Нашрияи Омӯзгор

Муассисаи таълимиинав дар Понғоз

Сана: 2022-04-21        Дида шуд: 56        Шарҳ: 0

Дар доираи сафари Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба ноњияи Ашти вилояти Суѓд 16-уми апрели соли љорї бо иштироки ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои иќтисодї Неъматулло Њикматуллозода, вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Рањим Саидзода, раиси ноњияи Ашт Шуњрат Муњаммадзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суѓд Мадина Набизода, директори Маркази татбиќи лоињаи сохтмон ва муљањњазгардонии мактабњо Умеда Воњидзода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Дилшод Сафарзода, омўзгорон ва хонандагони дењаи Бободархон муассисаи тањсилоти миёнаи умумии 7 мавриди истифода ќарор дода шуд.

Сохтмони бинои таълимии мазкур аз њисоби маблаѓњои Муассисаи давлатии Маркази татбиќи лоињаи сохтмон ва муљањњазгардонии мактабњо", ки аз њисоби Фонди Саудии Рушд маблаѓгузорї гардидааст, бо маблаѓи 4 млн 200 њазор сомонї ба анљом расонида шудааст. Масоњати ќитъаи замини барои иншоот људогардида 2,23 гектарро ташкил медињад.

Бинои таълимї аз ду ошёна иборат буда, 528 љойи нишаст дар ду баст ва аз утоќи кории директор, хонаи омўзгорон ва синфхонаи компютерї иборат мебошад.

Муассисаи мазкур бо таљњизоти зарурї пурра таъмин карда шудааст. Инчунин, дар њудуди муассисаи таълимї буѓхона бо назардошти технологияи њозиразамон ва дигар иншооти ёрирасон сохта шуда, бинои муассисаи таълимї бо системаи гармидињї таъмин мебошад.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш