Нашрияи Омӯзгор

​​​​​​​ЗАБОНРО АЗИЗ ШУМОРЕМ

Сана: 2022-04-21        Дида шуд: 72        Шарҳ: 0

Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар њамаи Паёмњои   навбатї ва дигар сухаронињояшон њамчун тарѓибгари забони ноби тољикї њарфњои пурмазмуни шево мегўянд.

Зеро забони тољикї забони зебо, хушоњанг, шево, рангин, гўшнавоз, ширин, таъсирбахш, гуворо, њаловатбахш, нурполо, поку мавзун буда, он њамеша дар инкишоф аст. Забони худро њар рўз наомўзем, аз замона аќиб хоњем монд. Њарчанд гуфтаанд: “Навиштан зи гуфтан муњимтар шинос”, агар гуфторамонро ба навиштанњоямон наздик гардонем, боз бењтар аст. Бояд ифтихор кунем, ки ќавму халќњои дигар ба фарзандонашон номњои тољикї мегузоранд: Шоњрух, Љањонгир, Шањзод, Комрон, Дилнавоз, Зебо...

Воќеан, перомуни номгузорї ибрози назар мекунем, зеро “Њар як номи тољикї нишонае аз симои миллї ба шумор меравад ва сарфи назар кардан аз он, пеш аз њама, беэњтиромї нисбат ба забони модар ва давлати худ, ба таъриху фарњанги миллї ва дар маљмўъ ба миллату Ватан мебошад” (Эмомалї Рањмон). Рўзњои охир номњои Шањноза, Гулноза, Нигора, Анора, Гулнора, Дилдора ва ѓайра зиёд шудаанд, ки хатову ѓалатанд. Албатта, соњиби номњо айбдор нестанд, балки падару модар ва касони роњнамои онњо ё худ идоранишиноне, ки сабти ном мекунанд, гунањгоранд. Масалан, номи духтар бояд Дилноз бошад, на ин ки Дилноза. Касоне номи ѓалат мегузоранд, ки аз њусну малоњат ва фасоњату назокату латофати забони тољикї бањравар нестанд, маънии номро сарфањм намераванд. Маънии калимаи “дил” ќалб аст, “ноз” бошад, карашма, истиѓно, адо, ишваро ифода мекунад ва ягон тољик “ноз”-ро “ноза” намегўяд ва “ноз” ба љинси латиф тааллуќ дорад. Мегўянд, ки пасванда “а” номро зебо мегардонад, баръакс, расво мекунад. Дар луѓат вожаи безеби “ноза” вуљуд надорад, балки калимаи зебои соф тољикии “нозанин” вуљуд дорад, ки ба духтарон ин номро мегузоранд. Аз калимаи тољикии ноз чандин исми дигар сохтан мумкин аст: нозбў, нозгул, танноз, нозанда, нозук, нозукадо, нозукандом, нозукбадан, фарањноз ва ѓайра. Номњои Нигор, Рухсор, Шањноз, Гулноз, Райњон, Анор, Гулнор, Сарвиноз, Наргис, Дилдор, Дилбар, Садбарг, Марљон, Муяссар, Парвин, Муаттар ва ѓайра номњои духтаронаанд ва набояд пасванди “а” ќабул кунанд. Пуштибони забонамон Пешвои миллат гуфтаанд: “Номњо чењраи воќеї ва таърихи гузаштаи њар ќавму миллат мебошанд”.

Номи зебову шевову гўшнавоз њусни забони моро дањчанд меафзояд. Умуман, номи гулњо ва растанињои хушбўю хушрўй ба духтарон гузошта мешавад: садбарг, райњон, бунафш, анор, наргис, марљон... Воќеан, гули наргисро њама медонад, ки сафед ё зарди хушбўй буда, дар аввали бањор мешукуфаду ба дилњо сурур меоварад ва шоирон онро ба чашм ташбењ медињанду њамчун истиора дар шеърашон истифода мебаранд (наргиси маст). Њамин гули зебо дар навишту дар гуфтугў ва номгузорї ба “Наргиза” мубаддал гаштааст, ки бисёр айбу шармовар аст. Ба монанди ин, номи безеби “Дилфуза” зиёд шудааст, ки бисёр гўшхарош аст. Калимаи тољикии “дил” маълум аст, пас, “фуза” чї маъно дошта бошад? Номњои бисёр зебои Дилафрўз, Дилноз, Дилбар, Дилдор, Дилкаш, Дилбоз, Дилангез, Дилнавоз, Дилнишин, Дилнозук, Дилоро, Дилором, Дилписанд, Дилошўб, Дилпазир, Дилрабо, Дилчасп ва садњо чунин номи зебо истода, њар хел номњои бемаъниро интихоб набояд кунем. Боре шунидам, ки номи соф тољикии “Комрон”-ро “Камрон” талаффуз мекунанд. Комрон маънои хушбахтї ва бахтиёриро дорад, ба коми навзод ангушти асалдорро мемоланд, то ки њаёташ ширин шавад. Камрон бошад, баръакси он, бадбахтї ва камбаѓалиро ифода мекунад. Тољикон мурѓи афсонавиро Њумо мегўянд ва аз ин вожа номи Њумоюн пайдо шудааст, ки хушбахтиро ифода мекунад ва ин ном Хумо ё Хумоюн талаффуз ва навишта шавад, безебу расво мешавад. Дар “Ќоидањои имлои забони тољикї” (30.06.2021) омадааст: “Љинсияти грамматикии калимањои иќтибосї дар имлои забони тољикї корбурд намешаванд: муњтарам, раис, шоир, адиб, муаллим, котиб, магистрант, аспирант ва ѓайра”. Дар забони тољикї на њамаваќт пасванди “а” љинсиятро ифода мекунад. Маънои калимањои тољикиро нафањмида, номгузорї мекунем, вале аз мазмуни номњои арабї њам батамом бехабарем. Масалан, номи Муњаммадро Мањмад мегўем ё ба фарзандамон Нурмат ва Мадёр ном мегузорем, ки тањќири номњои аслиянд. Ба ин монанд, Назрулло Нарзулло шудаасту Назрибибї Нарзибибї ва Маѓфират-Махфират. Номи Руќия маънои љодугар ва Роњила бошад, њайвони баркашро ифода мекардааст. Дугоникњоро “бо номашон таваллуд шудаанд” гўён номгузорї мекунем, аз ин рў, Њасану Њусейн, Фотимаву Зуњро чунон бисёр шудааст, ки њисобашон гум. Њол он ки Њасану Њусейн дугоник набуданду бо номи Фотимаву Зуњро  дугоник таваллуд нашуда буд. Фотима сафед буд, бинобар ин, ўро Фотимаи Зањро ном гузоштанд.

Ном инъикосгари забони ноби мост ва мо вазифадорем, ки аз рўйи ин њидоятњои њомии забон - Сарвари давлатамон амал намоем: “Њар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарњанги миллати хеш бошад. Он гоњ мо метавонем дар тарбияи наслњо дар рўњи муњаббат ба Модар, Ватан ва забони миллї, ки аз муќаддасоти олї эътироф гардидаанд, муваффаќ шавем.” Яъне ба фарзанд номе гузорем, ки маънии хубро ифода кунаду фардо кўдак дар назди њамсолон дар хиљолат намонад. Баъзе номњо ба тољикї монанданд, вале дар асл маънї надоранд ё худ маънии манфї доранд. Масалан, номи Биморак чї гуна маъниро ифода мекунад? Наход одам номи морро (хазандаро) ба фарзанд монад? Дар асл ин ном Бибимуборак будагист? Одам боѓ намешавад, балки Боѓбон, Боѓдор, Гулбоѓ, Боѓї, Боѓигул ва ѓайра. Ба ин монанд Фирдавс ё Љаннат  ва ё Холиќ номгузорї кардан низ хушоянд нест, балки Фирдавсї, Љаннатї ё худ Љаннатбибї, Абдухолиќ ва ё Холиќназар гузорем, бењтар мебуд. Пеш аз он ки номи ба мардумамон бегонаро мегузорем, аввал ба маънии он мебоист сарфањм равем. Ба гуфти тарѓибгари забони миллатамон: “Аммо ин тамоюл набояд сабаби ба забони шевои тољикї роњ ёфтани унсурњои нозарури бегона гардад. Аз ин рў, мо дар оянда низ дар самти њифзу гиромидошт, тозагии забони давлатї ва рушди њамаљонибаи он њамаи иќдомоти заруриро амалї хоњем кард”.  

Агар мо миллату давлатро дўст дорем, мебояд забони он миллату давлатро низ эњтиром кунем, зеро “Забон омили асосии рушди миллат аст ва миллату давлату забон пуштибони њамдигаранд” (Эмомалї Рањмон).     Дар забонамон лак андар лак номњои хушоянду гўшнавозу форам мављуданд. Бояд эњтиёт бошему дар номгузорї иштибоњ накунем, то фардо нигарон нашавем. Номи ѓалат њусни забонамонро мекоњонад, бинобар ин зарур аст, ки гуфтањои Сарвари давлатамонро њамчун шиори њаррўза ба худ ќабул кунем: “Забони рўзномањо, сухани ровиён, гўяндагони радио ва телевизион, ањли ќалам бояд шевою гуворо ва аз иштибоњоти забонї орї бошад”.

Њакималї Назаралиев,

омўзгори МТМУ № 17-и

шањри Њисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш