Нашрияи Омӯзгор

ШОИРЕ БАҲОРОИН

Сана: 2022-04-28        Дида шуд: 93        Шарҳ: 0

Бузургмењри Бањодурро воќеан, аз љавоншоирони пуркор ва фаъолест, ки диди хос ба њар мавзўъ ва масъала дошта, мавќеашро нисбат ба аѓлаби масоили сиёсиву иљтимої, фарњангиву адабї, маънавиву маърифатї дар ѓолиби маврид тавассути шеър ва баъдан ба василаи нигоштањое мансур баён медорад. Хосатан, силсилаи ашъори ў дар робита ба муноќишањои марзї дар Чоркўњ ва Ворух бо рўњияе ватандўстона ва саршори андешањои миллї ќобили таъкид ва тањсинанд.

Вуруд ба љањони андеша, шеваи суханварї, шинохти сабки баён, дарунмоя, ба ќавле, шигардњои њунариву маъноии ашъори яке аз шоирони љавони имрўз Бузургмењри Бањодур барои њар нафар мухлис ва муњаќќиќи шеъру тафаккури шоирии ў асрореро њувайдо мекунад, ки ба дараљаи муайяни шинохти вай аз њамин муќаддамоти шоириву лузуми аслии шеър таъкид меварзанд. Аз он огоњињое Бузургмењри Бањодур соњиб аст ва аз мутолеаи анвоъи мухталифи ашъори ў низ бармало равшан мегардад, таљрибањое дар аксар ашкол ва ќаволиби шеърї анљом додааст. Ин таљоруб, пеш аз њама, дар заминаи мутолеаи лозимаи шеъри гузаштаву имрўз, адабиёти њамзабонон ва адабиёти муосири љањон њосил мешавад. Баёни шево, љазаботи хос, назокати шоирона дар анвоъи ашъори суннатии вай, хоса ѓазалњояш љилваи равшан дорад. Аз ѓазали аввалини маљмуаи “Бањор овардан осон нест”, њамин шеваи суханварї њувайдост, ки баробар ба идомаи суннатњои хоси шеъри гузаштаи мо иќдом дар таљассуми биниши фардии худ, бардошту мушоњидањои хеш мекунад. Бузургмењр мегўяд:

Метавон аз як садо саршор шуд,

Дар њарими як наво изњор шуд.

Метавон хамёзаи гулњо шунид,

Аз нафасњои гуле њушёр шуд

Чандин аносири шеър, дар сурати тафаккури шоирона, мушоњидаву диди махсус, сабки шеърї, аркон ва муќаддамоти шоирї дар ин як порча аз ѓазали ў љилвагаранд. “Аз садо саршор шудан”, “дар њарими наво изњор шудан”, “шунидани хамёзаи гулњо”, “аз нафасњои гул изњор гардидан” дар шумори таркибњои шоиронае њастанд, ки баробари лабрезии сењри мубини бадеиятро намоён кардан, дар таркиби хеш чандин усурњои дигари шоиронагиро таљассум бахшидаанд. “Аз як садо саршор шудан” ва “дар њарими як наво изњор шудан” моро нахуст ба љањони рангини тафаккури шоирона мекашонад, ки фалсафаи њастиро дар оинаи пиндори шоир тафсир мекунад. Ў аз як садои шояд кутоње, ки дар вусъати он њазорон отифаву ишќу алоќаву фазилатњои дигар маљмўъ шудаанд, худро саршор мебинад, яъне инсоне, ки дар њаљми ин саршорї дар худ камолоте маънавиро эњсос мекунад, чун тавонмандии ќудрати инсон ин наљобату бузургиро дар худ дорост ва бояд рўнамо шавад. Бузургмењр аз њамин равзана инсонро ба шинохти тавонмандии худ њидоят мекунад, ки бояд ў маърифат кунад ин саршориро аз як њамон садо ва изњорро аз як наво мушоњида намояд. Дар ин љо пушти таркиби “аз наво изњор шудан” навъе њиссомезї љилвагар аст, чун дар асл наво мафњумест, ки њаќиќати он дар маърифати њиссии шунидан маънї касб мекунад, аммо изњор шудан махсуси басирати инсон мебошад. Дар байти баъдї низ дар таркиби ибораи “хамёзаи гулро шунидан” њамин њиссомезиро метавон ба мушоњида гирифт, ки дар заминаи аносири то љое мутаноќизнамо (парадоксї) (чун хамёзаро танњо метавон мушоњида кард, зеро аслан овоз надорад ва танњо дар њолати аз њадди худ берун шудан, метавонад садо эљод кунад) њастї пайдо намудааст. Дар асл ин љо сухан аз њолати шукуфтани гул меравад, ки назокату зебоињои он дар њоли мушоњида љилвагар мешавад. Вале бо такя бар ќудрати инсон Бузургмењри Бањодур њавоси биноиву шунавоиро ва баъдан шамиданро ба њам шоирона меомезад, то мо њам баробари ў бо њисси андарунии шунидан, ки такя бар њолу њавои дигар мекунад, хамёзаи гулро мо њам баробари ў бишнавем.

Саропои ин ѓазал як бонги огоњист барои инсон, ки дар зимни тааммул бар њар як сатру байти он аз садои донистану шинохт ва идрок саршор шавад, то ба њаќиќати ин амр бирасад, ки инсонро чї ќудрату тавонмандие насиб кардааст, то бар асоси он чї миќдор корномањои бузургеро анљом дињад.

Аз диди мавзўъбандї низ ашъори Бузургмењр доираи фарохи масоилро фаро мегиранд, ки њамагї ба биниши фардиву иљтимоии ў такя мекунанд. Њамин танаввуъи мавзўи бегумон ба бисёргунагии сохтории шеърњояш таъсир гузоштаву омил ба иќдом дар таљрибањое дар анвоъи суннативу нави шеър гардидааст. Шеъри “Азон”, ки њарчанд мавзўи мењварии он муњаббатномае ба духтари хурди худ Манижа ба шумор меравад, њам аз диди сохторї ва њам муњтавої, њам фарогирии тафаккур ва њунари шоирї чандин аносири бадеї ва рангомезињои фалсафиву иљтимоиро дар хеш таљассум намудааст. Дар оѓоз эњсос мешавад, ки паёми милоди фарзандро мехоњад бо шоиротарин тасвиру маърифату эњсос ба ќалам оварад, ки он шарњи њисси шодмонии њама инсонњо дар њоли расидан ба чунин нишот ва эњтизози руњї метавонад бошад:

Ту омадиву гўши мо пур аз навои алла шуд,

Садои ту азони мардуми мањалла шуд,

Садои ту, ки як дами азони њазрати Билол буд,

Сиришки ту чу оби чашми Фотима зулол буд.

Фидои дастакони сабзи ту, ки аз бињишт омаданд,

Фидои чашмакони наѓзи ту,

Худо сиришт, омаданд…

Воќеан таваллуди фарзанд метавонад гардиши куллие дар зиндагонии љории инсонњо эљод намояд ва њолу њавои рўњии ўро комилан ба самте рўшантар аз њавои рўзгори муќаррарї тањрик бахшад.

Дар шеъри дигари Бузургмењри Бањодур, ки “Соати модари ман хуршед аст” унвон дорад, њамон њиссу рўњи шоиронаи шабењ ба шеъри болої бо дигар шева љилва рехтааст. Албатта, ин бесабаб нест, чун он љо эњсоси муњаббати шоир ба фарзанди худ баён шавад, ин љо баробари тафсири ишќу иродати бепоёнаш нисбат ба модари бузургвор фалсафаи зиндагонии пурнаљобати инсоне дар маќоми бузурги модар, тафаккури хос ва поси суннатњои ќадимаи миллї дар сиришту андеша ва рўњи зиндагонии вай тавзењ ёфтаанд. Модаре, ки симои вай дар ин шеър таљассум ёфтааст, танњо муталлиќ ба зиндагонии муаллифи шеър надорад, балки чењраи њаќиќии соддаву маъсуми тамоми модарони кўњистонї дар он љилвагар аст. Бузургмењр ин љо њам њамин суннатшиносиро њатто дар тарњи сохтмони таркибњо, шеваи баён њифз мекунад ва ваќте дар аввалин сатри он мегўяд, “соати хонаи ман хобидаст”, њифзи њамон асолати забони соддаву равони мардуми кўњистон рунамо мешавад, зеро дар фарњанги гуфтори мардум ибораи маъруфи “соат хобидааст” муравваљ аст. Ин хоби соат, на ба маънии истодани ваќт ва аз тањрик мондани фурсат аст, балки фаротар аз он њарчанд соати хона хоб аст, аммо он таъсире ба зиндагонии суннатии модар надорад. Ба ибораи худи шоир, њарчанд модар таќвим надораду бесоат аст, аммо ў сарњисоби худро медонад, чун боз њам њамон поси суннатњои ниёи хеш барояш кўмак мекунад, зеро модарони кўњистон њифзи анъана, дониш ва андухтањо аз ниёгони хешро як рукни барљаста рўзгори хеш мешуморанд ва онро њамеша ба унвони њамин як љуъзи зиндагонии худ арљ мегузоранду пос медоранд:

Соати хонаи мо хобидаст,

Модарам бетаќвим,

Модарам бесоат,

Сарњисоби гирањи тобу табаш медонад.

Соати модар њамон хуршед аст, ки дар баробари гармиатобахши ба зиндагонї ва василаи рўшании рўз барои аљдоди мо њукми соатро дошт ва аз рўи он муќарарр мекарданд, ки фурсати рўз ба кадом марњила расидааст. Рўз бо дамидани хуршед оѓоз мешавад ва ќиёми офтоб замони ба нисф омадани он ва њамин тавр фурў рафтану нишастан њамагї даќиќаву соатњои рўзро то фарози шаб таъйн мекунанд. Модари суннатшиносу суннатгаро ба њамон соате, ки дар баробари соати иљтимоии муњаррики мо њаргиз хоб намеравад ва вайрон намешавад, такя мекунад ва њатто аз рўи он рўзи милоди писари шоирашро даќиќ менамояд:

Аз рањи рафтану бозомадании Хуршед,

Гузари рўзу шабаш медонад.

Аз њисоби њамаи суду зиён;

Аз раќамњои саропо мавњум,

Рўзи мелоди маро медонад.

Ин донистанњову шинохтанњои модар, ки ба поси суннати дерина ва хираду донишњои куњан такя мекунанд, дар умум шорењи фалсафаи зиндагонии љорї њастанд. Њарчанд ин љо дар асл таваљљўњ ба як зиндагонии нотакрору мусаффо ва зебои суннатї аст, вале зимнан рўњияи озоду лоќайди модар низ тасвир мешавад, ки њама чизро бидуни соату таќвим маърифат мекунад,чун соатњои иљтимоии замони нав навъе пайванд ва мањдуду мунњасир будани инсони муосирро тафсир менамояд, вале њамон бетаќвимї ва бетаваљљуњии модар ба соати хобида тасвири рўњияи озоду ворастаи ўро ба намоиш мегузорад, ки маърифаташ берун аз њамаи ин ќайдњо дурусту собит аст, яъне барои дигарон зистан бидуни соату таќвиму њаљми ваќт:

Зотан ў фалсафаи зиндагиро медонад,

Ки барои дигарон зистан аст

бесоат, бетаќвим.

Рўзи ў испед аст.

Ба дилаш аќрабаки уммед аст,

Соати модари ман Хуршед аст.

Њамин тавр, бузургии модари Бузургмењр ва тамоми модарони азизи мо соњиби њамин соате будан аст, ки он соат Хуршед асту хуршедї, ки аќрабаки уммеди он дар дили модар ќарор дорад, ки ба василаи њамин омили бузургї рўзи ў њамеша сапеду рўшану нуронист.

Бузургмењри Бањодур дар сурудани ашъори ватандориву ватандўстї роње кушодааст, ки баробари шарњу баёни њисси махсуси худи ўро ифода намудан, сурудањояшро ба унвони намунањои љадиди ин навъи шеъри замони мо муаррифї мекунанд. Дар ашъори ватандўстонаи ў омезањои тафаккур ва њофизаи таърихи куњани тољикон, унсурњои фарњанги миллї, таќаддуси ёдгорињои ниёкони мо, мероси моддиву маънии гузаштагон, ки имрўз омили ифтихори миллї шудаанд, бо падидањои нодири имрўз, истиќлоли миллї, вањдату сулњ ва амсоли ин љойгоњи махсус касб кардааст. Дар шеъри “Тољи тољик” ин фарри ифтихори миллиро шоир оинадори њастии бузурге дар миёни сангњои кўњсорон ва покиза чун чун чашмасорон ном мебарад. Ин тољи тољикона аст,ки номаш њанўз дар ањди бостон дар кўњи Бесутун њак шудааст ва аз ин сабаб номи тољик кўњосо бесутуну устувор то абад боќї хоњад монд:

Дар миёни сангњо оинадорам то абад,

Покдил чун чашмањоям, обёрам то абад.

Номи ман аз бостон дар Бесутун њак гаштааст,

Кўњосо бесутуну устуворам то абад.

Чењрањои барљастаи таърихи фарњанг ва адабиёти миллии мо дар шеъри Бузургмењр рамзи ватандўстї, таќдир аз сарватњои маънавї ба шумор мераванд.

Бузургмењри Бањодур шоирест, ки дар чањор фасли сол таљрибаи бањор оварданро озмудааст дар шеър. Њар вожаву таркиб ва каломи ў бўи накњати гулњои бањорї дораду насими айёми рабеъ аз гулвожањову гулистони маърифаташ мерасад. Аз ин хотир, ў бо такя бар њамин таљрибањои бањорпайѓомии хеш ба мо мегўяд, ки бањор овардан осон аст, аммо худ њамеша дар худи бањору тобистон ва дар поизу зимистон бањори ишќу муњаббату иродат овардааст. Чун шоирест њамболи турнањо. Агар маљмўаи аввалаш Њамболи турнањо” унвон гирифта, он њам ба хотири он аст, ки худ њамболи турнањо рисолати расонидани паёми бањорро дар тамоми фаслњо ба иљро мерасонад. Агар турнањо омадани бањори фасли табиатро ба мо паём мерасонанд, Бузургмењри њамболи ин турнањо барои мо њамеша рўњи бањорро тавассути ашъори бањорпайёѓом мерасонад ва њамин масъулияти баланди шоириву инсониро ба поён мебарад. Ва боз њам барои њамин бо камоли итминон мегўяд, ки “Бањор овардан осон нест”, чун худ ин таљрибаро озмудааст дар расонидани пайѓоми бањори шеър ва шеъри бањороин.

Нуралї НУРЗОД,

доктори илми филологї


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш