Нашрияи Омӯзгор

Мактаби байналмилалии «Контакт»

Сана: 2022-04-21        Дида шуд: 55        Шарҳ: 0

17 апрел дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби байналмилалии “Контакт”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таҳсил дар ин бинои бошукўҳи таълимӣ шинос шуданд.
Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бародарон Исроил ва Нарзулло Улмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ  барои  800  хонанда  дар 
як баст бунёд шудааст.
Дар  мактаби  байналмилалӣ барои 50 нафар омўзгор аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷойи корӣ муҳайё гардид.
Иншоот тибқи лоиҳа сеошёна ва бинои қисми марказии он чорошёна мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати қитъаи замини мактаб наздики 1 гектар ва масоҳати зери биноҳо бошад, 9000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мактаб  дорои  40  синфхона ҳар кадоме бо 20 ҷойи нишаст ва тамоми шароити муосири таълим мебошад. Дар ошёнаҳои аз якум то чорум, ҳамчунин, 12 синфхонаи маҳфили шоҳмот, расмкашӣ, мусиқӣ, 2 кабинети информатика, химия, биология, физика, омодагии дифои ҳарбӣ, китобхона  бо  адабиёти гуногун ва китобхонаи электронӣ мавҷуд аст. Мактаби нав, ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 300 ҷойи нишаст, ошхона бо 350 ҷой, иншооти  варзишии кушодаву болопўшида ва майдончаи футбол мебошад.
Иншооти  замонавии  соҳаи маориф  дар  партави  дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, ҳадаф аз бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда аст.
President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш