Ҳар боре китоби хотираҳои кӯдакиро варақ мезанам, сипос ба онҳое мегӯям, ки замоне дастамро гирифта, монанди падар насиҳатам карданд, то ба сӯйи ҷаҳони орзуҳо қадамҳои устувор ниҳода, зина ба зина ба ҳадафҳоям наздик шавам. Вақте понздаҳсола будам, ҳамроҳи ҳамсинфон ва дӯстони мактабиям таҳти роҳбарии яке аз чунин устодон - Дӯстмурод Ҷамолов ба олимпиадае, ки дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид, ширкат намудем.
Бори аввал ҳамон сол хонандагони мактаби мо (мактаби №49-и деҳаи Дашти Қозӣ) дар олимпиада иштирок намуда буданд. Аз ин рӯ, ҳамаи ҳамсабақону маро ваҳм фаро гирифта буд. Мо тасаввур ҳам намекардем, ки миёни ин қадар хонандагони мактабу гимназия ва литсейи шаҳр комёб мегардем. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос устод Дӯстмурод Ҷамолов, ба гуфте, қуввати дили мо – шогирдонаш буд ва такрор ба такрор мегуфт: «Ман ба фарзандонам эътимод дорам ва умедворам, ки ин имтиҳонро ҳам сарбаландона мегузаранд. Шумо муваффақ хоҳед шуд, шогирдони азиз!»
Дигарҳоро намедонам, вале ман ҳар боре ки ба чеҳраи устод назар мекардам, суханҳояш ба гӯшам ба такрор садо дода, водор мекард, ки комёб гардам. Санҷишро гузаштем, аммо он рӯз бо сабаби зиёд будани дов-талабон масъулин натавонистанд, ки холҳои бадастовардаи моро ҷамъбаст кунанд.
Устод моро ба хонаи як дӯсташ бурд, то шаберо он ҷо ба субҳ расонем. Қарибиҳои субҳ ҳаво хеле сард шуд ва эҳсос намудам, ки устод Д. Ҷамолов бо як муҳаббати падарона кӯрпаи худро ба болои мо партофт. Ҳеҷ гоҳ он шаби торику хотирмони фасли дайро фаромӯш нахоҳам кард, ки хонаи сарди моро меҳри беандозаи устод гарм кард.
Зулмоти шаб ҳам ба поён расид, мо дубора бо як ҷаҳон умед ба маконе рафтем, ки он ҷо натиҷаи олимпиадаро эълон мекарданд. Ба гумонам, он замон устод аз мо зиёдтар ҳаяҷон дошту бесаброна интизорӣ мекашид. Ба назди ӯ рафта пурсидам, ки барои чӣ дар саҳни таълимгоҳ тез-тез қадам мезанеду ҳолатон мисли дирӯза нест. Дар ҷавоб бо лабханди ҳамешагӣ гуфт: «Ҳолати имрӯзаи маро шояд пас аз солҳо дарк намоӣ… Пас аз соате натиҷаи меҳнати мо – омӯзгоронро шумо нишон медиҳед.»
Ҳангоме ки бо устод саргарми суҳбат будам, яке аз ҳамсинфонам омада гуфт, ки натиҷаи озмун аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик муайян гардид, ту сазовори ҷойи аввал шудӣ. Аз хурсандии зиёд ашк дар чашмонам ҳалқа зад ва натавонистам ҳарфҳои қалбамро ба устод гӯям…
Он рӯз як соат бо устод Дӯстмурод Ҷамолов суҳбат намуда, аз меҳри бекаронааш, муҳаббати падаронааш ва садоқатмандиаш бештар огаҳ шудам ва дарёфтам, ки бо тамоми ҳастӣ дилбохтаи пешаи интихобкардааш аст. Вақте ин мисраъҳоро рӯйи варақ меовардам, суханони тиллоии бузургмарде ба хотирам расид, ки гуфтааст: «Муаллимӣ касб нест, ишқ аст. Агар чун касб қабул кардӣ раҳо кун, в-агар чун ишқ, муборакат бод!» Устод Дӯстмурод Ҷамолов низ ин пешаро чун ишқ интихоб карда, ҷавонии хешро ба дасти таърих супоридааст, то мо - шогирдонаш дар ин пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ “ман”-и худро пайдо намоем. Бо доштани чунин устоде ҳамеша ифтихор дораму то зиндагист, ҳар каломашро раҳнамои худ медонам.
Доро СУҲРОБӢ,
рӯзноманигор
То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд
Муаллима Шаҳло Ғуломова соли 24-ум аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Рӯдакӣ ба наврасон аз фанни технология (таълими меҳнат) дарс медиҳад ва ба шогирдон касбу ҳунар меомӯзонад.
Ӯро ҳамагон ҳамчун муаллимаи соҳибистеъдоду соҳибҳунар ва некухислат мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ба қадри вақт мерасад ва мекӯшад, ки ҳамарӯз тозакорие, сухану амали наве дар кори таълиму тарбия дошта бошад.
Ҳуҷраи дарсии муаллима ороставу пурҷиҳоз буда, вай ба таври хеле муассиру фарогир тарғиби ҳунар мекунаду насли наврасро ба ҳунаромӯзӣ даъват менамояд. Сӯзаниву зардӯзиҳои аҷиб, лӯхтакҳои рангоранг, гулҳои коғазӣ, намунаҳои осори бофандагӣ як гӯшаи ҳуҷра, ашёи пухту паз бошад, гӯшаи дигари онро оро медиҳанд. Дар гӯшаи дигари дарсгоҳ китобҳо дар бораи ҳунаромӯзӣ, реферату рисолаҳо ва буридаҳои мақолаҳо аз рӯзномаву маҷаллаҳо ҷой дода шудаанд.
Дар дарсгоҳ асбобу анҷоми рӯзгордорию техникӣ ҷиҳати омӯзиши ҳунарҳои пазандагию бофандагӣ мавҷуданд. Дар ин дарсгоҳ шогирдон ҳамеша худро дар олами рангину ҳикматбори касбу ҳунарҳо эҳсос менамоянд.
Муаллима Шаҳло Ғуломова аз он масруру ифтихорманд аст, ки шогирдонаш, духтаракони ҳунарманду боғайрат ба касбу ҳунаромӯзӣ эҳтироми хоса доранд ва аллакай ҳама кадбоную дӯзандаи болаёқат шудаанд ва ба ибораи маъмул «панҷ панҷаи онҳо ҳунар» аст. Онҳо на танҳо дар озмуну сабқатҳои мактабу ноҳия, балки дар мусобиқаву намоишҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дар сафи беҳтаринҳо ҷой мегиранд.
Ӯ боз ҳам чанд лаҳзаи аввалро ба тавсифи ҳунару тарғиби ҳунаромӯзӣ мебахшад ва суханрониро бо байте пурҳикмат ҳусни оғоз мебахшад:
То фазлу ҳунар оинапардоз
нашуд,
З-иқбол даре ба рӯи кас боз
нашуд.
Бо тақозои замони муосир ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорони муас-сисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ таъсис додани шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар кабинетҳои таълимӣ, васеъ истифода бурдани воситаҳои техникаи таълим дар дарсҳои технология (таълими меҳнат), технологияи иттилоотӣ, видеопроектор, тахтаи электронӣ ва ғайра зарур аст. ҳамчунин, гузаронидани семинар - тренингҳо, конфронсҳои илмӣ-методӣ оид ба низоми муосири таълим, аз ҷумла, усулҳои фаъол ва интерактивии таълим; такмили барномаҳои навини таълимӣ дар асоси технологияҳои муосири таълимӣ самарабахш мебошад. Истифодаи модулҳои таълимӣ дар дарсҳои технология (таълими меҳнат; васеъ кардани имкониятҳои омӯзиши шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла, навиштани кори эҷодӣ (реферат), ташкили портфолиои таълимӣ, сохтани лоиҳаҳои барномавӣ, таълимӣ, ташкили семинарҳои проблемавӣ барои шунавандагон, истифодаи китобхонаи электронӣ ва ғайраҳо муҳим мебошад.
Акобир РИОЕВ,
омӯзгори калони
кафедраи таҳсилоти
касбии ДҶТИБКСМ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр