Нашрияи Омӯзгор

Нахустҷаласаи ситоди доимоамалкунанда

Сана: 2022-05-05        Дида шуд: 42        Шарҳ: 0

3-юми майи соли љорї дар Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тањти раёсати вазири маориф ва илм Рањим Саидзода љаласаи Ситоди доимоамалкунанда аз њисоби роњбарони маќомоти марказї ва вилояти Хатлон дар соњаи иљтимої љињати иљрои банди 39 Наќшаи  чорабинињо оид ба иљрои дастуру супоришњои Президенти  Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар  машварати  корї  бо фаъолони  вилояти  Хатлон 24  феврали  соли  2022  баён доштанд, баргузор гардид. Дар кори љаласа роњбарон ва  намояндагони вазоратњои маориф  ва  илм,  фарњанг, тандурустї  ва  њифзи  иљтимоии ањолї, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї, кумитањои  телевизион  ва  радио,  забон ва истилоњот, кор бо љавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъ-ана ва љашну маросим, Агентии назорат дар соњаи маориф ва илм, Академияи миллии илмњои  Тољикистон, Агентии миллии иттилоотии Тољикистон “Ховар”,  Федератсияи иттифоќњои  касабаи мустаќили Тољикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Раиси љаласа, вазири маориф ва илм Р.Саидзода таъкид намуд, ки 24 феврали соли љорї мулоќоти Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон бо роњбарон ва фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он тамоми пањлуњои соњањои иљтимоиву иќтисодии вилоят мавриди тањлилу баррасии њамаљониба ќарор гирифт.  Дар зимн роњбарони Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шањру ноњияњои он якљо бо вазорату идорањои дахлдор дастур гирифтанд, ки бањри бартараф намудани мушкилоти мављудаи вилоят тадбирњои амалї андешанд.

Бо ин маќсад Наќшаи чорабинињо оид ба иљрои дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар машварати корї бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён доштанд, ба тасвиб расид, ки банди 39-и он таъсиси ситоди доимоамалкунанда аз њисоби роњбарони маќомоти марказї ва вилояти Хатлонро дар соњаи иљтимої таќозо менамояд. Дар асоси банди мазкур аз љониби муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон М.Сатториён аз 21 апрели соли 2022 њайати ситод тасдиќ гардида, аъзои ситод вазифадор шудаанд, ки соњаи иљтимоии вилояти Хатлонро мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дода, вобаста ба мушкилоти мављуда наќшаи чорабинињо тањия ва бањри бартараф намудани онњо тадбирњо андешиданд.

Дар рафти љаласа, инчунин, роњбарият ва намояндагони  вазоратњои  фарњанг, тандурустї  ва  њифзи  иљтимоии  ањолї, мењнат,  муњољират  ва  шуѓли ањолї, кумитањои телевизион ва радио,  кор бо  љавонон  ва  варзиш,  кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соњаи маориф ва илм,  Академияи миллии илмњои Тољикистон, Федератсияи иттифоќњои касабаи  мустаќили Тољикистон ва муовини  раиси  вилояти  Хатлон  сухан  ронда, таклифу пешнињодоти  худро  љињати њалли  мушкилоти  љойдошта  дар  соњаи иљтимоии вилояти Хатлон манзур намуданд.

Њамзамон, дар охир ќарор ќабул гардид, ки ситод моње як маротиба љаласаи худро доир намуда, аз натиљаи корњои басомонрасида ба  Њукумати  Љумњурии Тољикистон маълумот пешнињод намояд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш