Омўзгорї касби пуршарафу пурмасъулият аст ва њар нафаре, ки ин пешаро интихоб мекунад, масъулияти бузурги тарбияи насли ояндасози миллатро ба дўш мегирад. Дар љомеа омўзгорону устодоне њастанд, ки умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд ва имрўз низ њамчун фидоии маориф дар тарбияю ба камол расонидани насли љавони омўзгорон сањми арзишманд мегузоранд. Яке аз њамин гуна устодони фидої, ки њастияшро ба таълиму тарбияи насли нарвас бахшидаааст, Ѓанї Сафаров мебошад. Ў соли 1959 мактаби интернати давлатии Кангурти ноњияи Данѓараро хатм намуда, ба омўзишгоњи касбї-техникии №24-и шањри Вањдат дохил шуда, соли 1961 онро бо ихтисоси муњандиси автомобил ва мошинњои хољагии халќ хатм намудааст.
Дар соли тањсили 1961-1962 њамчун муаллими асосњои истењсолоти мактаби тањсилоти миёнаи умумии №6 дар дењаи Кангурт кор карда, солњои 1962-1967 дар факултети география-табиатшиносии шуъбаи химия ва биологияи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С.Айнї тањсил намудааст. Мавсуф дар давраи донишљўї ба омўзиши химия раѓбати зиёд дошт ва пайваста ба дарсњо бо таёриву омодагии љиддї меомад. Њамин буд, ки њанўз дар овони донишљўї узви љамъияти химикони ба номи Менделееви Академияи илмњо буд. Инчунин, раиси љамъиятии илмии донишљўёни факултет, роњбари мањфили химия буда, дар корњои илмии донишљўї дар мавзуъњои «Наќши полимерњо ва ањамияти онњо дар хољагии халќ», «Љайра» ва «Паразитњои мурѓ» кори илмї анљом додааст.
Аз соли 1967 то соли 1977 дар вазифаи муаллими химия ва биологияи мактаби №8-и љамоати Кангурти ноњияи Темурмалик кор карда, дар ин ин давра њамчун омўзгори соњибфазилату донишманд тавонист шавќу раѓбати хонанадагонро ба омўзиш бештар намояд. Инчунин, дар вазифаи директори муассисањои тањсилоти миёнаи умумии №6, №12, №39 ва №1-и ноњияи Темурмалик фаъолият кардааст. Соли 1971 вакили анљумани 2-юми химикони ИЉШС дар шањри Москва буд.
Солњои 1980-1986 иљрои вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноњияи Темурмаликро ба уњда дошт. Дар ин давра шуъбаи маорифи ноњия 3 маротиба ѓолиби мусобиќаи сотсиалистии собиќ вилояти Кўлоб гардида, бо 3 мошини сабукрав, ифтихорномањо ва Байраќи сурхи сайёр мукофотонида шудааст.
Ѓ. Сафарзодоа њоло раиси Шўрои собиќадорони љангу мењнати ноњияи Темурмалик буда, дар корњои љамъиятї фаъолона ширкат меварзад.
Мавсуф барои фаъолияти густурда дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушду пешрафти ноњия бо нишонњои «Аълочии маорифи ИЉШС», «Аълочии маорифи халќи Тољикистон», бо медалњои «Ветерани мењнат», «70-75-солагии Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї, 1941-1945», «100-солагии Инќилоби Октябр», «10-солагии Артиши миллї», бо ифтихорномаи фахрии маорифи халќи Љумњурии Тољикистон, ду ифтихорномаи Академияи илмњои Сибири ИЉШС ва ѓайра ќадрдонї шудааст.
Ба собиќадори маориф, омўзгори фидої ва инсони шарифу матинирода Ѓанї Сафарзода тани сињат ва саодати бардавом таманно дорем.
Н. ОХУНЗОДА, «Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр