Нашрияи Омӯзгор

Рисолаи судманд доир ба таърихи матбуот

Сана: 2022-04-21        Дида шуд: 62        Шарҳ: 0

Матбуот оинаи тамомнамои љомеа буда, дар њама давру замон тавонистааст дар инъикоси дастоварду пешравињо ва маърифатнок намудани омма наќши муассир гузорад. Он неруи пешбаранда ва таъсиргузор ба афкори омма мањсуб меёбад. Дар оѓоз матбуот, агар аз як тараф, тарѓибгари ѓоявию идеологияи Њукумати Шуроиро ба уњда дошта бошад, аз љониби дигар, вазифаи маърифатнокии љомеаро иљро менамуд, ки имрўз ин омилњо ањамияти бештарро касб кардаанд. Омўзиши таърихи матбуот низ аз масъалањои муњими тањќиќот дар соњаи журналистика ба њисоб меравад ва дар ин замина пажуњишњои фарогирро таќозо мекунад. Бо таъсиси Љумњурии Мухтори ШуравииТољикистон ва табдили он ба Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон матбуоти тољик ба марњилаи нав ворид гардид ва теъдоди зиёди нашрияњо таъсис ёфтанд, ки њамчун аввалин неруи таъсиррасону роњнамои мардум хидмат мекарданд. Фаъолияти корхонаву муассисањо, заводу фабрикањо, дастовардњои замони нав ва бозтоби хидмати ашхоси маъруфу шинохта дар сањифањои нашрияњои ондавра љойгоњи асосї дорад. Доир ба таърихи матбуоти тољик аз љониби донишмандони тољик И. Усмонов, Д. Давронов, Ќ. Расулиён, М. Муродї, Абдуллозода, Ш. Муллоев, А. Ќутбиддинов ва дигарон асарњои зиёде  таълиф шудаанд, ки љанбањои ѓоявию услубї ва вижагињои онњо пажуњишњои тозаро таќозо дорад. Ба њамин мазмун, китоби нави профессорон Аъзамљон Азимов, Мурод Муродї бо номи «Маълумотномаи матбуоти даврии тољик (солњо 1920 – 1930)» (Душанбе: Аржанг, 2021. – 128 с.) ба нашр расид, ки њамчун донишномаи матбуоти ин давра мањсуб меёбад. Дарвоќеъ, донистани таърихи матбуот, муайяну мушаххас кардани самтњои ѓоявию мундариљавии онњо кори сањлу осон нест. Гарчанде ба таври алоњида вобаста ба матбуоти солњои аввали Њокимияти Шўравї дар рисолаю монографияњои то ин замон таълифгардида маълумот  оварда шудааст, вале он таълифот мукаммалу фарогир намебошад. Дар баробари ин, ба таври умумї муваффаќиятњои индавраинаи матбуоти тољикро муаллифон чунин арзёбї кардаанд: «Муваффаќияти бузурги матбуоти љавони Тољикистон дар солњои сиюм, пеш аз њама, он буд, ки дастандаркорони он тавонистанд бо љалби намояндагони синфи коргару дењќон ва таблиѓи ѓояњои њизби замон онро ба минбари фаъоли мењнаткашони љумњурї табдил дињанд. Ба ин маќсад, дар назди идораи нашрияњои даврї шабакаи калони мухбирони коргару дењќон ташкил карда шуд, ки ёрдамчиии бевоситаи њизбу њукумат дар мањалњо мањсуб меёфтанд. Дар њамин марњалаи таърихї дар ќатори инкишофи рўзномањо, шумораи чопи маљаллањо низ зиёд гардид. Маљаллањо бештар дар тарбияи аќлию зењнї, сиёсї ва иљтимоии мардум мекўшиданд».

Мавриди зикр аст, ки муаллифон, инчунин, перомуни вазъи сиёсию иљтимоии замон ва ќабул ќонунњо оид ба рушди матбуоти даврї бо овардани номи пурра ва соли ќабули онњо иттилои зарурї додаанд, ки бевосита ба рушду тањаввули нашрияњои даврии он замон мусоидат менамуданд. Дар ин асар дар баробари соли таъсис ба фаъолияти минбаъдаи нашрияњо низ таваљљуњ зоњир гардида, маълумоти нисбатан муфассал доир ба рушду инкишофи матбуоти ин давра оварда шудааст. Маълум мегардад, ки дар тањияи маълумотномаи мазкур муњаќќиќон зањмати зиёд кашидаанд ва арќому далелњои зиёдро коркард кардаанд, то хонанда ба иштибоњ роњ надињад. Муаллифон нашрияњоро ба се гурўњ  радабандї намудаанд:

 Ба гурўњи аввал нашрияњои љумњуриявї  дохил карда шудаанд. Аз љумла, вобаста ба фаъолияти нашрияњои «По босмачу», «Овози тољик», «Овози Шарќ», «Иди тољик», «Рўшної», «Ќизил Тожикистон», «Советский Таджикисан», «Рањнамои мухбирон», «Саводи мењнат», «Комсомоли Тољикистон», «Пионери Тољикистон», «Барои коллективї», «Барои коллективї ва камсаводї» маълумот оварда шудааст. 

Дар ќисмати дуюм дар бораи рўзномањои вилоятї ва ноњиявию шањрї, ки теъдоди онњо дар ин давра ба 35 адад мерасад, иттилоъ дода шудааст.

Дар ќисмати сеюм перомуни таъсиси маљаллањо, аз ќабили «Мушфиќї», «Дониш ва омўзгор», «Рањбари дониш», «Љањоннамо», «Инќилоби маданї», «Адабиёти советї», «Барои адабиёти сотсиалистї», «Калтак», «Бо роњи ленинї», «Здравохранения Таджикистана», «Њуќуќшиноси шўрої», «Октябр», «Ба ёрии коркунони партиявї», «Блокноти агитатор» сухан меравад.

Воќеан, дар китоб дар хусуси пањлуњои гуногуни фаъолияти нашрияњо, њамчунин, фаъолияти аввалин муњаррирон, теъдоди нашр ва даврањои рушду инкишоф ва макони чопи онњо ба таври мушаххас маълумот пешнињод гардидааст. Дар баробари ин, хонандагон метавонанд вобаста ба мазмуну муњтаво, вазифаву теъдоди нашри онњо маълумоти даќиќ њосил кунанд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ин маълумотнома муаллифон ба таври возењ дар асоси далоили муътамад наќши њар нашрияро дар рушду такомул, бедорию худшиносии мардум ва инкишофи љомеа шарњу тавзењ бахшидаанд. Китоби мазкур метавонад, ки барои ањли ќалам ва муњаќќиќону пажуњишгарони соњаи журналистика њамчун дастур хидмат намояд.

Дар китоб бештар ба наќши таърихии нашрияњо таваљљуњ зоњир шудааст. Зарур аст, ки дар пажуњишњои минбаъда, вобаста ба махсусиятњои жанрї ва сабку услуби навиштањо тањќиќоти илмии фарогир анљом дода шавад. Аз нигоњи жанрї  муайяну машаххас намудани нашрияњо, истифодаи матнњо ва баррасии проблемањои замон дар ќолабњои жанрї метавонад сањифаи навро дар илми журналистика барои пажуњишгарон боз намояд. Зеро њанўз њам вижагањои ин нашрияњо ба таври бояду шояд мавриди омўзиш ќарор нагирифтааст. Бовар дорем, ки ин масъала аз љониби муњаќќиќону пажуњишгарон ба инобат гирифта мешавад ва  сањифањои норавшани матбуоти тољик ба таври густурда мавриди омўзишу тањќиќ ќарор мегирад.

Н. ОХУНЗОДА,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш