Нашрияи Омӯзгор

Пирони куҳан бо таҷриба гӯянд сухан

Сана: 2018-12-14        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Устод Ҳабибулло Искандаров яке аз собиқадорони соҳаи маорифи кишвар буда, беш аз панҷоҳ соли ҳаёти пурбаракати хешро ба   рушду пешрафти соҳа бахшидааст. Ӯ навиштаҳои хешро вобаста ба соҳаи маориф дар панҷоҳ китоб гирд овардаву пешниҳоди хонандагон намудааст.

Китоби  панҷоҳумини устод Ҳабибулло Искандаров таҳти унвони «Ҳикмати рӯзгор» аз чоп баромад. Дар китоб Ҳ.Искандаров дар баробари дигар масоили ҳалталаб, инчунин, ба мавзӯи методикаи таълими  фанҳо қаламфарсоӣ карда, ба омӯзгорон роҳҳои босамари таълимро нишон додааст. Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми кишвар бо иштироки устод Ҳабибулло Искандаров мизи мудаввар баргузор гардид. Дар баробари рушду пешрафти соҳаи маориф дар замони истиқлол инчунин, оид ба роҳҳои баланд бардоштани таълиму тарбия ва истифодаи методикаи таълим дар муассисаҳои таълимӣ табодули афкор сурат гирифт. Директори марказ  Ш. Ёрмуҳаммадзода иброз дошт, ки навиштаҳои Ҳ.Искандаров   мазмуну муҳтавои баланд дошта, дар онҳо бурду бохти соҳа таҳлилу баррасӣ гардидааст. Бахусус, китоби «Ҳикмати рӯзгор» бояд китоби рӯйимизии ҳар корманди соҳаи маориф бошад.

 

Б.САЛМОНОВ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш