30-юми апрели соли љорї дар мактаби Президентї барои хонандагони болаёќат дар шањри Њисор аз фанњои табиї-риёзї ва дар литсей барои хонандагони болаёќат дар шањри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотї даври љумњуриявии олимпиадањои фаннї барои хонандагони синфњои 7-8-и муассисањои тањсилоти умумии кишвар баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази љумњуриявии дарёфт ва рушди истеъдодњо Нусратулло Саломиён, намояндагони раёсату шуъбањои маориф, омўзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Баъди ифтитоњи озмун хонандагон вобаста ба фанњо ба гурўњњо људо шуда, донишу мањорати худро нишон доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадањои мазкур 732 нафар хонанда – аз муассисањои тањсилоти умумї 283 нафар ва аз муассисањои тањсилоти
умумии типи нав 449 нафар иштирок карданд.
Љамъбасти даври љумњуриявии олимпиадаи фаннї барои наврасон аз фанњои табиї-риёзии муассисањои тањсилоти умумии љумњурї нишон дод, ки хонандагони боистеъдоди шањри Душанбе бо дарёфти 124 љойи ифтихорї (29 љойи якум, 48 љойи дуюм, 47 љойи сеюм) сазовори маќоми аввал, вилояти Суѓд бо дарёфти 77 љойи ифтихорї (11 љойи якум, 15 љойи дуюм, 51 љойи сеюм) сазовори маќоми дуюм, вилояти Хатлон бо дарёфти 49 љойи ифтихорї (2 љойи якум, 16 љойи дуюм, 31 љойи сеюм) сазовори маќоми сеюм, шањру ноњияњои тобеи љумњурї бо дарёфти 35 љойи ифтихорї (7 љойи якум, 8 љойи дуюм, 20 љойи сеюм) сазовори маќоми љорум ва Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон бо дарёфти 4 љойи ифтихорї (4 љойи сеюм) сазовори маќоми панљум гардиданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр