Нашрияи Омӯзгор

Чаро ноболиғон даст ба фоҷиа мезананд?

Сана: 2022-05-05        Дида шуд: 224        Шарҳ: 0

Ба худкушї даст задани ноболиѓон аз масъалањои нигаронкунандаи љомеаи имрўз мањсуб меёбад. Солњои охир ба худкушї даст задани ноболиѓону занон бештар ба мушоњида мерасад. Аслан, њаёт арзише нест, ки инсон ба осонї аз он даст кашад. Яъсу ноумедї, нобаробарї, муомилаи дурушти атрофиён ва боз чандин омили дигар одамонро ба худкушї водор мекунад.

-  Тањлили вазъ нишон додааст, ки хушунати хонаводагї, носолим будани муњити оилањо, бекорї, бемории рўњї, безурётї ва афсурдањолї шањрвандонро ба худкушї тањрик дода, аксари онњо бидуни намоишкорї дар љойњои пинњон ба тариќи овехтан худро аз зиндагї мањрум менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки шахс дар мавриди ќатъи њаёт тасмими нињої гирифтааст, - гуфт зани рўзгордида Раъно Комилова.  Бо назардошти он, ки њаёт арзиши олї ва бебозгашт аст, давлат нисбат ба шањрвандоне, ки бо роњи пастзании мунтазами шаъну эътибор шахсро ба худкушї мерасонад, љавобгарии љиноятї пешбинї намудааст.

Бо расидан ба синни 15 ба тањсили Фарзона (номи шартї, сокини ноњияи Шањритус) нуќта гузошта шуд. Барои ба њаёти мустаќилона омода намудан модараш ўро якборагї ба корњои хољагидорї љалб намуд. Дур будан аз муњити мактабу њамсинфони худ ва рўзи дароз зери бори гарони зиндагї ќарор доштан Фарзонаро ба њолати депрессивї мерасонд. Рўзе иштибоњан либосњои ношустаро бо либосњои шуста омехта кард. Ин амалаш боиси ѓазаби модар гардид ва духтарашро як - ду лагад зада, гўё дарси ибрат дод.  Аммо, чунин рафтори модар охирин зарбаи сангине буд барои Фарзона ва косаи сабри ўро лабрез намуд. Фарзона бо роњи овехтан худро ба њалокат расонид. Барои расонидан ба худкушї модар ба љавобгарии љиноятї кашида шуд.

Ба монанди Фарзона дањњо нафаре њастанд, ки дар даврони кўдакиву наврасї ё љавонї ба худкушї даст мезананд.

Прокурори ноњияи Шањритус Фаррух Рауфов изњор дошт, бо сабаби оне ки Саида Шодиева безурёт буд, аз тарафи хушдоманаш њамеша таънаю маломат мешунид. Аз фишорњои зиёду пайдарпай оќибат Саида ба худкушї даст зад. Барои ўро ба чунин њол расонидан хушдоманаш ба љавобгарии љиноятї кашида шуда, ба муњлати 2 солу шаш моњ аз озодї мањрум гардид.

Коршиносон бар онанд, ки худкушї амали ќаблан тарњрезишуда ва њадафмандона аст, ки маънои эътироз аз атрофиён ва љомеаро дорад.  Тавассути муносибати хуб бо занон, дарки њолати равонии кўдакон ва роњ ёфтан ба дили шикастаи онњо метавон аз худкушї пешгирї кард. Зеро шахсе, ки ба љони худ ќасд дорад, нишонањои хос зоњир мекунад.

Дар робита ба ин масъала, равоншинос Фотима Шерализода изњор дошт: “Дар њолате ки кўдакону калонсолон ба депрессия ё бемории рўњї гирифторанд, нисбат ба онњо муносибати эњтиёткорона доштан лозим аст”. Яъне, онњоро бештар гўш дода, бояд муайян кунем, ки барои ин шахс кї бештар нуфуз дорад. Одамони бонуфузро барои баровардани кўдакон аз њолати депрессивї истифода кардан лозим мебошад. Онњоро ба равоншиносон ва духтурони равонпизишк нишон додан зарур аст. Чунин муносибату рафтор мушкилоти оиларо осон мегардонад.

Тањлилњои прокурорї собит кардааст, ки дар асл ба чунин амали нангин даст задани ноболиѓон сабабу асосњои воќеии худро дорад.  Бисёре аз кўдакон дар натиљаи муомилаи берањмона, пастзании мунтазами шаъну эътибор ё њангоми нодида гирифтани хостањояшон аз сўи калонсолон дар оила, ќасд ба љони худ карда, гўё бо ин рафторашон ќасос мегирифта бошанд.

Маќсуда Тўраева, омўзгори собиќадор гуфт, падару модар аз љињати рўњию равонї њолати фарзандашонро доим зери назорат ќарор дињанд.  Ба кўдак ва дилхоњ аъзои оила фишор овардан лозим нест.  Бояд дар оила нисбат ба ноболиѓон рафтори махсус кард. Зеро дар њаёти кўдаки 13-14-сола баландшавии ќад ва умуман, инкишофи љисмонї нисбат ба афзоиши аќлониаш афзалият пайдо мекунад.  Аќли биологї маънии њаракатњои соњибашро дуруст бањо дода наметавонад. Дар ин синну сол њар шахс дар муњити калонсолон «ман»-и худро мељўяд. Як сухани нољою бемаврид кўдакро рўњафтода мекунад.

- Яке аз сабабњои асосии даст ба худкушї задан дар он аст, ки оила ва аъзои он миёни њам робитаи хуб надоранд ва вазъу њолати якдигарро дарк карда наметавонанд. Инчунин, барои кўдакон њамкории сусти волидон бо омўзгорон низ таъсиррасон мебошад. Зеро кўдак метавонад, ки њам дар хона ва њам дар мактаб зери маломату масхара ё танќид ќарор гирад ва ин ўро ба худкушї оварда мерасонад, - гуфт прокурор Фаррух Раупов.

Дар мактабњои тањсилоти умумии шањру ноњияњои вилоят бањри расонидани кумаки сариваќтии психологї, пешгирии њодисањои худкушии наврасон хизмати психолог ва равоншинос ба назар намерасад.

1-уми июли соли 2004 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тадбирњои пешгирии њодисањои даст ба худкушї задани шањрвандон» ба тасвиб расидааст.  Тибќи ин ќарор, маќомоти дахлдори давлатї, аз љумла, вазоратњои маорифу тандурустї, фарњанг, мењнат ва њифзи иљтимої, Академияи илмњои Тољикистон, кумитањои кор бо љавонон, варзиш, занон ва оила, оид ба дин, телевизион ва радио, Вазорати корњои дохилї, раисони вилоятњо ва шањру ноњияњо барои ба таври мунтазам андешидани чорањои пешгирикунанда вазифадор карда шудаанд.

Сархатиби шањри Бохтар Усмоналї Нурзода изњор дошт, ки дидаву дониста ба љони худ ќасд кардан ва ё ба худкушї даст задан аз нигоњи таълимоти дини мубини Ислом гуноњ ва љиноят мебошад.  Худованд дар ояти 195 сураи «Баќара» мефармояд: «Хештанро бо дастњои худ ба њалокат маяфканед ва накукорї кунед, албатта, Парвардигор накукоронро дўст медорад».

Коршиносон љињати пешгирї аз њодисањои худкушии ноболиѓон тавсия медињанд, ки дар мактабњои тањсилоти умумї, бо љалби равоншиносон дар дарсњои тарбиявї оид ба фанни психология, хусусиятњои синну соли  психологияи  инсон, њолатњои  рўњафтодагї  (депрессия),  сабабњои  он  ва  роњњои  ба-ромадан  аз  ин  буњрони  рўњию

маънавї фањмонида дода шавад.

С. АЗИЗЇ,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш