Изя, азизам, ман дигар ба ту чизи наве дода наметавонам
Дар бораи академике, ки маълумоти олӣ надошт
Изроил Моисеевич Гелфанд яке аз математикони барҷастаи қарни XX, биолог, педагог ва ташкилотчии таълими математикӣ (то соли 1989 дар СССР, пас аз соли 1989 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) 20 августи соли 1913 дар деҳаи хурди Окнии уезди Тирасполск, губернияи Херонски вилояти Одессаи Украина дар оилаи муҳосиб ба дунё омадааст. Ӯ дар мактабҳои яҳудӣ, русӣ ва украинӣ таҳсил намуда, хеле барвақт ба математика майлу рағбат зоҳир кардааст. Соли 1923 оилаи онҳо ба шаҳри Олгоноли Вилояти Виннитса кӯчида омад ва Гелфанд ба мактаби миёнаи он ҷо рафта, бо ҳамсинфаш Д.П. Милман дустӣ пайдо мекунад.
Израил Моисеевич дар бораи наврасиаш чунин нақл мекунад: Ман дар шаҳраки хурде, ки фақат якто мактаб дошт, ба дунё омадаам. Муаллими математикаи ман хеле шахси раҳмдилу бошафқат буд, гарчанде ки математикаро аз ӯ хеле хубтар медонистам ва инро хеле хуб дарк мекардам, аз ӯ муаллими беҳтарро надидаам. Волидони ман имкон надоштанд, ки барояш китобҳои дарсии математикаро бихаранд, онҳо барои ин маблағ надоштанд. Аммо бахт ба рӯи ман хандид. Вақте ки 15-сола будам, маро ба Одесса барои ҷарроҳии кӯррӯда бурданд. Ба онҳо изҳор намудам, ки агар ба ман китоби математика нахаранд, ба касалхона нахоҳам рафт. Китоб харида шуд. Ин хеле китоби одӣ оид ба анализи математикӣ буд, аммо он тасаввуроти писарбачаи 15-соларо дар бораи математика ба куллӣ дигаргун сохт. То ин замон дар ақидаи он будам, ки ду математикаи гуногун: алгебра ва геометрия мавҷуд асту халос. Аммо вақте ки писарбача қатори синус таҷассумкунандаро (қатори Маклорен) дид, дарк намуд, ки дар байни ин илмҳо чуқурии бетаг вуҷуд надорад: «Математика дар назди ман бо ягонагии хеш меистод. Аз он вақт сар карда, ман фаҳмидам, ки соҳаҳои гуногуни математика ҳамҷоя бо физикаи математикӣ кулли ягонаро ташкил медиҳанд».
Дар наврасӣ Гелфанд дар назди худ омӯзгорони нисбатан босалоҳиятро надошта, математикаро асосан аз рӯи китобҳо омӯхта, натиҷаҳои гуногуни классикиро кашф менамуд. Донишҳои андӯхтаи ӯ барои он кифоя буданд, ки дар ибтидои солҳои 30-юм ба Москва равад. Ба туфайли шароити вазнини оилавӣ ӯ мактаби миёнаро ба итмом расонида наметавонад. Соли 1930 вақте ӯ синфи 9-и мактаби деҳаро хатм намуд, омӯзгори математика ба ӯ мегӯяд: «Изя, азизам, ман дигар ба ту ҷизи наве дода наметавонам. Ба Москва рафта, Донишгоҳи давлатии Москва, факултаи механика – математикаро ёб. Хон, дар оянда ту ҳатман математики бузург хоҳӣ шуд!». Дар факултаи механика – математика Изя фақат то котибаи декан рафта расиду халос.
- Писарҷон, шаҳодатномаи шумо дар бораи хатми мактаби миёна канӣ? – пурсид котиба.
- Ҳа, шумо шаҳодатнома надоред! Набошад ба Украина баргашта, пас аз як сол бо шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна биёед!
Гелфанд ба хона баргашта наметавонист ва намехост. Суханҳои омӯзгори мактаб дар бораи математики бузург шудан, дар қалби ӯ ҷо гирифта буданд. Ӯ қарор дод, дар Москва монад. Якчанд вақт бекор гашта, бо корҳои тасодуфии ҳарӯза машғул мешавад ва ниҳоят барои таъмину зисту зиндагӣ дар китобхонаи ба номи Ленин, дар хонаи либоскашӣ ба сифати назоратчӣ ба кор даромад, ба ҳар ҳол ӯ ба китобҳо наздик шуда, ба худомӯзӣ машғул мешавад.
Боре, ҳангоме ки ӯ як монографияро оид ба математикаи олӣ мутолиа менамуд, математики аллакай дар он замон машҳур Андрей Колмогоров ӯро дида пурсид:
- Писарҷон! Ту чаро ин китобро мехонӣ? Охир ту аз он чизе намефаҳмӣ.
- Мебахшед, рафиқ профессор, шумо ҳақ нестед, - гуфт Изроил.
- Ман ҳақ нестам? Набошад, ана ба ту се масъала. Ақаллан яктои онро ҳал карда, ба ман деҳ. Ту ду соат вақт дорӣ.
Колмогоров пас аз чанд соат ба китобхона омад. Ӯ дар бораи супориши худ аллакай фаромӯш карда буд. Ҳангоми аз бинои китобхона баромадан, Гелфанд давида омада, гуфт: -Рафиқ профессор! Ман масъалаҳои шуморо ҳал кардам. Андрей Николаевич аз дасти Гелфанд варақҳои ҳалли саросемавор навишташударо гирифта дид, ки ҳар се масъала пурра ҳал карда шудаанд. Масъалаи аз ҳама душвор – сеюм бо тарзи зебое ҳал карда шудааст, ки ҳатто ин тарз ба худи Андрей Николаевич Калмогоров номаълум буд.
- Ба ту касе кумак расонид? - бо шубҳа пурсид профессор.
- Бубахшед, устод, инҳоро худам ҳал кардам.
- Худат ҳал кардӣ? Набошад, мана ба ту боз се масъалаи дигар, агар дутои онро дуруст ҳал кунӣ, ман туро ба назди худ ба аспирантураи факултаи механика – математика мегирам. Ба ту ҳамагӣ чор рӯз муҳлат!
Пас аз чор рӯз Колмогоров ба ҷои либосивазкунонии китобхона омада, рост ба он секторе, ки Гелфанд он ҷо кор мекард, равон шуд.
- Корҳо чӣ хел? – пурсид профессор
- Ба фикрам, корро иҷро кардам, - гуён Изроил варақҳои ҳалли масъалаҳоро ба Колмогоров дароз кард.
Профессор варақҳоро бо диққат хонда, сарашро бардошта ба рӯи ҷавон нигоҳ карда, гуфт:
- Маро барои шубҳаам бубахшед, акнун ман боварӣ ҳосил намудам, ки шумо ин масъалаҳоро худатон ҳал намудаед. Гап дар сари он аст, ки на дар китобхона ва на берун аз он касе ба шумо тарзи ҳалли масъалаи сеюмро нишон дода наметавонист: то ин рӯз математикон онро ҳалнашаванда мешумориданд. Рафтем, ман шуморо бо ректори донишгоҳ шинос мекунам.
Онҳо ба ҳуҷраи кории ректор дохил шуда, ӯро саргарми ким-кадом кори хеле муҳим дарёфтанд. Ректор ба сӯи онҳо назаре наафканда гуфт:
- Андрей Николаевич! Ман бояд фавран ин ҳуҷҷатҳоро тайёр кунам, Шумо бошед ба назди ман ким-кадом писарбачаро овардед.
- Мебахшед, ин ким кадом писарбача не, ин Изроил Моисеевич Гелфанд – математики гениалӣ мебошад – гуфта, ӯ Изроилро ба ректор муаррифӣ намуд. Ӯ мехоҳад ба аспирантура дохил шавад, илтимос, ба ин розигӣ диҳед.
Маҳз барои ҳамин, академик Гелфанд ҳеҷ гоҳ дар синфи 10 нахондааст ва ҳеҷ гоҳ донишҷӯ набуд.
Аз соли 1931 ӯ дар якчанд муасисаҳои олии илмӣ дар маҳфилҳои шабонаи математикӣ ширкат меварзид ва бар хилофи озмун ҳамчун ассистенти кафедраи математикаи Институти шабонаи химико – технологӣ ба кор қабул карда шуд. Пас аз як сол бе маълумоти олӣ ба гурӯҳи А.Н. Колмогоров ҳамчун аспирант (солҳои 1932 - 35) қабул карда шуда, ҳамзамон аз соли 1932 ба дарсгӯӣ дар ДДМ шурӯъ намуд. Чӣ хеле ки шогирди дигари Колмогоров В.И. Арнолд шаҳодат медиҳад, Колмогоров мегуфт, ки фақат ду математик ҳастанд, ки дар гуфтугӯ бо онҳо ӯ мавҷудияти тафаккури олиро ҳис мекунед ва яке аз онҳо И.М. Гелфанд мебошад.
Худи Гелфанд мегӯяд, ки дар камолоти ӯ ба ғайр аз А.Н. Колмогоров инчунин математик Л.Т. Шнирелман нақши муҳим бозидаааст. Дар ташаккули фаъолияти илмии Гелфанд, инчунин, Л.А. Люстерник, М.А. Лаврентев, А.И. Плеснер ва И.Г. Петровский саҳм гузоштаанд.
Гелфанд мақолаи нахустини илмии хешро якҷо бо Колмогоров навиштааст. Ӯ соли 1935 рисолаи хешро таҳти унвони «Функсияҳои абстрактӣ ва операторҳои хаттӣ» дифоъ намуда буд, ки он аллакай дорои як қатор натиҷаҳои муҳим ва методикаи истифодаи таҳлили классикиро барои омӯзиши функсияҳои фазоҳои нормиронидашударо дар бар мегирифт. Соли 1939 ӯ рисолаи докториро пешниҳод ва соли 1940 онро ҳимоя намуда, дар он назарияи ҳалқаҳои коммутативии нормиронидашудаи хешро пешниҳод намуд, ки ин Гелфандро ба қатори математикони бузурги он замон дохил намуда буд. Аз ҳама муҳимаш он буд, ки назарияи ҳалқаҳои нормиронидашудаи Гелфанд бори нахуст алоқаи наздики байниҳамдигарии таҳлили функсионалии банахӣ ва таҳлили классикиро ошкор намуд.
Истифодаи идеалҳои максималӣ на фақат ба инкишофи таҳлили гармоникӣ, балки ба рушди минбаъдаи тамоми геометрияи алгебравӣ такони бузург дода буд. Ин давраи якуми эҷодиёти Гелфанд бо монографияи «Ҳалқаҳои коммутативии нормиронидашуда» (бо ҳаммуаллифии Д.А. Райков ва Г.Е. Шилов) ба итмом расида, Гелфанд ба назарияи пешниҳодҳо рӯй овард.
Асарҳои асосии илмии И.М. Гелфанд ба таҳлили функсионалӣ, алгебра ва топология мансуб мебошанд. Ӯ яке аз барпокунандагони назарияи ҳалқаҳои нормиронидашуда (алгебраи банахӣ) мебошад, ки он асоси назарияи барпокардаи ӯ (ҳамҷоя бо М.А. Наймарк) оид ба ҳалқаҳои дорои инволютсия ва назарияи пешниҳодҳои гурӯҳҳои бефосилаи унитарии беохирченакаро (гурӯҳҳои С. Ли) ташкил дода, дар физикаи назариявӣ дорои аҳамияти махсус мебошад. Дар қатори ин, ӯ муаллифи натиҷаҳои назарраси фундаменталӣ дар соҳаи функсияҳои умумикардашуда буда, бо муодилаҳои дифференсионалӣ, назарияи фазоҳои хаттии топологӣ, масъалаҳои баръакси таҳлили спектралӣ, механикаи квантӣ, системаҳои динамикӣ, назарияи эҳтимолият, методҳои ададӣ ва тақрибӣ ва соҳаҳои дигари математика ҷиддӣ машғул шудааст.
Соли 1940 дар ҳамҷоягӣ бо М.А. Наймарк ӯ назарияи ҳалқаҳои ғайри коммутативии нормиронидашудаи дорои инволютсияро кор кард. Дар он нишон дод, ки чунин ҳалқаҳоро ҳамеша дар намуди ҳалқаҳои операторҳои хаттӣ дар фазои гилбертӣ пешниҳод намудан мумкин аст, ки ин муаммои асосии тамоми назарияи муосири С*-алгебраҳо мебошад. Худи ҳамон вақт Гелфанд дар болои назарияи пешниҳоди гурӯҳҳои ғайриихчам (ғайрикомпакт) кор мекард, ки он назарияи гурӯҳҳои охирноки Фробениус ва гурӯҳҳои ихчами Веалро инкишоф медод. Баъдтар ин кор Гелфандро ба тадқиқи асосҳои геометрияи интегралӣ ва таҳқиқи табдилдиҳиҳои Радон оварда расонид.
Дар солҳои шастуми асри ХХ Гелфанд дар болои классификатсияи топологии операторҳои эллиптикӣ кор кардааст. Ҳамҷоя бо Б.М. Левитан ва А.А. Дикий ӯ муносибатро ба масъалаҳои баръакси спектралӣ ва назарияи паҳншавӣ кор кард. Солҳои 1968 - 1972 силсилаи корҳоро оид ба Когомологияи алгебраҳои беохирченаки Ли (Когомологияи Гелфанд - Фукс) навиштааст. Ин кор ба синфи махсуси фолиатсияҳо (Гелфанд - Фукс) оварда расонида буд.
Дар соҳаи муодилаҳои дифференсиалӣ ӯ дар асоси корҳои К.Л. Соболев ва Л. Швартс дар соҳаи функсияҳои умумикардашуда ва тақсимотҳо масъалаи баръаксро барои муодилаҳои Штурм – Лиувилл ҳал намудааст.
Соли 1963 дар мактаби №2-и Москва ба кор оғоз намуд. Ӯ инчунин дар назди Донишгоҳи давлатии Москва маҳфили нахустини математикиро барои мактаббачагон таъсис дод. Дар асоси он Мактаби умумиитифоқии ғоибонаи математикӣ (МУҒМ) сохта шуд, ки дар давоми 30 сол онро беш аз 70 ҳазор нафар хатм намуда буданд. Тамоми ин солҳо Гелфанд раиси шӯрои илмии он буда, бо коркарди маводи таълимӣ барои хонандагон машғул буд.
Мамадҷон МАҲКАМОВ,
дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ,
Комилҷон БОЙМАТОВ,
муаллими калони кафедраи геометрияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр