28 апрел Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар дењаи Офтобрўяи Љамоати дењоти Лолазори ноњияи Данѓара муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди бањрабардорї ќарор доданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимї аз љумла, синфхонаи компютерї, китобхона ва дигар њуљрањои зарурї мебошад.
Дар муассисаи нави таълимї 9 нафар омўзгор ба таълиму тарбияи 159 нафар хонанда машѓуланд.
Иншоот бо мизу курсї, таљњизоти муосири омўзишї ва дигар аёниятњои хониш муљањњаз гардонида шудааст.
Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №80 дар доираи љашни 35 - солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон бо сањми соњибкорону шахсони бонангу номуси ноњия бе љалби маблаѓњои буљетї мутобиќ ба талаботи замон ва бо сифати баланд сохта шудааст. Барои дар мавсими сармо таъмин намудани синфхонањо бо гармї системаи гармидињандаи буѓї сохта шуда, атрофи иншоот сафолакпўш ва бо шинонидани гулу бутта ва нињолњои сояафкану ороишї ободу зебо гардонида шудааст. Њамчунин, дар назди муассисаи таълимї майдончаи варзишї барои футбол, волейбол ва баскетбол бунёд гардидааст.
President.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр