Ба наздикї, аниќтараш, 17-уми марти соли 2022 дар њафтаномаи «Омўзгор» маќолаеро хондам, ки он ба наќли таълимї бахшида шудааст. Маќолаи мазкур тањти унвони «Наќли озод дар таълими як афсона» нашр шудааст, ки ба ќалами муаллими синфњои ибтидоии МТМУ № 8–и ноњияи Айнї Љўрабой Наврўзов мансуб аст.
Муаллими љўяндаю эљодкор чунин таљрибаро амалан худаш гузаронидааст ва натиљаи матлуб њам ба даст овардааст. Имрўзњо кам омўзгореро медонем, ки бо љидду љањди бепоён ва шавќу шўр чун Љўрабой Наврўзов кор кунад. Њоло мо гоњ-гоњ ба мактабњо рафта, аз хонандагон хоњиш мекунем, ки дафтарњои синфиашонро рўйи мизњо гузоранд. Баъди вараќ задани дафтарњо дар танњої хулосаамонро ба омўзгор мегўем. Ба нудрат намунањои наќли хаттии таълимї дар дафтарњои корї вомехўранд, яъне ќариб, ки гузаронида намешаванд. Пас, хонандаи азиз, худ ќазават кунед, ки чї тавр нутќи хаттии кўдак инкишоф меёбаду рушд мекунад.
Аз он таваљљуњи мо ба маќолаи мазкур бештар шуд, ки бори аввал дар маќолаи методии њамин муаллим бо мафњуми «наќли озод» вохўрдем. Имлои озод ва иншои озод дар дидактика маъмул аст, вале наќли озод, ба назари мо, комилан истилоњи тоза аст.
Аслан, гузаронидани наќлњои таълимї дар методикаи мо аз таљрибаи олимон - методистони рус ворид шудааст. Дар адабиёти методии мо ягон асари тањќиќотие, ки ба тањќиќи навъњои наќли хаттї бахшида шуда бошад, ба вуљуд наомадааст. Њар кадом навъи наќл хусусиятњои ба худ хос дошта, дар рушди нутќи мураттаби хонандагон вазифањои хоссаро иљро мекунад. Дар чанде аз дастуру маљмуањои имло ва наќл оид ба навъњои наќл ба таври умумї сухан меравад. Дастурњое, ки дар онњо маљмуаи наќлњо вобаста ба навъњои матн коркард шуда бошанд, умуман ба назар намерасанд. Шояд њамин сабаби асосие бошад, ки дар таљрибаи омўзгорони кишвар ташкилу гузаронидани наќлњои хаттии таълим кам ба назар мерасад.
Мо дар ин маќола њадафи интиќод кардан аз гузаронидани чунин навъи наќлро надорем ва танњо дар асоси маълумоти дар даст доштаамон навъњои наќли хаттии роиљро, ки кариб њамаи методистони рус ва тољик пазируфтаанд, номбар мекунем. Њамзамон, андешањои шахсии хешро дар асоси мутолиаи адабиёти тозанашри солњои охир ва таљрибаи андўхта баён медорем, ки шояд барои бењтар ташкилу гузаронидани наќлњои хаттї мусоидат намоянд.
Рушди нутќи мураттаби хонандагон яке аз вазифањои марказии дарсњои забони тољикї мањсуб меёбад. Навъњои асосии кор доир ба инкишофи нутќро барномаи таълим асосан аз наќл ва иншо иборат медонад. Солњои 60-70–ми асри гузашта дар методикаи забони русї доир ба наќли хаттї дастурњои методї ба табъ расиданд. Ва ин дастурњо сабаб гаштанд, ки методистони тољик баъзе андешањои хешро бидуни тањќиќ бо такя ба мулоњизањои олимони рус оид ба навъњои наќлњои хаттии таълимї иброз доранд.
Камбудии кор дар гузаронидани наќлњои таълимї он аст, ки дар дарсњои забони тољикї кам ба назар мерасанд. Ин амал танњо дар дарсњои забони тољикии синфњои ибтидої роиљ буд. Пас аз њамгиро шудани дарси хонишу забон ва ба вуљуд омадани «муносибати бослоњият» ќариб наќлњои таълим аз миён рафт. Ваќтњои охир байни синфњои ибтидої ва болої дар масъалаи ташкилу гузаронидани наќлњои таълимї фосила ба вуљуд омад,љойи онро «салоњиятнокї» танг кард. Бинобар ин, таваљљуњ ба чунин наќлњо кам шуд. Робитаи байнифаннї ба тавре ки мебояд, сурат намегирад. Махсусиятњои хоси наъњои наќл ба њисоб гирифта намешавад. Ин аст, ки тарзи дуруст гузаронидани онњоро ќариб, ки аксарияти омузгорон фаромўш кардаанд. Хонандагон бошанд, байни навъњои наќл фарќе намебинанд. Мавќеи наќлњои таълимї дар низоми умумии таълими наќл ва робитаи мутаќобилаи намудњои дигари кор оид ба инкишофи нутќ муайян карда намешавад.
Наќл як навъи нутќи мураттаб буда (дар шакли шифоњї ва њаттї), дар фаъолияти одамон ва таљрибаи мактабњо ба таври васеъ истифода мешавад. Наќли хаттї чист? Наќли хаттї бозгўии мазмуни матни хонда ё шунида, ё як љузъи он,ки фикри асосии муаллиф, њодисањо, мураттабии алоќа, хислати симоњо ва вазъият нигоњ дошта мешавад.
Вобаста ба вазифаи гузошташуда наќл метавонад, ки муфассал, мухтасар ва ба матн наздик бошад. Гузаронидани наќли хаттии таълимї ба рушди тафаккури мантиќии хонанда таъсир мерасонад. Хонанда зимни тањлил ва кор бо матни наќл ба робитањои маъноии љумлањо ва љузъњои он ошно мегардад. Мавзуъњои наќл љањонбинии хонандагонро васеъ гардонида, ба онњо таъсири мусбат мерасонад: мардонагї, ростї, муњаббат ба Ватан, эњтироми калонсолон ва амсоли инњоро меомўзонад. Њамзамон наќл малакањои имлої ва аломатњои китобатро тањким мебахшад. Њар як навъи наќл дорои вазифањои дидактикии ба худ хос мебошад.
Доир ба ањамияти дидактикии наќлњои таълимї ва тарзи гузаронидани онњо олимони рус асарњои методии зиёде таълиф, нашр ва пешкаши омўзгорон гардонидаанд.
Методистони пешќадами пешини рус, ба мисли М. Чистяков, В. Чернишев , Д. И. Тихомиров ва дигарон зарурати пайдарпай ва мураттаб гузаронидани наќлро таъкид намуда, њамзамон иброз доштаанд, ки вобаста ба синну сол ва рушди инкишофи нутќи хонандагон талабот ба наќл мураккабтар шудан мегиранд.
Танњо дар замони Иттињоди Шуравї масъалаи наќли хаттї ба таври зарурї ба тахќиќ гирифта шуд. Соли 1946 Добромислов В. А. аввалин дастури калонњаљмро тањти унвони «Изложения и сочинения в семилетней школе» таълиф карда, дар ихтиёри омўзгорон гузошт. Дар дастури мазкур нуктањои умумї ва роњњњои ташкилу гузаронидани наќлњо шарњ ёфтаанд. Мавсуф нишон дод, ки наќл метавонад бо дарсњои грамматика алоќаманд бошад, вале «мумкин нест, ки низоми наќл ва иншоро берун аз барномаи хониш ё курси грамматика ба роњ монд». Ва бо ин муќаррарот имрўз њам розї шудан мумкин аст. Воќеан, барои наќл истифода кардани порча аз асарњои бадеии омўхташаванда зарур аст. Вале вазифањои инкишофи нутќ бисёрпањлу мебошад ва талаб мекунад, ки барои наќл матнњо аз услубњои гуногун интихоб карда шаванд. Бадењист, ки наќл барои дарси инкишофи нутќ наметавонад танњо ба барномаи адабиёт иртибот дошта бошад . Робитаи грамматика ба назар гирифтани нуктаеро назорат мекунад, ки дар матни интихобшуда категорияи грамматикии омўхташаванда ва ё омухтамешуда истифода шуда бошад.
Соли 1963 китоби И.Кулибаба, Н.Березовский ва дигарон ба номи «Изложения в 5-8 классах» ба табъ расид. Дар дастури мазкур чунин навъњои наќл зикр шудааст: 1. Наќл бе таѓйири матн ва бе илова ба он; наќл бо таѓйири матн ва илова ба он. 11. Наќл бо таѓйири матн : наќл бо дигар кардани љойи маънои асосии он; наќли интихобї; наќли мухтасар.
Худи њамон сол , яъне соли 1963 дастури М.Т.Баранов, П.Ф.Ивченков, П.Ф.Ладиженская ба табъ расид ва пешкаши омўзгорон гардид. Муаллифон дар ин асар матнњоро барои наќли муфассал; матнњо барои наќли муфассал бо иваз кардани шахсњо; матнњо барои наќли мухтасар ва интихобї; матнњо барои наќли мухтасар ва интихобї бо иваз кардани шахсњо; матнњо барои наќли эљодї; матнњо барои наќли эљодї бо ивази шахс пешнињод карда, њамзамон, тартиби коркарди онњоро чун намуна тафсир кардаанд. Соли 1965 дастури С.П. Белитская «Изложение в 5-8 классах» нашр гашт, ки дар он матнњо бо назардошти наќли муфассал, наќли мухтасар, наќли интихобї , наќл- минятюр пешнињод шудаанд.
Соли 1978 дастури Н. Пленкин «Изложение с языковым разбором текста» нашр шуд. Муаллиф дар ин дастур зикр менамояд, ки оид ба таснифи навъњои наќл дар байни методистон фикри ягона ба назар намерасад. Навъњои наќл бо назардошти асосњои гуногун муайян карда мешаванд. Ин нуктаро дар назар дошта, академик А.В.Текучёв менависад: «Амалияи мактабњо теъдоди зиёди навъњои наќлро медонад, ки аз рўйи муњтаво, њадаф, њаљм, аз рўйи мављудият ё набудани наќша ва шарти тањияи он, аз рўйи дараљаи мураккаб кардани наќл бо супориши иловагї ва ѓайрањо аз якдигар фарќ мекунанд».
Ба вуљуд омадани тањкиќоти нав боис гашт, ки дар таснифоти навъњи наќли хаттии таълимї баъзе ислоњот ворид гарданд ва такмил дода шаванд. Масалан, Т.А.Ладиженская чунин таснифотро пешнињод мекунад: 1)дар нисбат ба њаљм: наќли муфассал ва наќли мухтасар; 2) дар нисбат ба муњтавои матн: муфассал , интихобї бо супориши иловагї; 3) аз рўйи мураккаб гардонидан бо супоришњои забонї: луѓавї, грамматикї, услубї ва м. ин. ; 4) аз рўйи дарки матн: наќли маводи хондашуда (ба шакли биної дарк кардан), шунидашуда (тариќи гўш дарк кардан); 5) аз рўйи сатњи ошної бо матн, наќли матни ношинос ва шинос ва ба хонандагон шинос.
И. Д. Морозов низ дар васоити «Виды изложений и методика их проведения» (1984) наќлњои хаттии талимиро чунин тасниф кардааст:
1. Наќли хаттии муфассал ( муњтавои матн бо тамоми љузъиёташ баён шуда, навъи матн, композитсия ва хусусиятњои забониаш нигоњ дошта мешавад).
2. Наќли интихобї (наќл њамаи матнро фаро нагирифта, кадом як љузъи он ба як мавзуи муайян алоќаманд аст, композитсяи он, маъмулан, таѓйир меёбад).
3. Наќли мухтасар(нуктаи асосї, муњтавои асосии матнро фаро мегирад, муфассалият ихтисор мегардад. Навъи матн мумкин аст, нигоњ дошта шавад ё вобаста ба њаљм ва хусусияти мухтасарї иваз карда шавад).
4. Наќл бо супориши эљодї ( дар ин наќл ворид кардани таѓйироти муайя дар муњтаво ё композитсия—иваз кардани шахси ноќил, такмили матн, таѓйир додани љойи љузъи он ва ѓайрањо дар назар дошта шудааст. Навъи матн ва махсусияти забонии он мумкин аст, ки нигоњ дошта шавад ё вобаста ба хусусияти супориш таѓйир ёбад). Ба ќавли академик В. А. Текучёв, наќли хатии таълимї вобаста ба матн метавонад хеле ба матн наздик бошад ва хеле озод бошад, яъне камтар аз рўйи шакл, забон ва њатто мураттаби баён алоќаманд бошанд (ваќте ки хонанда наќлро на аз лањзаи ба вуќуъомадани њодиса, балки аз лањзањои охирин оѓоз менамояд, агар мавод ин имкониятро дињад).
Пас, маълум мегардад, ки наќли озод ном нињодаи омўзгор ба навъи наќли хатии таълимии эљодї тааллуќ дорад.
Хангоми ташкилу гузаронидани наќли хаттї, маъмулан, ба маќсади муњтавои матнро дарк кардани хонандагон аксар омўзгорон аз чунин усул кор мегиранд: Омўзгор як бор матнро мехонад. Хонандагон бодиќќат гўш мекунанд. Сипас ба чанд хонандаи хубхон супориш медињад,ки мазмуни матнро наќл кунанд. Мепурсад, ки оё мазмуни матн ба њама фањмост. Пас аз шунидани љавоби мусбат хонандагон ба навиштан оѓоз менамоянд. Њамзамон таъкид менамоянд, ки бо љумлањои
худ нависед. Ба ин тартиби кор розї шудан мумкин нест. Банда 40-45 сол пеш дар яке аз маќолањои шогирдонаи хеш аз ин усули кор интиќод карда будам. Аввалан,хонанда бо шунидани наќли њамсифони худ аз матни аслї дур мегардаду наќлро бар асоси наќли њамсинфонаш менависад. Дар натиља назокату мавзуният ва муассирияти забонии матн халалдор мегардад. Ин амали ѓалатро њанўз яке аз методистони бузурги рус В. И. Чернишев басо даќиќу равшан таъкид карда буд: «Агар хонанда ба китоб наздик гап мезанад, ба ў халал нарасонед: бигзор ў он ифодањои забониро, ки ба Крилов, Тургенев, Чехов тааллуќ доранд аз худ намояд, маљбур накунед, ки «бо калимањо худ» ифдањои ивазнашавандаи каломи модариро интиќол дињанд».
Матн, муњтаво ва забони он аз њар љињат љолиб ва намунаи бењтарини забономўзї бояд бошад. Дар айни замон методистон тавсия медињанд, ки
хонандагон аз рўйи хониши муаллим наќли хаттиро нависанд. Кўшиш бояд кард, ки матн на душвори душвор ва на содаи сода бошад. «Мутобиќ мегардонем» гўён забони матнро ва муњтавои онро халалдор накунем.
Аз рўйи анъанањои мактабњо ва вобаста ба њадафи таълим ва хусусиятњои синнусолии хонандагон матнњои муаллифиро (яъне матнњои адибонро)мутобиќ мегардонанд. Чунонки дар боло ишора кардем, аксар авќот мутобиќгардонї бар зарари матн тамом мешавад: муњтаво зарар мебинад,љаззобияти ифодањо гум мегардад. Дар робита ба ин адиби рус С. Я. Маршак дар мактуби ба М. Горкий навиштааш аз фаъолияти педагогњое, ки чун муќарризи китобњои бачагона баромад мекунанд, изњори норизої карда, фармудааст: «Ба мо дар кор муносибати педагогњо бисёр халал мерасонад. Талаб мекунанд, ки тамоми матн, њамаи калимањо ва иборањо ба бачагон фањмо бошанд. Аммо аз њад зиёд тахту њамвор ва якранг кардан дур аз фасоњат буда, ба мањв сохтани шахсияти нависанда аз асар бурда мерасонад. Ва ман дар хотир дорам, ки дар 9-10 – солагї китоб мехондам, ки дар он на њама чиз якрангу фањмо буданд. Бояд калимањои нав ба нав, тарзи ѓайриодии нутќро донист. Бигзор, одамон аз љавонї ба он одат кунанд, ки образи бадеї …баъзан аз хонанда бодиќќатї ва фаъолнокиро талаб мекунад».
Сайидамир Аминов
Иловакунӣ
Иловакунии фикр