илм дар сохтори љањонбинї, системакунонии маљмуи масъалањои илмии марбут ба дидгоњи маънавї ва методњои тадќиќи он, коркарди дастгоњи истилоњ ва мафњумоти илмии миллї, муайян кардани сарњадњои салоњият, бархўрд ва њалли мушкилоти вобаста ба мавзуъ, њамчунин, њимояи мафкураи динї аз суистифодаи он тавассути ворид кардани њар гуна равияњои ифротгаро мебошад». Дар ташаккули давлатдории миллї мактабу маориф ба сифати шохаи аслию муќаддами таълиму омўзиш, ки насли нарасро бо асосњои илму дониш мусаллањ мегардонад, бориз мебошад. Аз ин рў, тарбияи маънавию ба камолоти дарки маърифати ашё ва њодисањои сиёсии дар љањони муосир ба амаломада расидани насли наврас ва љавонон ба таълифу пешнињоди асарњои илмию оммавие марбутанд, ки роњи рост ва њидояткунандаро ба онњо нишон медињанд. Дар ин љода, ба андешаи профессор С. Ятимов, наќшу таъсири китобњои дарсие, ки ба сохти давлатдории миллї мутобиќ гардонида шудаанд, хеле бузург ва муассир мебошад. Ба таъйиду тасдиќи профессор С. Ятимовю, дунявият худ илм асту дар чањорчўбаи мантиќи диалектикї арзи њастї мекунад. Аммо принсипњои дунявият фаротару бартар аз фањмишњои омиёна буда, реша дар љањонбинии илмї дорад. Маљмуи љањонбинии илмиро ба гунаи њатмї дар пайи омўзишу аз худ кардани илмњои табиатшиносї – зистшиносї, риёзиёт, физика, кимиё, ситорашиносї, тиб ва ѓайра метавон њосил кард. Чунин нуќтаи назари муаллифи маќола аз ањамияти бузурге бархўрдор мебошад, ки дунявиятро бе донистану аз худ кардани илмњои даќиќ наметавон ба даст овард. Ва њар љомеае, ки аз маљмуи љањонбинии илмї, андешаву тафаккури созандаву пешрафта мањрум аст, дар чорсўи заволу аз байн рафтан ќарор мегирад. Бад-ин тариќ, муаллиф навиштањои олимону донишмандон, аз љумла, маќолањои «Умари Хайём – ринди мунавварфикр», «Носири Хусрав – шоири озода ва хирадгаро», Асирї – намояндаи насли маорифпарвар»-ро аз нигоњи илмї тадќиќу баррасї намуда, дар хусуси то чї андоза ба хонандаи имрўз – мактабиёну донишљўён фањмову ба таври нишонрас андешањои худро баён намудани олимон хулосањои хешро иброз доштааст. Зеро дар китоби дарсї, ба андешаи С. Ятимов, муњим аст, ки њадафи таълиф, аз муќаддима то хулоса ба тадриљ, ќадам ба ќадам њалли худро ёбад. Муаллифи матлаби «Дар бораи як китоби дарсї» зимни тањлилу баррасии маќолањои номбурда, њамчунин, камбудию норасоињои љойдоштаро, ки дар навиштањоли олимон ба мушоњида мерасад, хотиррасон намуда, ислоњи он нуќсонро, ки хонанда (донишомўз)-ро ба инњироф мувољењ месозад, сариваќти мењисобад. Аз љумла, мавсуф дар хусуси афкори сатњию носањењи муаллифони маќолањо оид ба ањвол ва эљодиёти Абуабдуллоњ Рўдакї, Абулќосим Фирдавсї, Абуали ибни Сино, Абусаиди Абулхайр ва чанд тани дигар андешаронї намуда, нуктањои заъфи ин навиштањоро бо мисолњои мушаххас баён кардааст. Чунин афкори урёну бедалел дар мисоли он ки Рўдакї шоири миллигаро буда, мавзуи ашъори ўро нопойдорї ва бевафоии љањон, ѓанимат шумурдани фурсат, тарѓиби шодї ва шодзистї дар бар мегирад, ё сабабњои воќеии њуљуми арабњо ба Осиёи Миёна аз лињози илмї баён нашудаанд (дар маќолаи «Фирдавсї – сарояндаи њамосаи Ватан ва андешаи дунявї») ва ба таври яктарафа шарњу тафсир намудани моњияти њаракати «шуубия» ва амсоли инњо бештар ба назар мерасад. Сабаби ин њолро С. Ятимов дар он мебинад, ки дар таълифи китоби «Андешањои дунявият дар адабиёти классикии тољику форс» донишмандон – муаллифони маќолањо объект ва предмети тањќиќи илмиро мушаххас накардаанд. Аз ин сабаб, китоб на ба сифати дастури таълимї, балки њамчун љамъи маќолањои назариявїт пешнињоди хонанда гардидааст. Њамин шитобзадагї ва баёни афкори носањењ, ба андешаи С. Ятимов, дар маќолаи «Озодандешї ва дунёмадорї дар рубоиёти Абусаиди Абулхайр» низ ба назар мерасад, ки бозомўзї ва тафсири иловагиро таќозо дорад. Њамзамон, муаллиф атрофи забон ва њусни баёни маљмуа (китоби зикршуда) як силсила фикрњои худро иброз дошта, таваљљуњи олимонро ба тарзи сањењи истифода ва корбасти вожаву мафњум ва истилоњоти илмї љалб намудааст. Донишманд даќиќсанљона ба чанде аз калимањое, ки дар маќолањои китоб корбурд шудааст, эрод гирифта, мегўяд, «маънии онњо ба хонанда нофањмо мемонад». Дар маљмуъ, забон ва услуби баёни китоб, ба андешаи номбурда, ниёз ба тањрир дорад.
Дар боби «Дунявият, назария ва методологияи тањќиќ» олими пурхонда дар хусуси принсипњои таълифу тањияи китобњои дарсї, адабиёти таълимї ва васоиту дастурњои омўзишї фикри худро бо истифода аз манбаъњои илмї-фалсафї баён намуда, ба он назар аст, ки дар ин самт роњ, усул ва воситаи расидан ба њаќиќати илмї наќши муњим дорад. Ў зикр мекунад: «Ба аќидаи мо, китоби дарсї ягона маводи илмї њаст, ки љавњари дастовардњо ва донишњои соњавиро вобаста ба объект ва предмети мавзуъ аз адабиёти дастрас дар он љамъ, ба таркиби луѓавї ва мантиќи объект ва предмети мавод мувофиќ карда, пешкаши хонанда мегардонанд. Дар ин маврид, тибќи маъмул, ягон кас кўшиши даъвои рўнависиро намекунад».
Дар ин роњ бояд аз рўйи категорияњои илму хирад ва тафаккури дунявї бояд муносибат кард, то ки хонандагон ва донишљўён њаќиќати илмиро аз хурофоту таассуб тафовут намуда, ба аъмолу рафтори зишту номатлуб даст назананд. Ањамияти барљастаи маќолаи «Дар бораи як китоби дарсї» низ дар он аст, ки дар тарбияи маънавї ва рушди љањонбинию шуури љавонон наќши муассир ва бориз мегузорад.
Шодї Раљабзод,а
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр