Нашрияи Омӯзгор

Вохўрии вазир бо Ҷон Марк Поммершайм

Сана: 2022-05-05        Дида шуд: 25        Шарҳ: 0

25-уми апрели соли љорї дар Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон вохўрии вазири маориф ва илм Рањим Саидзода бо сафири ИМА дар Тољикистон Љон Марк Поммершайм ва роњбари Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тољикистон (USAID) Питер Райли доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Љамшед Љўразода, муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, мудири  шуъбаи маорифи USAID Анжелика Мањал ва дигар намояндагони  љонибњо  иштирок  намуданд.

Зикр гардид, ки њадаф аз вохўрии мазкур шиносої, баррасии њамкорињо ва музокирот дар бобати лоињаи Ёддошти тафоњум байни Вазорати маориф ва илм ва USAID “Њамроњ биомўзем” мебошад.

Р.  Саидзода-вазири маориф ва илм иброз дошт, ки њамкорињо миёни Љумњурии Тољикистон ва ИМА дар соњаи маориф ва илм дар доираи лоиња ва барномањое, ки аз љониби Департаменти давлатии ИМА дар соњаи маориф ва илм маблаѓгузорї мешаванд, ба роњ монда шудааст. Айни замон, њашт маркази амрикої дар шањрњои Душанбе, Хуљанд, Исфара, Кўлоб, Хоруѓ, Бохтар, Ѓарм ва Панљакент фаъолият мекунанд.

Дар самти њамкорињо миёни муассисањои тањсилоти олии касбї шурўъ аз соли 2007 то ба имрўз факултети забони англисии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С.  Айнї бо Сафорати ИМА њамкории хешро ба роњ мондааст.  Дар заминаи ин њамкорї њамасола ба донишгоњ як нафар омўзгори соњибзабон барои дарс гуфтан ташриф меоварданд. Самараи њамин њамкорињо буд, ки дар соли хониши 2020-2021 бо маблаѓгузории Сафорати ИМА дар Тољикистон дар заминаи факултети забони англисї “Маркази захиравї” ташкил карда шудааст.

Њамчунин, зимни мулоќот иттилоъ дода шуд, ки њамкорињои Вазорати маориф ва илм бо USAID дар асоси Созишномаи њамкорї ба роњ монда шудааст. Моњи июли соли 2017 оид ба фаъолият оѓоз намудани лоињаи “Њамроњ бихонем” Ёддошти тафоњум миёни вазорат ва USAID ба имзо расид. Аз љониби Лоиња дар мувофиќа бо Вазорати маориф ва илм дар маљмўъ, 179 номгўй киоби бадеии кўдакона ба миќдори зиёда аз 1 300 000 нусха бо забонњои тољикї ва русї барои синфњои ибтидої ба 3001 муассисаи таълимии такягоњии Лоиња ба тариќи ройгон дастрас гардид. Њамчунин, дар ин замина 16 номгўй аёниятњои таълимию методї низ ба муассисањои таълимї дастрас карда шуд.

-  USAID агентии рушд мебошад, ки намояндагиаш дар саросари љањон амал мекунад. Маориф ва тањсили кўдакон барои мо яке аз самтњои афзалиятнок ба шумор меравад. Ба ѓайр аз чопу дастрас намудани маводњои таълимї ба кўдакон, инчунин, маќсади мо ба тањсил фаро гирифтани кўдаконе мебошад, ки дорои имкониятњои мањдуд, аз љумла, биноияшон суст аст ва мо барои ин гуна шахсон маводњои таълимї бо шриф-ти Брайл омода кардаем, ки як љузъи тањсили фарогирро ташкил медињад, - гуфт Питер Райли, роњбари Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тољикистон.

Бахтовар САФАРОВ,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш