Нашрияи Омӯзгор

Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ

Сана: 2022-04-28        Дида шуд: 33        Шарҳ: 0

21-уми апрели соли ҷорӣ дар ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ бо ибтикори Вазорати маориф  ва  илм  бахшида  ба  Рўзи  илми  тоҷик 
конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ” баргузор гардид, ки дар доираи 
он  ғолибони  озмуни  ҷумҳуриявии  “Донишҷў  ва пешрафти илмию техникӣ” қадрдонӣ шуданд. 

Нахуст,  вазири  маориф  ва  илм  Р.Саидзода зикр  кард, ки баргузории  ин  гуна  озмунҳои ҷумҳуриявӣ  дастгирии  ҷавонон  ва қадрдонӣ  аз хизмату заҳматҳои онҳо ба ҳисоб меравад. 

Озмуни  ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии  донишҷўёни  муассисаҳои таҳсилоти  олии  касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти  унвони  “Донишҷў ва  пешрафти  илмию техникӣ”  аз соли 2016  инҷониб  миёни  донишҷўёни муассисаҳои  таҳсилоти миёна  ва  олии касбӣ баргузор мегардад. 

Имсол  аз  15  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 141 кори илмӣ-таҳқиқотии донишҷўён  пешниҳод  гардид, ки тибқи  баҳогузории  ҳайати ҳакамон беҳтарин  корҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ ба ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор гардиданд. 

Як  қатор  иштирокчии фаъол сазовори  “Ифтихорнома”-и  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.
Ба ғолибон аз ҷониби вазири маориф ва илм Р.Саидзода  диплом  ва  дигар  туҳфаҳо  тқдим гардид.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш