Нашрияи Омӯзгор

Дастгоҳи муҳандисии шуури ҷамъиятӣ (Андешаҳо дар атрофи мавзуи мақолаи профессор С.  Ятимов  «Дар бораи як китоби дарсӣ»)

Сана: 2022-04-28        Дида шуд: 91        Шарҳ: 0

Љомеае, ки олами њастї, ќонунмандињои равандњои он ва мантиќи воќеиятро дуруст дарк мекунад, бидуни шак, барои њифзи баќо ва манфиатњои худ имкони интихоби бењтарин мавќеъгириро аз маљмуи гузинањои мављуда хоњад дошт. Омили аслии такомул ва ё таназзули њар љомеае низ аслан дар шуури љамъиятии он нуњуфтааст. Маќолаи “Дар бораи як китоби дарсї-и  олими шинохта С. Ятимов мањз дар заминаи дарки ин воќеият ва шинохти вазъият эљод шудааст. С. Ятимов дар ин маќола дар робита ба вазъи нигаронкунандаи шуури љамъиятї дар кишвар изњори назар карда, аз дидгоњи илмї роњњали мушаххасеро низ барои рафъи мушкилоти мављуда пешнињод кардаанд. Мавќеъгирии муаллиф њини арзёбии масъала чун њамеша дар такя ба ду асл сурат гирифтааст, ки яке меъёрњои методологияи илмї ва дигаре манофеи миллист.

          Масъулияти коркарди илмии роњкорњову технологияи таѓйири зењни љомеа ва муњандисии шуури љамъиятии моро ба хотири созгор кардани он ба шароити нави таърихї ва њифзи манофеи миллї ќабл аз њама нухбањои илмии кишварамон бояд ба дўш  гиранд.

 Унсури дигаре, ки дар низоми давлатдории миллї наќши муњим бозида, абзори муќтадири зењниятсозист, идеологияи миллї мебошад.  Аз ин аст, ки С. Ятимов дар бораи љойгоњи идеология илова ба таъкидњои ќаблиашон дар ин маќола низ дар чанд маврид ишора карда, аз љумла гуфтаанд: “Ташаккули идеология, маънавиёт ва љањонбинї аз самтњои њаётан муњимми сиёсати давлатдорї аст”. Дар шароити кунунї бо назардошти бархурдњои тамаддуниву тањољуми рўзафзуни иттилоотї ва муборизањои шадиди геосиёсї идеологияи миллиро дар баробари њар гуна идеологияњои бегона, алалхусус идеологияи исломи сиёсї бояд ба низоми мукаммале мубаддал кард, ки тавонмандии раќобатпазирї ва муборизаи бардавомро дошта бошад, чунки муборизањои ѓоявию идеологї чун ќисми таркибии мубориза барои њаёт љовидонист ва њамеша идома хоњад ёфт. Аз ин рў, ба масъалаи муборизаи ѓоявию муќовимати идеологї њамчун масъалаи љузъиву муваќќатї набояд муносибат кард. Чунин муносибат на фаќат манофеи миллї, балки дар дарозмуддат баќои миллатро низ метавонад ба хатар рў ба рў кунад.

Дар љомеаи  мо яке аз камингоњњои ин муќовимати зењнї, ки монеи ташаккули љањонбинии илмї мешавад, сокрализатсияи арзишњои динї аст. Бо пазириши ин анъана ва њимоя аз он, њавзањо ва нињодњои илмии мо худ ба абзори зењниятсозии динї табдил меёбанд (ва агар дурусттар бигўем, аллакай табдил ёфтаанд). Дар љомеае, ки ин гуна “муќаддасот” ва эътиќоди мутаассибонаву саркўбкунандаи сартосарї нисбат ба онњо мављуд аст, ташаккули љањонбинии илмї душвор хоњад буд ва дунявигарої ба раванди фарогиру устувори иљтимої табдил нахоњад шуд.

 Аз ин метавон фањмид, ки чаро афроди дорои љањонбинии динї, аз љумла рўњониёни мо њатто бо пайравони љараёнњои ифротии диние чун Толибону ДОИШ, Ихвонулмуслимину Љундуллоњ, ТТЭ ЊНИ ва амсоли инњо мушкилоти усулї ва бунёдї надоранд. Сабаби ин умумияти назари онњо дар умумияти марљаъњои таќлидашон аст, ки тамоми андеша ва амалкардњои рўзмарраашон аз онњо сарчашма мегиранд.

Дар раванди ташаккули љањонбинии илмиву худшиносии миллї, ба хусус, наќши муассисањои таълимї бисёр муњим аст. Дар сатњи ин муассисањо раванди мафкурасозии насли наврас, асосан, тавассути китобњои дарсї ба роњ монда мешавад. Аммо, мутаассифона, дар низоми маорифи миллии мо њанўз муњтавои тамоми китобњои дарсї, алалхусус, китобњои дарсии фанњои гуманитарї мазмуну муњтавои миллї ва љанбаи илмї надоранд. Њол он ки: “Китобњои дарсї, дар маљмўи таълифот дар соњаи илму маориф, муњимтарин, арзишмандтарин мавод барои сохтани љањонбинї, тарбияи инсон, эъмори  давлат ва давлатдории миллї њастанд”.

Аз ин рў, барои њадафмандона ва оянданигарона таълифу тањия шудани китобњои дарсї сохторњои давлатї бояд дастбакор шаванд зеро: “Субъектњои манфиатдори низоъ муътаќиданд, ки љангњои оштинопазири зењнї оќибат ба љангњои дар даст силоњи тарафњо анљом меёбанд. Ин аксиома барои бозигарони геополитикї воситаи “рўзгузаронї аст. Яъне ихтилоф дар рањи рост ба вуљуд намеояд. Ин захираи бузурги геополитикї вуљуд доштани сарчашмањои њалнашавандаи душмании тарафњо мањз дар чањорчўбаи илм ва дин эњтиёткорона нигоњ дошта, парвариш меёбанд. Шаклњои љадиди дар ин асос аланга задани зиддиятњои идорашаванда коркард ва роњандозї мегарданд. Таърихи Тољикистон, дар маљмуъљањони ислом далели ин гуфтањост”.

Чаро исломгароёни сиёсї метавонанд аз шањрвандони мо террористу худкуш тарбия кунанд, вале низоми тарбиятии мо наметавонад аз онњо афроди дар роњи Ватан љонфидо тарбия намояд? Посухи кўтоњ ба ин суол ин аст, ки мо то њол технология ва фароянди муассири зењниятсозї ва дар зимн њувиятсозии миллиро коркард накардаем.  Дар ин замина “тавассути сўиистифода аз дину мазњаб, хурофоту таассуб омилони геополитикї эњсоси худшиносии миллии  пайравони исломро  анестезия (бењискардаанд. Ба љойи он, дар майнаи мусулмон тухми љањонбинии “ал–Ќоида”, “Давлати исломї, “Ансоруллоњ, Њизби нањзати исломї коридаанд. Акнун онњоро њамчун лашкари муфт барои манфиатњои худ истифода мекунанд”.

Боиси нигаронист, ки мо дар муассисањои таълимї, яъне дар муњимтарин  нињоди зењниятсози љомеаамон то њанўз натавонистаем фазои мусоиду созгоре барои ташаккули тафаккури илмиву  мантиќї ва хештаншиносии миллї ба вуљуд оварем. Муњтавои баъзе китобњои дарсии фанњои  гуманитарї, њатто фанњои таърих, забон ва адабиёти тољик на танњо ба масири миллї ва методологияи илмї мутобиќ нестанд, балки куллан дар ќутби муќобили он ќарор гирифта, ба раванди ташаккули худшиносии миллї ва љањонбинии илмї садамаи љиддї мезананд. Ин навъ китобњои дарсї бар хилофи талаботи моддаи 1-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва муќаррароти Ќонуни ЉТ «Дар бораи маориф» буда, бидуни шак, боиси бештар шудани худбохтагиву бењувийятии насли наврас ва љавонон, густариши  хурофоту таассуби мазњабї ва тањкими тањкурсии љањонбинии бунёдгаронаи динї дар муњити иљтимоии кишвар мегарданд. Мушкилоти масъулони соњаи маорифи мо дар ин росто дар он аст, ки барѓалат мепиндоранд: “Хирад њаргиз ба эътиќод  ихтилофе надорад”. Муаллифи маќолаи “Дар бораи як китоби дарсї” бо дарки он ки ин андеша аз дидгоњи илмї комилан ѓалат ва аз лињози идеологиву шевањои муборизањои геополитикї хатарнок аст, чунин мегўянд: “Эътиќод ва боварњо бо илм ва хулосањои  илмї  дар мухолифат ќарор доранд. Муњтавои ин зиддиятњо дар љањони ислом, аз љониби бозигарони геополитикї маќсаднок ва тахассусмандона истифода мешаванд”.

Дар иддае аз китобњои дарсии мактабњои мо маълумоти ироашуда фаќат маљмўъи фактњоест, ки аз диди ѓоявию идеологї ва њувийятсозї бидуни рабт аст ва њадафи мушаххасу хатти машйи ягона надоранд.  Бо назардошти ин мушкилот, С.Ятимов дар марњилаи кунунии рушди давлатдории миллї вазифа ва масъулияти соњаи маорифи кишварро дар ин донистаанд: “Дар ин росто, ќисмати њаётан муњимми фаъолияти маориф - мувофиќ кунондани (муњтавои) китобњои дарсї ва васоити таълимию тарбиявї ба пояњои сохти конститутсионї давлатдории миллї дониста мешавад”.

Ин гуна китобњои дарсї њатман бояд бозбинї шаванд. Аммо бозбинї маънои онро надорад, ки тамоми њиммати гурўњи ташхисї фаќат бар он гуморида шавад, ки чунин китобњои дарсї аз аќидањову идеологияи номатлуб поксозї ва филтр карда шавад. Филтр амре њатмист, аммо њамаи кор нест. Баъд аз поксозї дар ин об бояд ангубини њувийятсозии миллиро рехт. Мавзуъњо ва матнњои китобњои дарсї ба љуз иттилооти илмї бояд моњиятан ориентатсияи миллї дошта бошанд ва њадафмандона манофеи миллиро пайгирї кунанд. Умуман, барномаи зењниятсозии мо дар соњаи маориф бояд ба таври системанок сурат гирад. Он бояд ду нуќтаи тамаркуз (вектор) дошта бошад: 1) ташаккули љањонбинии илмї; 2) тарбияи ватанпарастї ва ташаккули њувияти миллї.

Њамзамон бояд љараёни  рўзафзуни ѓайриилмї ва хурофотмењвар шудани љањонбинии мардум ва шуури љамъиятии мо љилавгирї карда шавад.

Нуктаи шигифтангез он аст, ки баъзе муаллифони китобњои дарсї бо вуљуди он ки соњибони унвонњои баланди илмианд, аммо мутаассифона, дар бештарини маворид мавзуъњои матрањшударо на бар асоси метологияи пазируфташудаи илмї, балки  бар мабнои муќаррароти динї тањлил кардаанд. Хатти машйи тањлилу баррасињо дар ин китобњо усулан хурофотию мазњабї аст ва ориентатсияи миллї дар он вуљуд надорад. Омўзгороне, ки бар асоси чунин китобњо фаъолияти худро ба роњ монда, зењниятсозї кардан мехоњанд, яќинан аз диди ѓоявї сардаргум хоњанд шуд, чунки аз он ба њељ ваљњ наметавон хатти машйи миллиро дарёфт. "Агар омўзгор дарк кунад, ки ориентатсияи љомеа чист, барои расидан ба маќсад талош хоњад кард. Баръакс, дар он љое, ки фањмиши даќиќу равшани маќсад нест, бешак аз тарафи омўзгор барои такомули шахсияти тарбиягирандагон кори созандае наметавонад анљом дода шавад. Дар он гуна муњит дар раванди тарбия стихиянокї ва номуназзамї ављ мегирад, кор характери тасодуфї хоњад гирифт ва фаќат барои он анљом дода хоњад шуд, ки ваќти барояш људошуда сарф карда шавад. Фаъолияти тарбиявиеро, ки бидуни њадаф анљом дода мешавад, аслан наметавон фаъолияти тарбиявї донист".

Инъикоси дурусти воќеиятњои таърихи дунёи ќадим, шинохти љойгоњи барозандаи давлатњои аљдодї дар он  ва корбурди мафњумњои муносиб дар ин росто амри муњиме дар раванди ташаккули тафаккури миллии насли навраси љомеаи мо буда метавонад. Аз ин рў, мо набояд муќаллидона таърихи ба нафъи худ тањрифкардаи  муњољимону ѓосибони миллати худро ба фарзандонамон таълим дињем. Онро бозбинї ва бознависї бояд кард. Љойгоњ ва наќши муњими давлатњои муќтадири аљдодиро бояд шинохт ва муаррифї кард. Таърих набояд чун маљмуи фактњои бидуни рабт таълим дода шавад. Њадаф аз таълими таърих њифзи хотираи таърихї ва дар зимн оянданигарист.

Инъикоси њадафмандонаи таърихи ниёгон, ба вижа муаррифии дастовардњои оламшумули онњо эњсоси заифшудаи худбањодињии миллии  моро баланд бардошта, љињати таќвияти худшиносии миллї ва кам кардани шиддати бегонапарастї ва дар зимн ифротгароии динї мусоидат мекунад.

Дар масъалаи таълифи китобњои дарсии фанни “Адабиёти тољик” низ вазъият таљдиди назарро мехоњад, зеро ин китобњо, чунонки ба таври фишурда дар боло ба он ишора шуд, аѓлаб бо тарзи бинишу фањмиши асримиёнагї таълиф гардида, андешањои ирфонї, уќбогарої, тарки дунё, бечоранолї ва њатто таълимоти ифротии мазњабиро низ тарѓиб мекунанд, њол он ки адабиёт аз љумлаи фанњоест, ки дар раванди зењниятсозї ва ташаккули фарњанги дунявияту њувийяти миллї метавонанд наќши калидї дошта бошад.

Назрї Асадзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш