Нашрияи Омӯзгор

ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲО ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

Сана: 2022-04-21        Дида шуд: 71        Шарҳ: 0

Аз 15 то 17 апрели соли љорї дар Мактаби байналмилалии Президентї дар шањри Душанбе даври љумњуриявии олимпиадањои фаннї аз фанњои љамъиятї-гуманитарї ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотї ба номи Ал-Хоразмї барои хонандагони синфи 11-и муассисањои тањсилоти миёнаи умумї баргузор гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Љамшед Љўразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори ММТ назди Президенти Љумњурии Тољикистон Савзалї Љаъфарзода, директори Маркази љумњуриявии дарёфт ва рушди истеъдодњо Тољинисо Мањмадова, намояндагони раёсату шуъбањои маориф, омўзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.  

Нахуст Љ. Љўразода муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронии хеш иброз дошт, ки яке аз њадафњое, ки Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон пеш гирифтааст, тањким бахшидан ба вусъати њаракати олимпї, дарёфт ва рушди хонандагони боистеъдод мебошад. Имрўз иќтисодиёти муосир њарчи зиёд ба мутахассисоне, ки дониши амиќ ва ќобилияти навоварї доранд, эњтиёљ дорад. Аз ин сабаб, яке аз вазифаи афзалиятноки давлат дар соњаи маориф таъсиси низоми муассири тањсилот, муњайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирї ва рушди хонандагони боистеъдод мебошад.

- Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бањри рушди њаракатњои олимпї дар љумњурї теъдоди олимпиадањои фаннии љумњуриявиро нисбат ба солњои ќаблї зиёд намуда, барои зинањои 2 ва 3-юми тањсилот шумораи онро аз рўи њамаи фанњои таълимї (номї, даставї ва лоињавию ихтироъкорї) ба 24 адад расонид. Дар олимпиада 818 нафар хонанда, аз љумла, аз мактабњои тањсилоти умумї 567 хонанда ва аз мактабњои типи нав (мактабњои Президентї, литсей ва гимназия) 251 хонанда иштирок менамоянд,- ќайд кард муовини якуми вазири маориф ва илм.

С. Љаъфарзода - директори ММТ назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар баромади худ зикр намуд, ки манзалати ин олимпиада хеле баланд аст, зеро он даври нињоии ин маъракаи илмию таълимї буда, барои то ин зина расидан хонандагон дар се марњалаи аввалаи он комёб шудаанд. 

Сипас, вобаста ба суолњои иштирокчиён директори Маркази љумњуриявии дарёфт ва рушди истеъдодњо Тољинисо Мањмадова хонандагонро бо шартњо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд. 

18-уми апрели соли љорї дар Кохи “Суруш” маросими љоизасупорї ба ѓолибони даври љумњуриявии олимпиадањои фаннї аз фанњои љамъиятї-гуманитарї ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотї ба номи Ал-Хоразмї барои хонандагони синфи 11-и муассисањои тањсилоти миёнаи умумї доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Рањим Саидзода,  муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори ММТ назди Президенти Љумњурии Тољикистон Савзалї Љаъфарзода, директори Маркази љумњуриявии дарёфт ва рушди истеъдодњо Тољинисо Мањмадова, сардори Сарраёсати маорифи шањри Душанбе Бањром Исмоилзода, намояндагони раёсату шуъбањои маориф, омўзгорон ва хонандагон иштирок намуданд.

Дар оѓози чорабинї Р. Саидзода-вазири маориф ва илм иброз дошт, ки таълиму тарбияи насли љавони боистеъдод яке аз њадафњои асосии давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон ба шумор рафта, масъалаи дарёфт ва рушди истеъдодњо њамчун самти афзалиятноки соњаи маориф эътироф шудааст. Бо маќсади дарёфт, дастгирї, рушди хонандагони боистеъдод ва фароњам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявї љавобгў ба талаботи таълимї ва амалї намудани ќобилиятњои эљодии истеъдодњоБарномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодњо барои солњои 2021-2025 аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон (бо ќарори ЊЉТ аз 03.04.2021, №113) ќабул гардид, ки он дар самти ташаккули њаракати олимпї, дарёфт ва рушди истеъдодњо наќши муњим мегузорад.

Ташкили шароити мусоид имкон дод, ки  хонандагони тољик дар дилхоњ озмуну олимпиадањои байналмилалї иштирок намуда,  љойњои намоёнро сазовор гардида, Парчами Љумњурии Тољикистонро дар арсаи байналмилалї баланд бардоранд,-ќайд кард вазири маориф ва илм.

Рўзњои 14-17-уми апрели соли равон дар Мактаби байналмилалии Президентї дар шањри Душанбе даври љумњуриявии олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тољик ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї, аз фанни њуќуќ ба номи Куруши Кабир, аз фанни таърих ба номи Бобољон Ѓафуров, аз  фанни забони русї ба номи Александр Пушкин, аз фанни забони англисї ба номи Уилям Шекспир, аз  фанни забони давлатї, аз  фанни забон ва адабиёти рус ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотї ба номи Ал-Хоразмї  барои синфњои 11 дар њамкорї бо ММТ назди Президенти Љумњурии Тољикистон баргузор гардиданд, ки дар он 778 нафар хонанда, аз љумла, аз мактабњои тањсилоти умумї 428 ва аз мактабњои типи нав (мактабњои Президентї, литсей ва гимназияњо) 350 хонанда иштирок намуданд.

Натиљаи олимпиада нишон дод, ки аз 778 иштирокчии олимпиадањои фаннї 296 хонанда соњиби љойњои ифтихорї (45 медали тилло, 86 медали нуќра, 165 медали биринљї) гардиданд.

Дар љамъбасти олимпиадањо аз фанњои љамъиятї-гуманитарї ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотї ба номи Ал-Хоразмї хонандагони шањри Душанбе сазовори 116 љойи ифтихорї (23 љойи якум, 26 љойи дуюм, 67 љойи сеюм)  маќоми якум, вилояти Суѓд сазовори 75 љойи ифтихорї (8 љойи якум, 23 љойи дуюм, 44 љойи сеюм) маќоми дуюм, вилояти Хатлон сазовори 67 љойи ифтихорї (9 љойи якум, 26 љойи дуюм, 32 љойи сеюм) маќоми сеюм гардида, шањру ноњияњои тобеи љумњурї сазовори 22 љойи ифтихорї (3 љойи якум, 5 љойи дуюм, 14 љойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон сазовори 16 љойи ифтихорї  (2 љойи якум, 6 љойи дуюм, 8 љойи сеюм) гардиданд.

Ба ѓолибон медалњо, “Ифтихорнома”-њои Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва туњфањои хотиравї таќдим карда шуд. Њамчунин, омўзгороне, ки дар њаракати олимпї ва омода кардани хонандагон ба ин олимпиадањо сањм доштанд, бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ќадрдонї шуданд.

Тањлилњо нишон медињад, ки ѓолибияти хонандагони мактабњои тањсилоти умумї нисбат ба хонандагони мактабњои типи нав (мактабњои Президентї, литсей ва гимназияњо) зиёд мебошад, зеро (МТУ 261 љой ( 37 љойи якум, 75 љойи дуюм, 149 љойи сеюм) ва муассисањои типи  нав  227 љой (36 љойи якум, 63  љойи дуюм, 128 љойи сеюм)-ро ишѓол карданд.

Ба хонандагоне, ки дар даври љумњуриявии олимпиадањои фаннї ѓолиб меоянд, барои љойи якум 100 хол, барои љойи дуюм 75 хол ва барои љойи сеюм 50 хол муќаррар гардидааст, ки  њангоми дохилшавї ба муассисањои тањсилоти миёна ва  олии касбии љумњурї тавассути ММТ назди Президенти Љумњурии Тољикистон ба холњои бадастовардаи онњо  илова мегардад.

 

БАХТОВАР САФАРОВ,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш