Нашрияи Омӯзгор

Чил рўзи ҳаёти кўдакон

Сана: 2022-05-05        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

Баргузории чорабинињо тањти унвони “Чил рўзи њаёти кўдакон”, ки ба Рўзи байналмилалии муњофизати кўдак бахшида шудааст, падидаи нав дар фазои талиму тарбия буда, умед аст, ки минбаъд дар тамоми љумњурї ба истиќболи гарм рў ба рў хоњад шуд.

Тавре ки аз номаш маълум аст, чорабинии “Чил рўзи њаёти кўдакон” чил рўз ќабл аз таљлили љашни асосї-Рўзи байналмилалии муњофизати кўдакон оѓоз мешавад. Дар ин чил рўз чил навъ чорабинї ба монанди мусобиќоти гўштингирї, рассомї, наќшдўзї, иншонависї, шеърхонї ва ѓайра ба наќша гирифта шудаанд.

Адади “чил” одї набуда, аз имтиёзи таърихї бархўрдор аст ва ин имтиёзро суннатњо, боварњо ва фарњанги миллии мо барояш ато кардааст. Ба тариќи мисол, кўдакро баъди чил рўз ба гањвора мебанданд ва бовар доранд, ки дар ин муддат њама хавфу хатар аз ў дур хоњад гашт. Ин маросим дар баъзе мањалњо “гањворабандон”, вале дар умум “чилбаророн” номида мешавад. Зимистони Тољикистон, ба ќавли пирони рўзгордида, дуто марњила бо номњои “чиллаи хурд” ва “чиллаи калон” дорад. Аз шаби “Ялдо” то љашни “Сада” низ чил рўз фосилаи замон мављуд мебошад. Ривоятњои ќадимї дорем бо номи “Чил тўтї” ва “Робияи чилгазамўй”.  Ањли ирфон њангоми тасмим гирифтан ба коре “Ё чил тани пок!”  мегуфтанд.  Хулоса, агар бо кунљковии кўдакона ба олами гирду атроф нигоњ кунем, дармеёбем, ки раќами “чил” ба бисёре аз њодисањои зиндагии мо гирењ хўрдааст ва ин гирењхўрдагї, пеш аз њама, барои кўдакон ќобили таваљљуњ аст. Онњо њатман аз падару модар ё бобову бибии худ суол хоњанд кард, ки “чаро Робияи чилгазамўй мўяшро чил газ дароз карда буд, ё “чиллаи зимистон” чї маъно дорад?”

 Ба хотири њамин гуна пурсишњои кўдакона, ба хотири љалби таваљљуњ, ба хотири њар чї зудтар тарѓибу ташвиќ ва амалї шудани чорабинињои ба наќшагирифташуда, “Чил рўзи њаёти кўдакон”-ро унвони онњо ќарор додем. Бовар дорем, ки кўдакони мо ин чил рўзро бо шавќу завќ сипарї хоњанд кард.

Модарон чил рўзи ќабл аз њамлро бо њазорон ташвиш ва дар айни њол њамроњ бо орзуву умедњои ширин пушти сар месозанд.  Масалан, ба чизњои зебо назар меандозанд, то тифлашон соњибљамол ба дунё ояд, ба об чашм медўзанд, то зиндагии кўдак дар оянда софу беѓубор бошад. Чил рўзи њаёти кўдакон  њам дар пайравии  фарњанги аљдодї ва бо умеду  орзуи  сохтани шахсиятњои солиму содиќ ба ватан, бояд сарфи китобхонї, суњбатњои пурмазмун, бозињои шавќовар ва  дигар машѓулиятњои судманд гардад.

Умед аст, ки силсила-чорабинињои “Чил рўзи њаёти кўдакон” дар бењтарин сурат гузаронида мешаванд ва дар рўзгори кўдакон њамчун пурљўшу  хурўштарин  мавсими  сол сабт мегарданд.

Котиботи матбуотии

Раёсати маорифи вилояти Хатлон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш