Нашрияи Омӯзгор

Даричаи ошноӣ

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар ин рӯзҳо, ки устоди гиромӣ Маҳмуд Абдуллоев ба камоли умр расидаву аз шаҳди гуворои самараи заҳматҳои кашидааш дар роҳи пурмашақкату пуршарафи омӯзгорӣ ком ширин менамояд, саҳифае чанд аз рӯзгорашонро варақгардонӣ месозем.

Ӯ баъд аз хатми  аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт ва  ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи таърих, муовини декани факултаи таърих ва забону адабиёти тоҷик, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик ва назарияи иқтисодӣ, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ ифои вазифа намуд. Аз соли 2013 профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Дарвоқеъ, таърихнигоронанд, ки бо асарҳои пурмазмуни хеш барои хонандагону пажӯҳишгарон даричаи ошноӣ боз намуда, дирӯзро бо имрӯз васл мекунанд, то насли инсон аз гузашта таҷриба андӯхта, имрӯз бунёдкору созанда бошад ва ба фардоиён мероси арзанда боқӣ гузорад. Дар ин росто, кас пас аз мутолиаи нигоштаҳои гуногунҷанбаи муҳаққиқи варзида М. Абдуллоев вазъи маорифро бо давраҳои мухталиф қиёс намуда, бо дастовардҳо ва мушкилоти соҳа, шахсиятҳои саршиноси самти илму маориф ошно мегардад.

Хотираҳо аз давроне, ки  шогирди Маҳмуд Абдуллоев будем, хеле зиёданд. Нуктасанҷию серталабии устод ҳеҷ аз лавҳи хотирам намеравад. Ҳар нимсола пеш аз супоридани имтиҳонҳо мо сарчашмаҳоро омӯхта,  «конспект» мекардем. Боре  як ҳамкурсамон аз гурӯҳе, ки ба он Маҳмуд Абдуллоев дарс мегуфтанд, сарчашмаву маъхазҳоро номбар накарда буд, дафтари яке аз ҳамкурсонамонро гирифта, муқоваашро иваз менамояд ва барои супоридани санҷиш ба назди устод мебарад. Устод дар болои ҳар сеюм саҳифаи дафтарҳои донишҷӯён имзои номаълум мегузошт, то чунин корҳо такроран пешниҳод нагарданд. Аммо ҳамкурсамон  бехабар аз ин тадбири омӯзгор ба чунин фиребкорӣ роҳ дода буд. Дар натиҷа, устод ба ҳарду ҳамкурсонамон- М. ва ба С., ки дафтарашро ба дугонааш дода буд, ҷазо таъйин намуда, дар як нимсола қарздор кард.

Агар дар бораи серталабию сахтгириҳои муаллими дӯстдоштанӣ М. Абдуллоев даҳҳо саҳифа сатрҳои меҳрбор иншо кунем, кам аст, зеро ҳар панди ӯро ҳалқа бар гӯш кардаему насиҳатҳояшон имрӯз роҳи моро рӯшан намудааст, то дар зиндагӣ роҳу мавқеи худро муайян намоем.

Барои мо, шогирдон ва аҳли илму маорифи донишгоҳ, мояи ифтихор аст, ки устод Маҳмуд Абдуллоев барои саҳми назаррасу шоистаи таҳсин бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Шарофат Худойдодова,

ноиби ректор оид ба илм, инноватсия ва равобити хориҷии Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 

Чемпиони ҷаҳон дар меҳмонии сокинони Бадахшон

Дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ифтихори варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов, ки дар сабқати Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо 11-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия медали тилло ба даст овард ва дар таърихи самбои тоҷик сеюмин Қаҳрамони ҷаҳон шуд, маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз таърихи варзиши тоҷик ва парчамбардорони он дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, ҷавононро ба варзишу тарзи ҳаёти солим даъват намуд.

Қаҳрамони ҷаҳон Хушқадам Хусравов аз истиқболи гарми сокинони вилоят изҳори миннатдорӣ карда, арз намуд, ки оғози машқҳояш аз мактаби рақами 16-и ноҳияи Ванҷ оғоз ёфта, таҳти назорати падараш Хусрав Носиров, ки худ варзишгари варзида аст  ва мураббиаш Маҳмадшарифи Сулаймон тадриҷан камол ёфта, парчамбардори Ватани азизаш гардид.

Ҷ.Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш