Ифротгароиву таассубситезї њамчун зуњуроти хатарзо барои љомеаи љањонї эътироф гардида, муборизаи оштинопазир бар зидди ин падидањои зиддибашарї вазифаи на танњо нињодњои марбута, балки кори њаррўзаи оила, мактаб ва љомеа мањсуб меёбад. Аз ин рў, мо бояд њамчун узви љомеаи башарї љињати пешгирии ин рўйдодњои дањшатангез пайваста чорањои таѓйирнопазир андешем.
Маълум аст, ки яке аз омилњои љанги шањрвандии солњои 90-уми асри гузашта, зиёд гардидани таъсири ифротгароиву таассуби динї миёни оммаи халќ буд, ки дар саргањи он њомиёни ТТЭ ЊНИТ ќарор доштанд. Гузашта аз ин, дар солњои аввали соњибистиќлолии мамлакат дар сатњи паст ќарор доштани маърифати динии ањолї ва дар њоли гузариш ќарор доштани системањои сиёсї ва иќтисодии Тољикистон осебпазирии динию сиёсиро афзун гардонд. Чунин вазъият табиист, ки дар роњи мубориза ба падидањои номатлуби давр монеањои љиддиро эљод намуда буд.
Аз рўйи маълумоти даќиќ, моњи марти соли 2015 дар љаласаи пинњонї дар Душанбе бо иштироки фаъоли раиси ТТЭ ЊНИТ Муњиддин Кабирї, узви шурои олии сиёсии њизб, муовини ваќти вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон А. Назарзода ва баъзе аъзои дигари ин њизб оид ба омодагии мусаллањона бар зидди њукумати конститутсионї мувофиќа ба даст оварда, бо кумаки хољагони хориљии худ, ки љињати амалї гаштани наќшањои љинояткорона 20 гурўњи мусаллањ ташкил намуданд.
Хушбахтона, дар кишвар амалиёти зиддитеррористї гузаронида шуда, дар рафти он 520 яроќи оташфишон ва 11 000 лавозими љангї аз дастандаркорон – гурўњњои љиноятї мусодира гардида, 38 террорист нобуд, 161 узви ТТЭ ЊНИТ ва шарикони онњо дастгир гардиданд. Бояд гуфт, ки давлатњои аъзои Созмони зидди террористии Созмони њамкории Шанхай, Иттињоди Давлатњои Мустаќил, Созмони Ањдномаи Амниятии Дастљамъї ЊНИТ-ро њамчун ташкилоти террористї эътироф карданд. Њамзамон, ЊНИТ дар Фењристи ягонаи созмонњои террористї, људоихоњ ва экстремистї, ба монанди “Њизбуллоњ”, “ЊАМОС”, “Ал-Ќоида”, њаракати “Толи-бон”, “Ал-Собирин” ва дигарњо дохил гардида, фаъолияташон дар ќаламрави давлатњои узви Созмони Њамкорињои Шанхай (Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Россия, Чин, Тољикистон, Ўзбекистон, Њиндустон ва Покистон) мамнуъ эълон гардидааст.
Фаъолияти иѓвогароёнаю тундгароёнаи ТТЭ ЊНИТ имрўз њам дар хориљи кишвар идома дорад. Онњо пайваста кўшиш ба харљ медињанд, ки фазои орому субот ва созандаи мамлакатамон – Тољикистонро ба њар восита халалдор намоянд. Бинобар ин, институтњои иљтимоии кишвар – оила, мактаб ва љомеа бояд дар самти тарбияи солими насли ояндаи давронсоз рисолати азалии худро якдилона иљро намуда, дар тарбия ва таълими ояндагон сањмгузор бошанд.
Бо дарназардошти вазъи феълии минтаќа ва љањони муосир, дар замоне ки сару садоњои фаровоне дар асоси наќшањои тарњрезишуда љињати созмон додани иттињодияњою гурўњњои муташаккили љинояткорї – ифротгароию экстремистї дар фазои фаромиллї ба воситаи шабакањои махсуси таблиѓотии ифротгарои интернетї дар њама љо пањн мегардад, насли имрўзу фардо, рўйњамрафта, ањли љомеа бояд зиракию њушёрии сиёсиро аз даст надињад ва барои њифзи сулњу субот ва вањдати комили халќи кишвар њамеша талош варзанд. Ва танњо њамбастагиву вањдати комили халќамон моро ба сўйи комёбињои дурахшон рањнамун месозад.
Насриддин ТАШРИФОВ,
ходими калони илмии ММХ-и
назди раёсати АМИТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр