Нашрияи Омӯзгор

ҚИССАИ ОН МУРҒИ ГИРИФТА, КИ ВАСИЯТ КАРД, КИ БАР ГУЗАШТА ПУШАЙМОНӢ МАХЎР, ТАДОРУКИ ВАҚТ АНДЕШ ВА РЎЗГОР МАБАР ДАР ПУШАЙМОНӢ (Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Маснавии маънавӣ)

Сана: 2022-04-21        Дида шуд: 129        Шарҳ: 0

Шахсе доме афканданду бо њила парандаеро шикор кард. Паранда, ки худро дар доми сайёд гирифтор дид, гуфт:

  • Эй мард, ту то кунун говњову гўсфандњо ва шутурони зиёде куштаву хўрдаї, ту ки аз хўрдани он њама гўшт сер нашудаї, ба яќин аз хўрдани андак гўште, ки ман дорам, низ сер нахоњї шуд. Маро рањо кун, то дар ивази ин лутфи ту се панди арзишманд ба ту дињаму саъодатманд шавї.

Нахустин пандро њангоме медињам, ки дар дасти ту гирифторам. Ва панди дувумро он гоњ медињам, ки бар боми коњгили ту бишинам ва панди сеюмро он гоњ мегўям, ки худро бар шохаи дарахт бубинам. Ин се панд туро саъодатманд хоњад кард.

Панди аввал он аст, ки њељ њарфи муњолеро аз њељ кас бовар макун:

Њил маро, то ки се пандат бардањам,

То бидонї зиракам, ё аблањам?

Аввали он панд њам дар дасти ту,

Сониаш бар боми кањгилбасти ту.

В-он севум пандат дињам ман бар дарахт,

Ки аз ин се панд гардї некбахт.

Он чї бар даст аст, ин аст он сухун,

Ки муњолеро зи кас бовар макун.

Мард барои шунидани ду панди дигар ўро озод кард ва бар сари девор нишаст. Он гоњ гуфт:

- Панди дувум он аст, ки њаргиз бар гузаштаат афсўс нахўрї:

Гуфт дигар: - Бар гузашта ѓам мах (в) ар.

Чун зи ту бизгашт, з-он њасрат мабар.

Сипас идома дод:

- Эй мард, дар бадани ман марвориди гаронбањое ба вазни дањ дирам ќарор дорад, ки агар ба он даст меёфтї, туву фарзандонатро саъодатманд мекард. Он марвориди гаронбањову беназир рўзии ту набуд ва онро аз даст додї.

Мард њамин ки ин суханро шунид, монанди зани њомила дар ваќти зоидан нолаву фиѓон баровард ва шеван оѓоз кард.

Паранда ба ў гуфт:

- Магар нагуфтам бар гузаштаат афсўс нахўр. Ва низ магар ба ту нагуфтам суханеро, ки аќлан муњол аст, њаргиз бовар накун! Эй бандаи Худо, њамаи љисми ман се дирам вазн надорад, чї гуна зумурради дањдирамї метавонад дар бадани ман бошад?

Мурѓ гуфташ: - Не насињат кардамат,

Ки мабодо бар гузашта(й) дї ѓамат?

Чун гузашту рафт, ѓам чун мех(в)арї,

Ё накардї фањм пандам, ё карї!

В-он дувум пандат бигуфтам, к-аз залол,

Њељ ту бовар макун ќавли муњол.

Ман наям худ се дирам санг, эй асад!

Дањ дирам санг андарунам чун бувад?

Мард бо шунидани ин суханон ба худ омаду ором шуд. Он гоњ рў ба парандаи њушёр карду гуфт:

- Панди севуматро бароям бигў. Паранда дар посух:

Гуфт: - Оре, хуш амал кардї бад-он,

То бигўям панди солис ройгон?

Панд гуфтан бо љањули хобнок,

Тухм афгандан бувад дар шўрахок.

Чоки њумќу љањл напзирад рафў,

Тухми њикмат кам дењаш, эй пандгў!

Саидолим Комилљон Саидмирзо,

номзади илмњои филологї, устоди Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш