Нашрияи Омӯзгор

Намунаи ибрат

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Чил сол аст, ки дар соҳаи мактабу маориф фаъолият дорам. Дар Муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияи Мастчоҳ мушовир шуда, кор мекунам. Тайи ин муддат ҳис намудам, ки директори МТИ Тӯйчӣ Авезов, воқеан, мутахассиси болаёқату донишманд, дар муошират ба кормандон ҳалиму нармгуфтор, вале дар иҷрои вазифа ниҳоят сахтгиру серталаб мебошад. Худнамоӣ, ҳасудӣ, ғайбат барин хислатҳои бадро табиатан чашми дидан надорад. Вай хатмкардаи риштаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Дар фаъолияти 45-солааш ба кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ мададгору раҳнамост. Баробари ба МТИ ворид шудан омӯзгорону мушовирон худро дар олами дигаре мебинанд. Бобати ташкили бисёр амалҳои нек, аз ҷумла, оро додани Маркази таҳсилоти иловагӣ, кушодани маҳфилҳои гуногун муҳимтар аз ҳама, ба камол расонидани дӯстдорони шоҳи фанҳо саҳм гирифт. Омӯзгор ба синни 60 расида бошад ҳам, худро бардам ҳис мекунад, дар роҳи иҷрои мақсад, ба камол расонидани омӯзгорон ва иҷрои вазифаи директорӣ ҳамоно устувор мебошад. Аз номи мушовирон гуфтанием:

Танат бегазанду умрат дароз ва давлати пирӣ насибат бошад, Т. Авезов.

 

Одина Бароти МИРЗО,

мушовири МТИ, 

ноҳияи Мастчоҳ  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш