Нашрияи Омӯзгор

Адабиёти илова дар дарси забони англисӣ

Сана: 2022-04-28        Дида шуд: 94        Шарҳ: 0

Омўзиши забони англисї барои инкишофи њаматарафаи хонанда,  љањонбинї, тафаккур, хотира ва њиссиёти кўмак мекунад. Он дар ташаккули андеша, мавќеи инсон дар љомеа, табиат ва муњит наќши муњимро мебозад.

Дар ин росто,зарур аст, ки ба китобњои дарсии забони англисї барои синфњои 3-11 такя  намуда, аз рўи имконият кўшиш намоем, ки тамоми супоришњои њар як мавзуъро ба ќадри имкон њал ва боз аз маводи иловагї истифода намоем. Дар китобњои дарсї бо баъзе супоришњо дучор омадан мумкин аст, ки ба хонандагони дењот, мушкил буда, ба синну соли онњо мувофиќат намекунад.

Аз ин рў, истифода аз маводи иловагї ва технологияи муосир сифати дарсазхудкуниро таќвият мебахшад. Хушбахтона, солњои охир аз љониби устодони соњибтаљрибаи мактабњои олии кишварамон китобњои дарсї ва дастурњои таълимиву методии ба талабот љавобгў тањия мешаванд, ки ин иќдом дар раванди таълими забонњои хориљї, њам ба устодони мактабњои олї ва њам муаллимони мактањои миёна кумак менамояд.

Аз љумла, чунин китобњо, китобњои таълифнамудаи  омўзгори кафедраи забонњои хориљии Донишгоњи технологии Тољикистон, устоди пуртаљриба   Ниёзбадал Маликов ба шумор меравад, ки нињоят оммафањм ва сода буда, барои хонандагон диќќатљалбкунанда мебошад.  Яке аз дастурњои таълимии устоди арљманд китоби “Tajikistan my motherland – Poems and stories of the sunny country”) – ( Тољикистон, ватанам – Шеъру ривоятњои кишвари офтобї) ба шумор мервад. Китоби мазкур дорои шеъру ривоятњои саршор аз мењру муњаббат нисбат ба ватани аљдодиямон мебошад. Ањамияти ин маљмуа дар он аст, ки он фарогири маълумоти муфид оид ба муќаддасоти ватан, ќањрамонони миллат, манзарањои зебои кишвар ва расму оини миллати барўманди тољик аст.

Аз љумла, њангоми гузаштани машѓулият дар синфи 7 (дарси 10, сањифаи 26) дар бораи кишвари мањбубамон Тољикистон  матне дода шудааст, ки дар матн дар хусуси мавќеи географї, пайдоиши миллати тољик ва далоилу арќоми гуногун оид ба Истиќлолияти Тољикистон оварда шудааст. Барои таќвияти дарс истифода аз китоби номбурда “Tajikistan my motherland” бамаврид мебошад. Зеро дар дастури мазкур калимањо ва иборањои зудфањму талаффузашон на онќадар душвор гирд оварда шудаанд.  

Мисол:  is called- ном дорад

 Native country – ватани аљдодї

 Respect – эњтиром кардан

Hospitable-мењмоннавоз

Greatest-бузургтарин

Contribution  - сањм (њисса) ва ѓайрањо.

афзун намудани захираи луѓавии шогирдон наќши муњим мебозад.

Китоби дигари Н. Маликов “Let’s  speak   English -  Special course for infants” – (Биёед ба англисї њарф занем - Курси махсус барои хурдсолон) мебошад. Азбаски хурдсолон ба талаффуз ва хондани порчањои шеърї бо забони англисї мароќи зиёд доранд, њангоми кор бо ин китоб онњо ба ѓайр аз забони модарии худашон боз бо ду забон англисї ва русї ошно мешаванд. Китоби мазкур аз видеодискњо иборат буда, фарогири 20 дарс мебошад, ки ба мавзуи My family (Оилаи ман) бахшида шудааст. Маводи љолиби китоби мазкур на танњо ба хонандагони хурдсол, балки барои хонандагони синфњои 3-5 – и мактабњои дењоти дурдаст низ мувофиќ меояд. Бо фаро гирифтани дарсњои китоб хонандагон метавонанд 800 калимаву ибораи англисиро азхуд намоянд.

Хусусияти хос ва муфиди китоби “Let’s  speak   English -  Special course for infants” – (Биёед ба англисї њарф занем - Курси махсус барои хурдсолон) ин аст, ки он дорои маводи видеої мебошад. Ба мо маълум аст, ки аксари хонандагон дар хондани калимањои забони англисї мушкилї мекашанд. Ваќте мо диски ин китобро дар дивидиплейерњо, телевизор, компютер ё планшет гузошта, дар навор онро тамошо мекунем, талаффузи дурусти калимањои забони англисї ба мо дастрас мегардад.

Рањимбой Њасанов,

омўзгори фанни забони

англисї МТМУ №49,

ноњияи Айнї

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш