Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масоили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)

Сана: 2022-04-28        Дида шуд: 68        Шарҳ: 0

25-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) Алина Жумагулова баргузор гардид, ки дар он, инчунин, муовини вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода ва намояндаи агентӣ Олга Яновская иштирок намуданд.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо  гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Агентии мазкур шомили шабакаҳои гуногуни амрикоиву аврупоӣ ва осиёиву байналмилалӣ буда, дар асоси стандарти таъмини сифати аврупоӣ (ESG) ва Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ баҳогузорӣ намуда, ҳуқуқи додани сертификати мутобиқатро дорост.
Баҳогузории мустақилаи берунаи муассисаҳои таълимӣ талаботи калидии таҳсилоти муосир ба ҳисоб меравад, ки дар таъмини таҳсилоти босифати ҷавобгў ба талаботи бозори меҳнат нақши муҳим мебозад.
Агентӣ имрўз дар даҳҳо кишвари Осиёву Аврупо фаъолият дошта, муассисаҳои таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаронад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолият намуда, дар доираи қарордод бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати Агентӣ пазируфта мешавад.
Айни замон якчанд донишгоҳи Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот гардиданд. Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аввалин шуда, ба пуррагӣ ҳамаи барномаи таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, соҳиби сертификати мутобиқат ба Стандарти Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ гардидааст. Доштани сертификати мазкур далели таъмини таҳсилоти босифат буда, барои донишгоҳ имкониятҳои нав ва эътирофи байналмилалӣ доштани  онро тасдиқ менамояд.
Дар рафти суҳбат, инчунин, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки  барои  вусъат  бахшидани ҳамкориҳои  минбаъда  тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш