Гурўњњои ифротгарои динї ва созмонњои террористї њамчун як хатари бузурги минтаќавї ва љањонї имрўз амният ва мављудияти аксар кишварњои минтаќаро зери тањдиди љиддї ќарор додаанд. Тањдиди ин зуњуроти харобиовар акнун аз сатњи миллї ва минтаќавї фаротар рафта, хусусияти глобалї ва умумиљањонї гирифтааст. Бинобар ин, дар шароити кунунї сафарбар кардани тамоми имконоти моддию маънавї ва ба роњ гузоштани як набарди ѓоявии умумимиллї метавонад яке аз роњњои дурусти мубориза бо ин тафаккур ва неруи тахрибкор бошад.
Дар ин росто, раванди ба гурўњњои ифротї пайвастани љавонон дар кишварњои гуногуни љањон нишон медињад, ки насли нави ифротгароёни динї, хусусан, пайравони ташкилоти экстремистию террористии њизби нањзати исломї роњњои нави таблиѓу ташвиќи андешањои худро дар байни љавонон ба роњ мондаанд. Мањз њамин равиши таблиѓотии зоњиран сода, аммо муассир ва истифодаи васеъ аз воситањои муосири иттилоотї, расонањои электронї ва шабакањои иљтимої яке аз омилњои ташаккул ёфтани ин гурўњњо ва интишори аќоиди онњо гардидааст. Бояд ќайд намуд, ки гурўњњои ифротгарои динї ва созмонњои террористї мехоњанд давлат, миллат, фарњанг, зиндагии ободу осудаи моро њадафи тањдиди худ ќарор дињанд. Хатари гурўњњои ифротию террористї на танњо ба Њукумат ва сохтори сиёсї, балки мустаќиман ба зиндагии њар як шањрванд равона шудааст. Мувофиќи тафаккур ва таълимоти гурўњњои ифротии динии имрўза, ягон давлати мусулмоннишин бояд њамчун давлати мустаќил вуљуд надошта бошад, онњо бояд ба тадриљ тањти таъсиру таблиѓи таълимоти динї, зери ливои як давлати бузурги исломї љамъ шаванд ва љабњаи ягонаи исломиро дар баробари “дорулкуфр” ташкил дињанд.
Бояд гуфт, ки њаракати имрўзаи ифротгароии динї ва гурўњњои ифротии динї бар зидди мављудият ва истиќлоли давлатњои миллии мустаќиле мебошад, ки дар љуѓрофиёи фарњанги ба ном “исломї” ќарор доранд. Пас, метавон гуфт, ки ифротгароии нави динї роњи ишѓолгарї, тарњи нав ва бисёр нозуки истеъмор ва истилогарї мебошад, ки пеш аз њама, ба истиќлол ва мављудияти кишварњои мусулмонї тањдид мекунад. Гурўњњо ва созмонњои ифротї, њамчун василаи татбиќи ин сиёсат ва бозичаи муносибе дар дасти бозингарони бузурги геополитикї мебошанд.
Суботу амнияти кишвар, устувории љойгоњи он ва амнияту осудагии марзњои давлатии Љумњурии Тољикистон барои мо як арзиши мењварї ва калидї аст. Махсусан, амнияти сарњади давлатии мо дар самти љануб, ки бо минтаќањои буњронї њамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти кишвар ањамияти њаётї дорад. Аммо дар нигоњи љиддитар имрўз сарњади љанубии Тољикистон маънои бисёр васеътар аз сарњади байнидавлатї миёни ду кишварро дорад. Имрўз сарњади љанубии Тољикистон дар асл сарњади байни ду тарзи љањонбинї, сарњади байни ду сатњи зиндагї, сарњади байни ду тарзи давлатдорї ва ѓайра мебошад.
Аз ин рў, ба ягон гурўњњои ифротї набояд имкон дод, ки ба амнияти Тољикистон тањдид кунад.
Имрўз хушбахтона, миллати мо бо азму иродаи ќавї ва рўњияи шикастнопазир ба дунболи ободкорї ва шукуфоии кишвари мањбубамон аст ва дигар фирефтаи дурўѓњо ва њангомањову туњматпароканињои гурўњи дасисаангезе чун ТТЭ ЊНИ нахоњад шуд.
Илњоми Ситам,
омўзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр