Моњи марти соли 1943 халќи тољик ба љанговарони тољик, ки бо душмани ѓаддор љанг мекарданд, мактуб фиристод.
Мењнаткашони Тољикистон ќасам ёд карданд, ки барои ёрї расондан ба љанговарон дар кори торумор кардани душман тамоми ќувваашонро сарф мекунанд ва ба фиристодагони худ мурољиат карданд, ки истилогарони разили фашистиро берањмона торумор намоянд.
Дар поён аз мактуби халќи тољик ба љанговарони тољик порчае оварда шудааст («Мактуби халќи тољик ба љанговарони тољик», Душанбе, Нашриёти Давлатии Тољикистон, с. 1943).
…Писарони азиз, шавњарон, бародарон, љанговарони љасури мо!
Дар ин рўзњо, ки Армияи Сурхи ќањрамонамон ба душмани лаин зарбањои њалокатовар зада истодааст, халќи тољик, шумо иштирокчиёни муборизањои пуршарафро барои озодї ва истиќлолияти Ватани сотсиалистии азизамон, самимона табрик менамояд.
…Фарзандони мањбуби Тољикистони офтобрўя!
Он рўзњоеро, ки халќи мо зулми подшоњу амир ва амалдорони онро аз сар мегузаронд, ба хотир биёред. Он ваќт, мо ворисони маданияти њазорсола, аз њар гуна њуќуќњои озодїва хушбахтї мањрум будем. Ављи ќуввањои маънавии мо, илњому љўшу хурўши мо хомўш гардида буд, зеро худсарию бедодгари амалдорону боён њадду канор надошт.
Мо, ки аз њељ куљо аз ёрї умед надоштем, бо даъватамон халќи бузурги рус дар зери байраќи зафаровари Ленин ба ёриамон омад. Ёрии бародаронаи он, дастгирии дигар халќњои СССР ба мо имконият дод, ки хўљаини Ватани озод ва хушбахти сотсиалистї шавем.
…Њозир, ки душмани ќаттоли инсонияти тараќќипарвар – Гитлер ва ўрдуњои вањшии он ќасди вайрон кардани оилаи бародаронаи Иттифоќи Советї кардааст, ки дар њайати ин иттифоќ мо истиќлолият ва озодї ба даст овардаем, оё шубња кардан мумкин аст, ки шумо, фарзандони далери халќи тољик, љанговарони љасури он вазифаатонро дар назди Ватан ифтихормандона иљро менамоед. Охир, шумо барои он мељангед,
ки абрњои тираи зулмот шуои дурахшони Конститутсияро, ки њаёти моро мунаввар мегардонад, тира накунад, гулњои боѓамон пажмурда нашаванд, модарону падарон, бародарону хоњарон ва фарзандонатон дар зери асорат намонанд, шумо барои он мељангед, ки оби љўйњоямон хушк нашаванд, шумо барои он мељангед, ки хонањои маданиятамон валангор нашаванд.
Љанговарони тољик!
…Њар боре, ки мо аз корнамоии ќањрамононаи шумо воќиф мешавем, аз шодї чашмонамон барќ мезананд, бозуњоямон ќувваи тоза мегиранд, дилњоямон шод мешаванд. Мо хушбахтем, мо бо он фахр мекунем, ки аз байни шумо чунин љанговарони љасуру машњури мамлакат, ба монанди Ќањрамони Иттифоќи Советї Неъмат Ќарабоев, ордендор Муњаммад Иброњимов, Тешабой Одилов ва бисёр дигарон ба майдон баромадаанд.
…Мо њам дар арсаи мењнат ба њељ гуна аќибмонї роњ намедињем. Мо мењнат мекунем ва боз њам фидокорона мењнат карда, мамлакат ва Армияи Сурхи азизамонро аз њама чизи даркорї таъмин менамоем. Занони шумо, модарону хоњарони шумо баробари мардон ихтисоси шавњарон, писарону бародарони ба фронт рафтаашонро бо муваффаќият аз худ карда истодаанд, тамоми ќувваашонро сарф менамоянд, ки дар торумори адўи бадхоњ ба Армияи Сурх кумак расонанд. Мо рўз аз рўз истењсоли нефт ва ангишт, маснуоти саноатро зиёд мекунем, заминњои киштро васеъ менамоем, њосилнокии майдонњои киштро афзун мегардонем, барои Армияи Сурх њазорњо аспони нави хуб мепарварем.
…Шуморо бовар мекунонем, ки љавобан ба корнамоињои ќањрамононаатон, љавобан ба њуљуми фотењонаи Армияи Сурхи шуљоатманд боз њам хубтар кор мекунем, Ватан ва фронтро аз аслиња, тиру туфанг, нефт, ангишт, либос, хўрокворї бештар таъмин менамоем… Мо Армияи Сурхи азизамонро бо ќўшунњои эњтиётї пурра таъмин мекунем, оилањоятонро падарвор нигоњубин мекунем…
Фашистони лаънатиро, ки маќбараи Рўдакї, шоњасарњои олими маъруфи тољик Абуалї ибни Сино, достони љовидонии Фирдавсии бузург, шеърњои Камоли Хуљандї, асарњои шоирони машњури мо Саъдї, Њофиз, Љомї ва дигарњоро ба мисли маќбараю музейњои Толстой, Чехов, Чайковский, Шевченко ва дигар намояндагони бузурги халќњои бародарамон хоку туроб карданианд несту нобуд кунед.
Мо наѓз дар хотир дорем ва њељ гоњ фаромўш намекунем, ки дар солњои љанги гражданї барои хушбахтии халќи тољик баробари љанговарони тољик фарзандони халќњои русу украин ва дигар халќњои сарзамини советї хун рехтаанд. На як бору ду бор писари коргари ленинградї ё худ дењќони полтавї љонро ба каф гирифта, барои аз чанголи ќўрбошињои босмачї наљот додани хоњар ё бародари тољик ба љанг рафтаанд. Аксарияти шумо он солњоро наѓз дар ёд доред, ки чи тавр русњо, украинњо ва белорусњо бо роњбарии лашкаркаши машњури рус М. В. Фрунзе барои аз зулми хону амирњо халос кардани ўзбекњо, ќирѓизњо, ќазоќњо, туркманњо ва мо, тољикон, дасти ёрї дароз карданд…
Мо, халќњои Ватани сотсиалистї, ба бозўи пурќудрати пўлодине табдил ёфтаем, ки аз зарбаи он ўрдуњои фашистї хоку туроб мешаванд. Њељ гуна ќувва, њељ гуна њилаю найранги душман моро аз њам људо карда наметавонад, бо њељ гуна ќувва ба он муяссар намегардад, ки дўстии вайроннашавандаи халќњои СССР-ро, ки дар оташи фронтњои Љанги Ватанї мустањкам гардидааст, дарњам шиканад…
Љанговарони љасури мо!
Дар љанги зидди душмани ашаддитарини инсоният – фашистон иштирок кардан барои шумо шарафи бузург мебошад.
Фарзандону наберањоятон бо шумо фахр мекунанд. Халќи мо корнамоињои шуморо абадан бо миннатдории бузург ва муњаббат ба хотир меорад. Фарзандони азизи Тољикистон, далерона ба пеш равед, даррандањои разили фашистиро аз сарзамини советї ронед, одамхўрони гитлериро несту нобуд кунед…
Ба мактуб бештар аз 390 њазор мењнаткашони РСС Тољикистон имзо кардаанд.
Тањияи
Шодї РАЉАБЗОД,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр