25-уми апрели соли љорї дар Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон вохўрии Рањим Саидзода – вазири маориф ва илм бо Адњам Мусаллам – роњбари намояндагии Барномаи озуќавории љањонии Созмони Милали Муттањид дар Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, ки дар он Љамшед Љўразода – муовини якуми вазири маориф ва илм, Илњом Камолзода – сардори ра-ёсати муносибатњои байналмилалї ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Зимни вохўрї љонибњо доир ба масъалањои марбут ба татбиќи лоињањои љорї ва дурнамои њамкорињо мубодилаи афкор намуданд.
Вазири маориф ва илм Р. Саидзода иброз дошт, ки бо дастгирии БОЉ-и СММ дар доираи амалисозии кумак оид ба таъмини ѓизои мактабї дар дењоти кишвар ба кўдакони оилањои осебпазир зиёда аз 435 њазору 667 кўдак дар 2000 мактаби 52 шањру ноњияи Љумњурии Тољикистон бо ѓизо таъмин мегарданд, ки наздики 50%-и њамаи хонандагони синфњои ибтидоии мамлакатро ташкил медињад. Њамчунин, бо мусоидати Пажуњишгоњи ѓизои соњавии едератсияи Россия дар озмоиши моделњои нави ѓизои мактабї, мутамарказонии он ва ташкили имконият барои ѓанигардонии фондњои ѓайрибуљавии мактаб ёрии амалии техникї расонида мешавад. Тањия ва љорї намудани шаклњои мазкур самти нави наќшаи амал оид ба татбиќ намудани лоињањои таљрибавии рушди ѓизои мактабї дар Љумњурии Тољикистон гардидааст. Наќшаи мазкур наќши калидиро дар алоќамандї ба Стратегияи рушди устувори ѓизои мактабї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои то 2027, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 сентябри соли 2017 тасдиќ гардидааст, мебозад. -Дар њамкорї бо шарики техникии худ, яъне Пажўњишгоњи ѓизои соњавии Россия, инчунин, дар мувофиќа бо Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї ва Вазорати маориф ва илм, 50 мактаби пилотї аз 15 шањру ноњияњои љумњурї (35 мактаб дар вилояти Хатлон ва 15 мактаб дар водии Рашту шањри Роѓун) барои таъмири ошхона, таъмини таљњизоти хўрокпазї ва таъмини мебели ошхона интихоб гардиданд. Њамзамон, то имрўз 126 лоињаи грантии хурд аз љониби БОЉ дар вилоятњои Суѓду Хатлон ва ноњияњои тобеи љумњурї амалї гардидааст, ки он 616 њазор доллари амрикоиро ташкил медињад.
Њамкории Вазорати маориф ва илм бо Барномаи озуќавории љањонии СММ назаррас буда, фаъолияташро дар Тољикистон аз соли 1993 оѓоз намудааст. Маќсади барнома дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон дар самти баланд бардоштани амнияти озуќаворї ва бењтар намудани хўрока дар сатњи миллї мебошад.
Бахтовар САФАРОВ,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр