19-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии онлайнӣ байни намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Бонки Осиёи Рушд доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, сардорони раёсатҳои иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм ва муносибатҳои байналмилалии вазорат, директори бахши иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Риё Хираока, намояндаи БОР ва роҳбари лоиҳаи татбиқшаванда (STEM) Шин Лонг, намояндагони доимии БОР дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур муаррифии лоиҳаи панҷсолаи “Такмили таълими илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика дар мактабҳои миёна”(STEM) мебошад, ки солҳои 2023-2028 татбиқ мегардад.
-Соли 2020 барои тамоми ҷаҳон соли санҷишҳо гардид ва бемории COVID-19 ба мо бори дигар сабақ омўхт, то дар аз худ намудани иқтисодиёти рақамӣ, гузаронидани дарсҳои фосилавӣ, истифодаи васеъи технологияи инноватсионӣ фаъол бошем ва ин ҳадафҳо бе дастгирии молиявии Шарикони Рушд хеле вазнин аст. Чунки ҳар сол дар Тоҷикистон афзоиши аҳолӣ зиёда аз 2 %-ро ташкил намуда, шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 2 195 619 нафар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 82 адад ва шумораи донишҷуён ба 93270 нафар, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 43 адад ва шумораи донишҷӯён ба 234 524 нафар ва шумораи омўзгорон дар се зинаи таҳсилот зиёда аз 150 ҳазор нафар расидааст, ки дастрасии ҳар як хонанда ба мактаби муҷаҳҳаз бо кабинетҳои фаннӣ, компютер ва интернет бениҳоят муҳим мебошад. Хуб мешуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо лоиҳа масъалаҳои болозикр ба роҳ монда шавад, зеро таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ба рушди фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ бештар мебошад. Аз он хурсандем, ки дар самти стратегияи ҳамкории Бонки Осиёии Рушд бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 яке аз афзалиятҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ин эълон гардидани Солҳои 2020-2040-“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба корбарӣ гирифта шудааст, - зикр гардид зимни суҳбат.
Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар истифодаи васеътари усулҳои муосири таълим барои беҳтар намудани таҷрибаи таълим ва баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот, аз ҷумла, равиши илмӣ-технологӣ ва муҳандисию риёзӣ ва беҳтар намудани сифати инфрасохтори мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳкими низоми идоракунӣ дар системаи маориф ва илм мусоидат мекунад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр