Бахшида ба Рўзи илм бо иштироки намояндагони ҳукумат ва олимони мамлакат бинои маъмурии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, воқеъ дар кўчаи Айнӣ ифтитоҳ гардид. Бино бо тарҳи муосир аз ҷониби ширкати ватании «Авесто-гурўҳ» сохта шуда, аз чор ошёна иборат аст. Ошёнаи якуми бино аз осорхона, хобгоҳи олимони ҷавон ва ошхона иборат буда, ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кориро дар бар мегирад. Дар ошёнаи сеюм маъмурияти институт фаъолият карда, ошёнаи чорумро толори маҷлисӣ ва синфхонаҳои тадрисӣ фаро гирифтаанд. Иҷрокунандаи вазифаи директори Институти астрофизика Фирўза Раҳматуллоева иброз дошт, ки 60 фоизи кормандони институтро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бинобар ин, дар ошёнаи якум барои онҳо хобгоҳ таҳия гардидааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ берун аз бинои маъмурӣ дар расадхонаҳо ва пойгоҳҳои илмии Институти астрофизика, чун «Санглох» ва «Ҳисор» анҷом пазируфта, сафи кормандони соҳибтахассус дар бинои маъмурӣ 27 нафарро ташкил медиҳад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр