Дар њудуди вилояти Хатлон дар 2 муассисаи таълимї кўдакону наврасони аз лињози биноиву шунавої ва гўйиш нуќсдошта ба тањсил фаро гирифта шудаанд.
Коршиноси масоили маориф Фотима Шерализода изњор дошт, ки сабаби асосии пурра ба таълим фаро гирифта нашудани кўдакони аз ягон љињат нуќси модарзодї дошта, дар набудани шароиту имконият мебошад. Ин кўдаконро бо кўдакони солим як љо ба таълим фаро гирифтан ѓайриимкон аст. Зеро шакл ва талаботи таълими онњо куллан фарќкунанда мебошад.
Мушкилоти мављуд набудани синфхонаи махсусро барои кўдакону наврасоне, ки дорои лакнати забон буда, аз љињати биноиву шунавої нуќс доранд, мутахассиси шуъбаи муассисањои миёна, томактабї, интернатї ва иловагии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Гулрухсор Авѓонова дар норасоии кадрњои омўзгории соњавї унвон кард.
Бояд зикр намуд, ки њанўз аз соли 2017 дар Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рўи ихтисосњои дефектология, сурдопедагогика, олигофренопедагогика, логопедия ва тифлопедагогика мутахассис тайёр мекунанд. Соли 2021 њамагї 7 нафар ихтисоси мазкурро хатм намуда, 4 нафар дар шањри Маскави Федератсияи Россия дар зинаи магистратура ва 2 нафар дар зинаи докторантура тањсил мекунанд. Соли равон хатмкунандагони ин ихтисосњо 12 нафарро дар бар мегиранд.
- Дар омода кардани кадрњои мазкур мушкилї дорем. Донишљўён тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ба ин ихтисосњо роњ меёбанду бо тавсияи волидон ва надоштани маълумоти кофї аз ин ихтисос ба дигар ихтисосњо гузаронида мешаванд, - гуфт Асалбї Назарова, омўзгори дефектологияи донишгоњи номбурда. Ректори донишгоњ Сайфиддин Давлатзода бо тањлили вазъи мазкур гузариши донишљўёнро аз ин ихтисос ба дигар ихтисосњо бо як фармони худ манъ кард.
Хатмкунандаи ихтисоси дефектология ва сурдопедагогикаи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Илњом Абдусамадов изњор дошт, ки бо сабаби набудани имкони гузариш ба дигар ихтисосњо ва мушкил будани дарёфти љойи кор аз рўи ин ихтисос, баъди хатм дар ягон муассисаи томактабї фаъолият карданї њастам. Зеро дар дењаву ноњияи мо синфхонаи махсус амал наме-кунад.
Вале, дар њамин њол, донишљўи бахши чоруми ихтисоси дефектология ва сурдопедагогикаи њамин донишгоњ Муниса Гулова сабаби дар ин ихтисос тањсил намуданашро ба рост омадани балњояш дар
Маркази миллии тестї ба њамин ихтисос маънидод кард.
- Ихтисоси мазкур ба худи ман писанд омад, аммо волидонам ояндаи маро дар дигар ихтисос дидан мехоњанд. Чун истиќоматкунандаи шањри Бохтар њастам ва дар муас-сисаи таълимии №5-и шањр синфхонаи махсус амал мекунад, дар он љо таљрибаомўзї карда истодаам, - гуфт номбурда.
Розия Бабаева аз узви босира мањрум буда, дар хона таълими ибтидої гирифтааст. Њоло дар муассисаи таълимии №5-и шањри Бохтар ба кўдаконе, ки аз ќувваи босира мањруманд, дарс медињад. Дар ин муассиса 4 нафар омўзгор фаъолият доранд. Дар як синф 6 нафар тањсил мекунанд.
- Кўдаконро аз рўи алифбои брайлї дарс медињем. Барояшон алифбо ва дигар фанњоро бо њуруфи брайл баргардонида, тибќи барномаи махсуси таълимї дарс мегўем, - афзуд Р. Бабаева. Мавсуф илова кард, ки дар донишгоњњо ва Донишкадаи такмили ихтисос барои донишљўёну омўзгорони ин ихтисос нозукињои пешаро хуб омўзонидан зарур аст.
Аз љумлаи хонандагони фаъоли синф-хонаи махсуси муассисаи таълимии номбурда Љанатбї Ќањњорова мебошад. Љанатбї дар ноњияи Хуросон истиќомат мекунад. Њамарўза ўро модараш Умеда Ќањњорова ба муассисаи таълимии №5-и шањри Бохтар мебарад. Барои ояндаи дурахшони Љанатбї ба мушкилот ва харљњои зиёд нигоњ накарда, пайвандонаш кўшиш доранд, ки аз таълим дур намонад. Умеда Ќањњорова изњор дошт, ки агар чунин синфхонаи махсус дар дењаи онњо вуљуд медошт, ин ќадар азоб наме-кашид.
Бо маќсади ба тањсил фаро гирифтани кўдакони имконияти мањдуддошта як ќатор барномањо татбиќ мегарданд. Бахусус, Барномаи давлатии “Муњити дастрас” барои солњои 2021-2025, “Конвенсия дар бораи њуќуќњои маъюбон” ва “Банаќшагирии фаъолиятњои солонаи мактаб ва амалї намудани он бо назардошти тањсилоти фарогир” ба ин самт нигаронида шудааст. Аммо иљрои барномањои мазкур ба њоли худ гузошта шудааст.
С. АЗИЗЇ,
“Омўзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр