Нашрияи Омӯзгор

Ифтихори аҳли илму адаб

Сана: 2022-04-21        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

Бо такя ба мактабњои илмии донишмандони густарданазари тољик насли дигари адабпажуњон ба камол расиданд, ки дар ин миён чењраи донишманди покизагуфтор, офарандаи портретњои љолиби адабї ва тарљумони њунарманд Абдурањмони Абдуманнон ба таври равшан таљаллї менамояд.

Нигоњ  ба фаъолияти илмї ва адабии  Абдурањмони Абдуманнон шањодат медињад, ки муњаббат ба адабиёт ва фарњанги миллї дар дили ў аз замони наврасї ва муњити вижаи дилсўзи ба таърихи пурифтихори миллат дар Боѓистони яке аз дењањои атрофи Тошканд бо таъсири рўњи бузургворони ин мањал  ва муњити хонадонї бедор гардида,  тадриљан дар шањрњои  Душанбеву Москва ташаккулу такмил ёфтааст...

Њангоми тањсил дар курси 4-уми факултети филологияи Донишгоњи давлатии Тољикистон (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) дар љадвали дарсамон фанни «Адабиёти Шарќ» ишора шуда буд ва мо интизор будем, ки яке аз устодони факултет ин курсро тадрис мекунанд. Ному насаби  Абдурањмони Абдуманнон барои аксари  донишљўён ноошно буд.

Аз дарсњои аввал шогирдон ба фанни тадрисї ва шеваи дарсгўии Абдурањмони Абдуманнон дилбастагї пайдо карданд. Устод баъди ќисмати муќаддимотї ва назариявї  зикр намуданд, ки мардуми Эрон бо тољикон њамзабон, њамфарњанг ва љонпайванд буда, то асри XVI таъриху адаби яксон доштанд. Донишљўён баробари шеъри шоирони Тољикистон дар љараёни дарсу хобгоњ, њангоми пахтачинї  дар сањро ашъори Маликушшуаро Бањор, Фаррухии Яздї, Саид Нафисї, Шањриёр, Нодири Нодирпуру Фуруѓи Фаррухзод ва дигаронро дар иртибот ба лањзањои мувофиќ мехонданду аз пажуњиши илмии донишмандони Эрон огоњ мешуданд. Њамин замон буд, ки китоби «Амвољи Ќорун» даст ба даст мегашт. Ин бо таъсири дарси устоди мо Абдурањмони Абдуманнон буд.  Эшон аснои дарс љавонони ќобилиятнокро зери назар гирифта, барои фаъолият дар муассисањои илмї пешбарї намудаву шеваи пажуњиш омўхтаанд.

Фаъолияти омўзгории эшон дар даврањои дигар низ дар факултети филологияи ДМТ, ба вижа, ихтисоси тарљумаи бадеї идома ёфтааст.  Њамчунин, китоби «Таърихи адабиёти советии тољик, (инкишофи жанрњо), љилди 1-ро бо њаммуаллифии Холиќ Мирзозода интишор додаанд, ки то имрўз дар истифодаи донишљўёну муњаќќиќони адабиёт ќарор дорад. Яъне фаъолияти омўзгорї-устодии Абдурањмони Абдуманнон монанди фаъолият дар вазифањои мудири редаксияи таърихи Тољикистон, археология ва этнографияи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тољик, муовини диретори Институти забон ва адабиёти АМИТ, муовини аввали раиси Иттифоќи нависандагони Тољикистон, мудири шуъбаи дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тољикистон, муовини диретори МИТ «Ховар»  самаровар буда, шогирдоне тарбият кардааст, ки ба сифати идомабахши шеваи корбарии устод дар љамъият маќом пайдо кардаанд.

Абдурањмони Абдуманнон мутахассисони  забондон ва аз амали тарљума воќифро ба кор љалб намуда, намунањои арзишманди назму насри тољикиро тариќи маљаллаи вижа (алманах) ва китобњои алоњида ба хонандаи русизабон манзур менамоянд. Шуъбаи тарљума, ки устод сарварї менамояд, аз ду бахш иборат буда, баробари тарљумаи намунањои назму насри тољикї ба забонњои дигар,  бењтарин дурдонањои адабиёти Ѓарбу Шарќро ба забони тољикї баргардон намуда, манзури хонандаи тољик менамоянд.

Абдурањмони Абдуманнон дар маќолаи ба истиќболи 100-солагии Носирљон Маъсумї навиштааш «Шарофати бузург», ки саршори мењр ба устодон Мирзо Турсунзодаву Носирљон Маъсумї ва арљгузорї ба зањмати барои рушди фарњанги миллї кашидаи онњо мебошад, бо зикри далелњои љолиб иртибот пайдо кардани худро ба амали тарљумонї  бозгў намудааст. Суњбати дар маќола зикрёфта дар мењмонхонаи «Москва» баъди аз сафари Индонезия баргаштани устод Мирзо Турсунзода ба вуќуъ пайвастааст ва аз муњтавои он маълум мегардад, ки эшон аз вазъияти мураккаби дар тарљумаи тањтуллафзи шеъри классикї ба миён омада парешонї доштаанд.

Дар аснои суњбат Мирзо Турсунзода ба Абдурањмон Абдуманонни он замон аспирант ва муњаќќиќи навкор, ки  мавзуи «Анъанаи ќасида дар эљодиёти Мликушшуаро Бањор»-ро мавриди пажуњиш ќарор додааст,  рўй оварда, маќсадро чунин матрањ кардаанд: «Носирљон Асадович мегўянд, ки шумо забони русиро хуб медонед, шеърфањмиатонро  низ таъриф карданд. Мутаассифона, дар мо чунин шудааст, ки русидонњо шеърро дуруст намефањманд, онњое, ки шеъри тољикиро  хуб мефањманд, русиро хуб намедонанд. Бинобар ин, дар  тарљумаи тањтуллафзи шеъри тољикї, хусусан, шеъри классикон, як вазъияти хеле мураккаб ба миён омадааст. Ман имрўз дар Иттифоќи нависандагон будам, бо директорони нашриётњои «Художественная литература» ва «Советский писатель» суњбат доштам. Дар суњбатамон Шавкат Ниёзї њам буд. Агар шумо тарљумаи тањтуллафзии шеъри классикону шоирони муосирро ба уњда гиред, бад намешавад. Барои худатон њам аз манфиат холї нахоњад буд. То фардо фикр кунед, агар розї шавед, ба Иттифоќи нависандагон назди Шавкатљон равед, дар дасти он кас достони «Роњи нури офтоб»-и ману Рањимзода њаст. Машќи сартароширо аз сари мо шуруъ кунед (хандиданд).  Ана пешнињоди ман њамин буд…»

Абдурањмони Абдуманнон аз гунаи пажуњишгароне мањсуб меёбад, ки тавассути дониш ва диди фарох дар пажуњиши адабиёти меросї, адабиёти даврони маорифпарвариву бедорї, бозгўй ва арзишдоварии маводи матбуоти оѓози асри ХХ, тањќиќи эљодиёти поягузорони адабиёту фарњанги замони нав,  чун Садриддин Айниву Абулќосим Лоњутї, Мирсаид Миршакару Абдусалом Дењотї ва шоирони тозагўй  Ѓаффор Мирзо, Муъмин Ќаноат, Лоиќ Шералї, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Њаќназар Ѓоиб, Муњаммад Ѓоиб, Камол Насрулло, Низом Ќосим, Рањмат Назрї, Ањмадљони Рањматзод,  Фарзона, Рустам Вањњобзода, Озар, Озарахш, Давлати Рањмониён  ва дигар ќобилиятњои умедбахш ибрози назар кардааст, ки аз шеършиносї ва воќеиятбаёнии ў башорат медињад.  Ин сифати таълифоти ўро дўсти шоираш Камол Насрулло дар аввалсухани ду китоби Абдурањмони Абдуманнон «Фурўѓи чењрањо» (Душанбе: «Адиб», 2015) ва «Ламњае ба роњи рўзгор» (Душанбе:-2017) арзёбии сањењ намудааст. «Дарки шеър, дарки њунар ва суханварии Абдурањмон аз он сарчашма об мехўрад, ки ў худ эљодкор аст.

Ба ёд меояд,  боре дар суњбати мањфиле дар толори хурди Иттифоќи нависандагон њамќаламони эљодкору пажуњишгарони адабиёт ба њунари чењранигорї (портретсозї)-и Абдурањмони Абдуманнон арљ доданд, ки воќеияти бебањс аст. Ќаблан  дар ин мухтасар ба гуфта омад, ки  дар барори  фаъолияти илмии Абдурањмони Абдуманнон ду омили муњим таъсиргузор аст. Омили дуюм, ки ба чењранигории ў мусоидат намудааст, ба таъбири шоирона «камоли њамнишинї аст». Аз ин дидгоњ устод нафари хушбахт аст, зеро шуруъ аз овони љавонї њамнишинї ва њамсуњбативу мавридњое пайдо шудани риштаи дўстї бо чењрањои бузурги адабиёту фарњанги миллї монанди Бобољон Ѓафуров, Носирљон Маъсумї, Мирзо Турсунзода, Рањим Њошим, Муњаммад Осимї, Абдулѓанї Мирзоев, Раљаб Амонов, Муњаммадљон Шакурї, Расул Њодизода, Абдуќодир Маниёзов, Хуршеда Отахонова, Аълохон Афсањзод,  донишмандону тарљумонњои номдори рус, муњаќќиќони шинохтаи Эрону Афѓонистон ва дигар халќњои собиќ Иттињоди Шўравї насиби эшон гардидааст. Аз њамин сабаб  симои эљодї ва шахсияти инсонии фидоиёни забону адабиёт ва таърих дар таълифоти ин донишманди фарохназару накукор љолибу бадард ва пурдалел аст. Навиштањо дар бораи Пайрав Сулаймонии шањди маргро дар љавонї чашида, Ѓанї Абдуллои гирифтори туњмат, Рањим Њошими дар  ду даври мањрумї аз озодї  азияткашида, Мањмудхоља Бењбудии поягузори матбуот, ки бо амри амир дар зиндони ќаршї вањшиёна кушта шуд, бо њамин сифат таълиф шудаанд.

Абдурањмони Абдуманнон ба маќоми нависандагии  Садриддин Айнї ва маќоми шоирии Абулќосим Лоњутї бо назари вижа нигариста, бунёди фарњанги миллї ва дар пањнои ќаламрави давлати шуравию берун аз он маъруфият пайдо кардани тољиконро аз файзи маќоми эљодї ва љамъиятии ин бузургон медонад. Ў шањомати њунари эљодии устод Садриддин Айниро бо такя ба таълифоти  донишманди камназир Муњаммадљон Шакурї бозгў менамояд, ки аз њамназарии ин донишмандон метавонад башорат дињад. Абулќосим Лоњутї ва сабки ѓазалиёти ў, ки дар маќолаи «Љон дар тани шеър» дар 6 њисса мавриди пажуњиш ќарор гирифтааст, арзиши як рисолаи илмиро дорад.

Дар суњбати воќеан арзишманди Бобољон Ѓафуров бо Камол Айниву Абдурањмони Абдуманнон зикр ёфта, ки: «… њангоми яке аз сафарњоям ба Москва њамсараш ( яъне њамсари А.Лоњутї) Силсила Бону бо кадом роње телефонии љои иќомати маро пайдо карда, занг заду бо исрор хоњиш намуд, ки барояш аќалан панљ даќиќа ваќт људо бикунаму муддаояшро на телефонї, балки рў ба рў бишнавам. Ќарор шуд, ки фардо субњ, пеш аз бозгаштам ба Сталинобод, дар файеи  мењмонхона вомехўрем. Њамин тавр њам шуд, вале мулоќот на панљ, балки беш  аз понздањ  даќиќа сурат гирифт. Ман ба љуз њолпурсї чизе нагуфтам, шунаванда будам, Бону аз шавњараш шикоят мекард ва мазмуни мухтасари шикоят ин буд, ки Лоњутї гирифтори чанд беморист, ба саломатиаш ањамият намедињад, ман ин љо тани танњо аз уњдаи нигоњбини фарзандон, мактабу боѓчаи онњо намебароям, хулоса мусоидат кунед, ки ба Москва баргардад…».

Њамин ду далел-хатари космополитизм ва хоњиши асосноки Силсила Бону Бобољон Ѓафуровро водор кардааст, ки «аз ду нафари муътамад, ки бо Лоњутї ошнои хуб ва улфат» буданд, хоњиш кунад, ки масъалаи ба Москва рафтани ўро «бо назокат, бидуни ягон мољарову даѓдаѓа њал кунанд, њамин тавр њам шуд».

Дар њиссаи охири маќолаи Абдурањмони Абдуманнон суханони гилаомези Бобољон Ѓафуров зикр ёфтааст:  «касоне, ки миш-мишњоро дар бораи гўё Лоњутиро аз Тољикистон «рондани» ман пањн мекунанд, оё намедонанд, ки дар солњои роњбари љумњурї будани ман њам Театри драмавї, кўчае дар маркази пойтахт, колхозу савхозу мактабњо ба номи Лоњутї буданд. Лоњутї дар китобњои дарсї њамчун асосгузори назми советии тољик љой дошт, маљмуањо ва асарњои Лоњутї ќариб њар сол ё солдармиён дар Нашриёти давлатии Тољикистон чоп мешуданд...».

Абдурањмони Абдуманнон бо ёдоварї аз хотираи соли 1973, ки бо огањии Камол Айнї рўйи коѓаз рехтааст, хидмати бузургеро анљом дода, љињати барќарории хаќиќат ва шинохти воќеии шахсиятњои таърихї, пойдории адолати иљтимої ифтихор аз чењрањои мондагор мусоидат намудааст.

 

Муртазо
ЗАЙНИДДИНЗОДА,
устоди ДМТ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш