Дар Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон муаррифии платформањои раќамї дар доираи лоињањои ЮНИСЕФ дар њамкорї бо Вазорати маориф ва илм доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Љамшед Љўразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, роњбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тољикистон Алберто Бианколи, кормандони дастгоњи марказї ва муассисањои тибеи вазорат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Љ. Љўразода-муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, бањри амалї намудани дастуру супоришњои Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади раќамикунонии соњаи тањсилот, ба вуљуд овардани шароит барои тањсилоти фосилавї, татбиќи “Барномаи давлатии амалї намудани технологияњои иттилоотї-коммуникатсионї дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2022” тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29.09.2017, №443 ва “Барномаи миёнамуњлати рушди иќтисоди раќамї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025” аз 26.10.2021, №460 иљрои Наќшаи фа-ъолияти якљояи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Намояндаи Хази-наи кўдакони Созмони Милали Муттањид дар Тољикистон (ЮНИСЕФ) барои солњои 2021-2022 лоињањои платформањои раќамиро дар муассисањои таълимї амалї намояд.
Ќайд кардан мехоњам, ки дар ЮНИСЕФ раќамикунонии соњаи тањсилот яке аз муњимтарин самтњо ба њисоб меравад, махсусан, дар масъалаи дастрасии хонандагон, омўзгорон ва дигар истифодабарандагон ба маводи сифатнок ва умуман, дастрасии оммавї гардидани он. Бояд бигўям, ки њамаи ин иќдомњо бе дастгирии фаъолонаи худи Вазорати маориф ва илм ва зерсохторњои он, аз љумла, Маркази љумњуриявии технологияи информатсионї ва коммуникатсия номумкин буд. Ин буд, ки дар њамкории зичи тарафайн мо платформањоро тањия намудем, њамчунин, дарсњои видеої омода шуда истодаанд ва муњим аз њама он аст, ки ин платформањои чї гуна дастраси муассисањои таълимї, хонандагон ва омўзгорон гардад. Айни њол мо корро дар ин самт таќвият бахшида истодаем, -ќайд кард Алберто Бианколи.
Сипас, аз љониби директори Маркази љумњуриявии технологияи информатсионї ва коммуникатсия Абдурањмон Гулзода па-латформаи таълимии раќамї “Сандуќчаи зулбиё” (www.tomaktabi.tj) муаррифї карда шуд ва таъкид гардид, ки он платформаи раќамии аълимї барои тањсилоти томактабї тањия шудааст, ки барои мураб-биён ва падару модарони кўдакони то синни 6-сола маводи босифатро дастрас менамояд. “Сандуќчаи зулбиё” њамчун платформа ба-рои рафъи холигї дар соњаи маориф њалли наве пешнињод намуда, омўзиши босифат ва таѓйирёбандаро дастгирї менамояд. “Сандуќчаи зулбиё” натиљаи њамкорињои ЮНИСЕФ, Майкрософт, Донишгоњи Кембриљ ва Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон буда, мушкилот ва мањдудиятњои дастрасии беш аз 1,5 миллион кўдакони синни то 6-сола дар Љумњурии Тољикистон ба тањсилоти доимии босифат ва фарогирии ками кўдакон дар саросари кишварро њал менамояд.
Њадафи Китобхонаи электронї (www.marifat.tj), ки аз тарафи мушовири мањаллии Маркази љумњуриявии ТИК Гетигурд Рустамов муаррифї гардид, фароњам овардани дастрасии осон ва кор бо нусхањои раќамии захирањои таълимї, китобњои дарсї ва муњтавои мултимедиявї, аз ќабили аудио ва видео мебошад. Китобхонаи мазкур ба эњтиёљоти таълим ва омўзиш љавобгў буда, мушкилоти рушди бардавомро муайян менамояд. Он барои омўзгорон ва хонандагон имкон хоњад дод, ки захирањои иттилоотї ва воситањоеро истифода баранд, ки муќарраран аз љињати љисмонї ва консептуалї дастнорас набуданд.
Њамзамон, палатформаи омўзишии раќамии “Мактаб Мобайл” (www.maktabmobile.tj) барои омўзгорон, волидайн ва хонандагон ва “Омўзгор Мобайл” (www.omuzgormobile.tj) барои омўзгорон муаррифї гардид.
Бахтовар САФАРОВ,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр