Нашрияи Омӯзгор

Рушд ва дурнамои илм дар мактабҳои олӣ

Сана: 2022-04-28        Дида шуд: 63        Шарҳ: 0

21- уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, ректорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.

Сипас, вазири маориф ва илм Р. Саидзода зимни суханронии худ зикр кард, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман» баргузор мегарданд, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон, омӯзгорон ва намояндагони дигар касбу кор ширкат меварзанд.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия тибқи талаботи ҷаҳони муосир ва иқтисодиёти миллии кишвар ба роҳ монда шуда, таъмини соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ, пайванди натиҷаҳои илм бо истеҳсолот, ҳамоҳангсозии корҳои навовариву ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии неруи илмии муҳаққиқон самти афзалиятнок дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дониста шудааст.

Аз ҷониби  Вазорати маориф ва илм низ тайи чанд соли охир озмунҳои «Грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Навовари беҳтарин» ва «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» бо иштироки теъдоди зиёди донишҷӯён баргузор карда мешавад.

Дар охир, вазири маориф ва илм ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» диплом ва дигар туҳфаҳо тақдим намуд.

 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш