Нашрияи Омӯзгор

Хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва синфҳои 2-11 аз 1 июн ба таътили тобистона мебароянд

Сана: 2022-04-21        Дида шуд: 67        Шарҳ: 0

Хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва толибилмони синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат аз 1 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд. Тавре муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода иброз дошт, бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2021-2022 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Мувофиқи банди 1-и фармоиши мазкур машғулияти таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 май ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, 1 июни соли 2022 ба анҷом мерасад.
Дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рўзона) аз 3 то 10 июн, синфҳои 5-8 ва 10-11-и  муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 3 то 10 июни соли 2022 гузаронида шавад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш