Нашрияи Омӯзгор

ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ

Сана: 2022-04-28        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

Дар кишвари соњибистиќлоли мо соњаи маориф дар мењвари таваљљуњу ѓамхории Сарвари мамлакат ва Њукумати љумњурї ќарор дорад. Дар тамоми минтаќањои Ватани азизамон давра ба давра биноњои нави муассисањои тањсилоти умумї, ибтидої, миёнаи касбї, гимназия, литсейњо ва иншооти дигари мададрасон сохта, ба истифода дода мешавад.

Мо, кормандони соња, бояд барои бењтар намудани сатњу сифати таълим дар њама зинањои тањсилот мунтазам љидду љањд карда, пеш аз њама, сатњи шавќу завќи хонандагонро ба донишандўзї боз њам баланд бардорем.

Бо маќсади такмили бештари сифати таълиму тарбия, дар сатњи зарурї ба роњ мондани омўзиши илмњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, инчунин, бо њадафи тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёмашон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (25.12.2019) солњои 2020-2040-ро Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф эълон намуданд.

Бањри амалисозии њадафњои ин тадбири муњим, љињати рушди тафаккури техникї, дастрасї пайдо намудан ба техникаву технология, рушди ихтироъкорї ва навоварї, пайвастани илм ба истењсолот, љалби бештари хонандагон ба омўзиши фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї, инчунин, дарёфти чењрањои нав дар ќатори тадбирњои дигар бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон (аз 11 феврали соли 2021) њамасола озмуни љумњуриявии «Илм – фурўѓи маърифат» (аз рўйи њафт номинатсия) баргузор карда мешавад.

Баргузории ин озмун дар соли тањсили 2021-2022 ба фаъолияти омўзгорон, хонандагон ва падару модарони кишвари азизамон, боз як такони љиддї бахшид.

Омўзгорон пайваста кўшиш мекарданд, ки сифати таълими фанњои даќиќ бењтар гардида, шавќу завќи хонандагон ба омўзиши ин фанњо афзун шавад.

Дар пайравї ба иќдоми хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат оид ба озмуни љумњуриявии «Илм – фурўѓи маърифат» бањри таќвият бахшидан ба омўзиши фанњои табиатшиносї, риёзї ва даќиќ Раиси шањри Душанбе, муњтарам Рустами Эмомалї 25 феврали соли равон дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шањрии «Тољи сари љумла њунарњост илм» ќарор ба тавсиб расониданд. Ин озмун дар се давра аз рўйи њафт наминатсияи зерин гузаронида мешавад:

- барномасозї,

- меъморї,

- моделсозї,

- радиоэлектроника,

- робототехника,

- сайёњї-кишваршиносї,

- табиатшиносї.

Даври сеюми озмуни шањрии «Тољи сари љумла њунарњост илм» дар литсейи №3 барои хонандагони болаёќати шањри Душанбе рўзњои 08-11.04.2022 аз рўйи се супориш – корњои хаттї (математика, физика), санљишњои тестї (биология, география, химия, технологияи иттилоотї), санљишњои корњои амалї (аз рўйи номинатсияњо) баргузор шуд. Дар озмун зиёда аз 80 хонандаи навовару эљодкор иштирок намуда, сатњи дониш, мањорат, малака, истеъдоди худро нишон доданд. Њайати њакамон ба фаъолияти њар як иштирокдори озмун диќќати махсус дода, ба кори онњо ошкоро бањо доданд. Рафти озмунро намояндагони дастгоњи Раиси шањри Душанбе, муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе», телевизиони кўдакону наврасон «Бањористон» ва рўзномаи «Паёми Душанбе» зери назорат доштанд. Инъикоси васеи љараёни озмун тариќи воситаи ахбори омма таъмин гардид. Аз мушоњидаи рафти озмун ва натиљањои он нахуст ба чунин хулоса метавон расид, ки завќу шавќи наврасону љавонон ба омўзиши фанњои даќиќ зиёд ва мањорати эљодкории онњо вобаста ба номинатсияи интихобнамудаашон бењтару хубтар гардидааст.

Иќдоми муфиду муассире чун озмуни «Тољи сари љумла њунарњост илм» боиси он мегардад, ки илми тољик дар оянда боз њам рушд намояд, насли ояндасози Ватан љиддан ба омўзиш, ихтироот ва навоварї руй оранд.

Њадафи асосии ибтикорот вобаста ташкили озмунњои илмию маърифатї мањз дар њамин нукта ифода меёбад.

Рафоат Ќувватова,

директори литсейи №3

барои хонандагони болаёќати

шањри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш