Нашрияи Омӯзгор

Технологияи замонавӣ дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2022-04-28        Дида шуд: 89        Шарҳ: 0

Дар шароити муосир, мактабро бе технологияњои нави иттилоотї, тасаввур кардан ѓайриимкон аст.

Системаи таълимї ба муњити иттилоотии таълимї (МИТ) асос ёфтааст. Мањз он имкон медињад, ки ба сўи системаи кушоди таълимї, ки ба талаботи муосир љавобгў бошад, гузарад. Муносибати интерактивии «одам – компютер» ба асоси раванди муосири таълим табдил меёбад. Муњити иттилоотї ва таълимї гуфта, мо маљмуи шароитњоро дар назар дорем, ки таълимро таъмин мекунанд.

Бо ёдоварї аз маводи омўхташуда, мо метавонем 1-2 слайдро аз презентатсияи ќаблї иќтибос кунем (агар вуљуд дошта бошад) ва тарњрезии онњо набояд ба заминаи нав мувофиќат кунад, то хотираи ассотсиативї бењтар кор кунад. Вазифањои асосии тањсилоти ибтидоии умуми: ташаккули шахсияти хонанда, ќобилияти эљодии ў, шавќу њавас ба таълим, ташаккули майлу хохиш ба дониш; тарбияи њиссиёти ахлокй ва эстетикй, муносибати эмотсионалї-арзишї ба худ ва ѓайра.

Њангоми шарњ додани маводи нав имкониятњои худи презентатсия ва тартиби он васеътаранд. Агар презентатсия дар њама марњилањои дарс тањия шуда бошад, бењтар аст, ки ќисмњои онро бо заминањои гуногун људо кунед, дар айни замон, услуби тарњрезї бояд њамчун як чизи ягона ќабул карда шавад. Дар ин љо хеле муњим аст, ки дарсро бо слайдхои аз њад зиёд ва якранг табдил надихем.

Маќсади асосии таълим дар мактаби ибтидої аз он иборат аст, ки ба њар як кўдак дар як муддати кўтоњ азхуд кардан, табдил додан ва дар амал истифода бурдани миќдори зиёди иттилоотро омўзонем. Омезиши усулњои технологияњои муосири иттилоотї метавонад ба омўзгор дар њалли ин вазифаи душвор кумак расонад.

Маќсади асосии истифодаи технологияи замонавї дар синфњои ибтидой аз он иборатанд: фароњам овардани шароит барои чуќуртар ва босифати баланд аз худ намудани мавзўъ, аз тарафи талабагон азхуд намудани масъалањои асосии курси ибтидой, инкишофи фаъолияти фикрй ва маърифатй; таъмини рушди фаъолияти таълимию амалии хонандагон, ки ба ташаккули малакањои мувофиќ нигаронида шудааст: ташаккул додани тафаккури мантиќї, хотира, ќобилияти тобеъ кардани диќќат ба иљрои вазифањо. Ташаккул додани ќобилияти љамъбасткунї, ќобилияти гўш кардан, мулоњиза кардан, фикр кардан, бо истифода аз донишњои мављуда мебошад. Ман дар синфхона бо истифода аз телевизор, ки ба проектори мултимедиявї пайваст шудааст, дарс мегузаронам.

Ман бовар дорам, ки истифодаи технологияи компютерї метавонад таълими фанњои анъанавиро таѓир дода, боиси бештар гардидани шавќу њаваси шогирдон ба дониш мегардад.

 

 

Д. Азизхонова,

омўзгори синфњои ибтидої

МТМУ раќами 3

шањри Бўстон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш