Нашрияи Омӯзгор

Рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон

Сана: 2022-05-05        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

Љумњурии Тољикистон дар рушди соњаи сайёњї имконияти раќобатпазир дошта, дар фазои сайёњии љањонї метавонад маќоми устуворро касб намояд. Аз ин лињоз, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон бо дарназардошти ањамият ва зарурати таъмини пешрафти соњањои афзалиятноки кишвар солњои 2019-2021-ро “Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї” эълон карданд.

Ин иќдоми дурбинона ва хирадмандона дар самти рушди соњањои сайёњї, њунарњои мардумї ва дењот шоњроњи тозаеро боз намуд, ки дар партави он як ќатор дастовардњои арзишманд ба миён омаданд. Афзоиш ёфтани шумораи сайёњони хориљї, рушди инфрасохтори сайёњии дохилї, эњёи њунарњои мардумї ва роњандозї шудани як ќатор тадбирњои муфид дар дењоти дурдасти мамлакат самара ва натиљаи њамин ташаббус аст, ки аз сиёсати созандаи Њукумати Тољикистон маншаъ мегирад.

Узвияти Тољикистон ба Созмони љањонии сайёњї, пазируфта шудани пойтахти Ватанамон -  шањри  Душанбе  ба  узвияти  Федератсияи љањонии  шањрњои  сайёњї,  эълон  гардидани шањри Душанбе - пойтахти сайёњии кишварњои Созмони њамкории иќтисодї барои солњои 2020-2021,  ба  рўйхати  ЮНЕСКО  дохил  гардидани шањри  бостонии  “Саразм”,  “Боѓи  миллї”, “Чакан”,  “Љашни  байналмилалии  Наврўз”, “Оши  палав”  ва  мусиќии  “Шашмаќом”  дар арсаи байналмилалї обрую эътибор ва нуфузи миллати моро дучанд гардонид.

Айни замон дар љумњурї зиёда аз 265 иншооти сайёњї, аз љумла, 182 мењмонхона, 18 адад хостелњо ва мотелњо, 44 адад осоишгоњњо, 8 адад марказњои муолиљавї ва дармонгоњњои солимгардонї, 9 адад хонањои истироњатї, 2 адад пансионат ва кемпинг ва 2 адад базањои сайёњї ва истироњатї мављуд мебошанд, ки вазъи имрўзаи сайёњиро дар љумњурї инъикос мекунанд.

Дар асоси Паёми Пешвои миллат, “Дар бо-раи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї” дар соли 2016 ва 2017 як ќатор имтиёзњои андозиву гумрукї, аз љумла, дар тўли панљ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатњои навтаъсиси сайёњї, андоз  аз  арзиши  иловашуда  ва  бољи  гумрукї озод  намудани  воридоти  таљњизоту техника ва маводи сохтмонї барои сохтмони  иншооти  сайёњї, аз љумла, мењмонхона, осоишгоњ, истироњатгоњу  табобатгоњ,  марказњои  сайёњї ва дигар иншооти сайёњї, ба андозаи 50 фоиз коњиш додани меъёри бољи гумрукї барои воридоти автомашинањои нави сабукрав ба рушди соња  таъсири  мусбї  расонида  истодааст,  ширкати нави сайёњї таъсис ва ба бозори сайёњии мамлакат ворид шуда, дар маљмуъ, шумораи ширкатњои  сайёњї ба  наздики 146 адад  расид. Дар соли 2019 наздики 15 ширкати нави сайёњї таъсис ёфт, ки шумораи ширкатњои сайёњї ба наздики 161 адад ва дар соли 2020 бошад, он бо 63 ширкати нав ба 224 адад расид.

Имрўзњо бисёре аз ширкатњои сайёњї ва коршиносон мафњуми “сайёњии экологї”-ро барои нишон додани фаъолияти вобаста ба истифодаи манзарањои табиї ва ашё истифода мебаранд. Дар ин соња якчанд лоињањои калон мављуданд, масалан, рушди агротуризм, сайёњии экологї дар њудудњои табиии махсус муњофизатшаванда, сайёњии варзишї.

Сайёњии экологї метавонад на танњо ба иќтисодиёт, балки ба заминаи иќтисодї, иљтимої ва табиї-экологии онњо дар њудудњои рушди он низ таъсири фаъол расонад. Тадќиќоти сотсиологии Љамъияти Байналмилалии Сайёњии Экологї (TIES) як ќатор хусусиятњои ба сайёњии экологї хосро муайян кардааст.  Тавре тањлилњо нишон медињанд, синну соли асосии сайёњон 35-54 – сола аст ва сатњи маълумоти онњо аз миёнаи махсус пасттар нест ва зиёда аз (60%)-и сайёњон саёњати якљояро афзалтар медонанд.

Захирањои обї яке аз мавзеъњои фароѓатї мебошад, зеро дарёњо ва кўлњо њама гуна манзараро таќвият медињанд, иќлими мусоид фароњам меоранд ва ба истироњаткунандагон имкон медињанд, ки ба чорабинињои гуногун машѓул шаванд.  Аз ин лињоз, имрўз он марказњои сайёњї, ки бевосита дар наздикии кўлњо, бањрњо ва дарёњои калон љойгиранд, эътирофи умумиљањониро ба даст овардаанд.

Захирањои сайёњї аз љињати генезис ба ду гурўњ таќсим мешаванд - табиї ва табиї-антропогенї. Якум, захирањои экологии геологї, орографї, иќлимї, обї ва флористиро дар бар мегирад. Захирањои антропогенї сарватњое, ки дар онњо илова ба табиат, љузъи бузурги фаъолияти инсон ба вуљуд омадааст: боѓњои ботаникї, боѓњои њайвонот ва ѓайра. Захирањои геологї ин сангњо, минералњо, ѓорњо, сталактитњо, сталамитњо ва њатто аз сангњои алоњида иборатанд.

Наќши об дар сайёњї ба андозае бузург аст, ки њузур доштан ё набудани он омили муњимтарини љаззобияти ќаламравњои алоњида мебошад. Аз ин љињат, захирањои фароѓатї бо об алоќаманд, албатта, шакли фазої надошта, балки шакли хаттї доранд: онњо ба хатти кўњии дарёву кўлњо мувофиќанд.

Табиист, ки тадбирњои истифодаи оќилонаи оби тоза дар љумњурї, ки аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ба наќша гирифта шудааст, бешубња, ба рушди соњаи сайёњии љумњурї, аз љумла, таъсири бузурги мусбат хоњад расонид.  Масалан, ВМКБ-ро аз љињати об метавон њамчун яке аз њудудњои умедбахши сайёњї ва фароѓатї шинохта шавад, дар ин љо манбаъњои калонтарин дарёњои Осиёи Марказї мављуданд, ки њамчун  манбаи оби тоза барои истифодаи нўшокї ва техникї, парвариши мањсулоти  кишоварзї, таљдиди  неруи  барќ  ва ѓайра хизмат мекунанд.

Шодмон НУРМАТОВ,

Мадина КАРИМОВА,

докторантони PhD, ихтисоси геоэкология

ва идоракунии истифодабарии табиати

факултети геоэкология ва туризми ДДХ ба

номи академик Б.Ѓафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш