13- уми апрели соли љорї дар маљлисгоњи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон вохўрии намояндагони Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо намояндагони Вазорати маорифи Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он Љамшед Љўразода - муовини якуми вазири маориф ва илм, Илњом Камолзода - сардори раёсати муносибатњои байналмилалии Вазорати маориф ва илм, Бурулко Игор Евгениевич – котиби аввали сафири Федератсияи Россия дар шањри Душанбе, Статура Надежда Сергеевна – сардори раёсати робитањои байналмилалии Вазорати маорифи Федератсияи Россия, Идрис Газдиев – муовини сардори раёсати робитањои байналмилалии Вазорати маорифи Федератсияи Россия ва Александр Паркин – директори муассисаи таълимии “интердом” иштирок намуданд.
Зимни суњбат иттилоъ дода шуд, ки Созишнома байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Федератсияи Россия дар бораи њамкорињо дар соњаи фарњанг, илму техника, маориф, тандурустї, иттилоот, варзиш ва сайёњї 19 сентябри соли 1995, Созишнома дар бораи эътирофи мутаќобила баробаркунии њуљљатњо барои тањсилоти миёна (умумї), тањсилоти ибтидоии касбї ва миёнаи касбї (махсус) 15 сентябри соли 2004 ва Созишнома байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Федератсияи Россия дар бораи сохтмон ва таъминоти моддию техникии муассисањои таълимї дар шањрњои Душанбе, Кўлоб, Хуљанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълим бо забони русї мебошад, аз 17 апрели соли 2019 бо маќсади тањким ва рушди робитањои дуљониба дар соњаи маориф ба имзо расидааст.
Статура Надежда Сергеевна – сардори раёсати робитањои байналмилалии Вазорати маорифи Федератсияи Россия таъкид дошт, ки дар рафти боздид аз шањру ноњияњо маълум гардид, ки айни замон корњои оњану бетонї дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумии тањсилоташон бо забони русї дар арафаи анљомёбист ва корњо дар сатми сетњои берунии мањаллї дар њудуди ќитъањои замин дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ба роњ монда шудааст.
Дар доираи амалигардонии Созишнома байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муљањњазгардонии моддию техникии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї дар шањрњои Душанбе, Кўлоб, Хуљанд, Бохтар ва Турсунзода, ки тањсилашон бо забони русї ба роњ монда мешавад, сохтмони муассисаи таълимї барои 1224 љойи нишаст дар як баст идома дорад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр