Нашрияи Омӯзгор

СИФАТҲОИ ШАХСИИ МУРАББИЯ

Сана: 2022-04-21        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

Маќсад аз педагог, мураббия, тарбиятгар, омўзгор будан иљро намудани маљмуи дастур ва нишондињандањои педагогї, психологї ва методие мебошад, ки њамаи онњо бо кўдакон чї тавр кору рафтор карданро меомўзанд. Мањорати касбї, шавќу њавас ва худшиносии мураббия дар маќсади педагогї-таълиму тарбия ва инкишоф додани шахсияти кўдакон зоњир мегардад.

Сифатњои шахсии мураббия аз рўи чунин хислатњои ў муайян карда мешаванд:

- маќсади педагогї;

- одоби педагогї;

- мањорати педагогї;

- њушёрии педагогї;

- фарњанги муоширати педагогї.

Маќсад аз педагог будан омўхтани муносибати шосита бо одамон, бо ањли љамъият, дарки дурусти табиат ва њодисаю воќеањои атроф мебошад. Љавхари асосии фаъолияти омўзгорро дўст доштани кўдакон ва мењру муњаббат ба онњо ташкил медињад.

Асоси фаъолияти таълимию тарбиявии мураббияро ѓамхорї нисабт ба насли наврас ифода мекунад. Мураббия зан, модар, тарбиятдињандаи насли наврас аст. Њар як фард, хоњ хурд бошаду хоњ бузург, талабот ба дўстдорию мењрубонї дорад. Кўдаконе, ки дар муассисањои томактабии гуногун фаро гирифта шудаанд, мењру навозиш ва дўстдории модаронро дар симою амали мураббия дидан мехоњанд. Ќонеъ гардонидани талаботу хоњиши маънавии кўдак бояд маќсад ва вазифаи асосии мураббия бошад.

Бинобар ин, аз ў талаб карда мешавад, ки “худро ба мавќеи кўдак гузорад” (Н.К.Крупская) ва олами ботинии тарбиягирандаи   худро хуб донад.

Мураббия будан дар кўдакистонњо иљро намудани уњдадорињоеро талаб менамояд, ки онњо барои таълиму тарбияи кўдакон њамаи шароитро муайян менамоянд. Муњофизат кардани њаёту саломатї ва тансињатии кўдакон, ташкил намудани барномањои тањсилотии алтернативї, иштирок кардан дар баланд бардоштани фарњанги педагогии волидон, худомўзї ва такмил додани донишу   мањоратњои касбї ва иштирок дар чорабинињои методї, илмї ва тадќиќотї дар фаъолияти мураббї ањамият ва мавќеи махсус дорад.

Мураббия бояд бо одоби педагогии худ аз намояндагони касбу њунари дигар фарќ намояд.

Одоби мураббия, пеш аз њама, риоя намудани меъёрњои ахлоќї њангоми муошират бо кўдак, волидон, њамкасбон ва одамони гирду атроф аст, ки асоси онро њурмату эњтиром ташкил медињад. Эњтиром кардани шахсияти кўдаку волидон зинатбахши одобу рафтори њамидаи мураббия мебошад. Дар муайян намудани мањорати педагогии мурабия ба назар гирифтани тамоми амалу њаракатњои ў њатмист.

Дараљаи фаъолияти мураббия дар мањорати муошират карда тавонистан, мањорати   ташкилотчигї, мањорати иљтимоии ў, ки он дар хондани шеър, расмкашї, сохтани бозичањо, раќс кардан, суруд хондан ва ѓайра ифода мегардад, инъикос меёбад. Соњиби мањорати иљтимої будан ба мураббия имкон медињад, ки худро чун шахси эљодкору ќобилиятнок нишон дињад ва сазовори эњтироми атрофиён бошад.

Аз ин рў, зимни муайян намудани љойгоњ ва наќши маводи дидактикї методу усулњои тарбия, шаклњои ташкили таълим дар њошияи иљрои талаботи психологию педагогї дар раванди тарбия ба масъалаи муњим табдил меёбанд.

Тарбия аз хона ва баътар аз боѓча ва таълимгоњњо сарчашма мегирад. Мураббия њама ваќт сабабњои бурду бохти худро бояд тањлил намояд ва барои бартарафсозии камбудињою норасоињои касбии худ кўшиш намояд. Муайян созад, ки маќсаду вазифањои дар пеш гузоштааш то чї андоза иљро мешаванд. Њушёрию   зиракии педагогї дар он ифода меёбад, ки њолати рўњии кўдак пайваста зери назорат бошад. Нисбат ба њар амали кўдак некбин бояд буд.

Мо дар коллељи омўзгорї барои баланд бардоштани маърифати донишљўён, ки ќисмате аз онњо мураббиёни ояндаанд наќшаю чорабинихои фарогир тањия намуда, мунтазам дар ин самт корњои тарбиявї баргузор менамоем. Аз тарафи омўзгорони кафедраи педагогика ва психология мунтазам дарси кушод, семинар ва мањфилњо вобаста ба мањорати педагогии мураббияњо ташкил карда мешаванд. Дар ин мавзуъ силсилаи маќолањои кормандони мо ба чоп мерасанд.

Он омиле, ки донишљўёнро ињота карда, ба инкишофи онњо таъсир мерасонад, муњити таълиму тарбия ва ё омўзиш мебошад.  Муњити таълиму тарбия барои муносибат ба бањогузории донишљўён (њимояи корњои курсї, њимояи рисолаи хатм, худбањодињию, якдигарбањодињї…) ањамияти махсус дорад. Ба ифодаи дигар, ба таркиби муњити таълиму тарбия љобаљо гузории љињози синф меъёрњои бењдошти муносибати омўзгор ба маводи таълиму тарбия дохил мешавад.

Гулбањор Рањимова,

                                                   омўзгори педагогика ва психологияи

                                                                        коллељи омўзгории

шањри Душанбе

ба номи Х.Махсумова

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш