Паёми шодбошии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба ифтихори таљлили 77-умин солгарди Ѓалаба бар фашизм 09.05.2022, шањри Душанбе
Њамватанони азиз!
Њамаи собиќадорони љангу мењнат ва иштирокчиёни Љанги дуюми љањон – дањшатноктарин љанг дар таърихи башар, њамаи онњое, ки дар он солњои фољиабор дар аќибгоњ зањмат кашидаанд ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати ѓалаба бар фашизм самимона табрик мегўям ва ба њар як хонадони Тољикистон сулњу оромї, хушбахтиву иќболи баланд ва рўзгори осудаву босаодат орзу менамоям.
Нуњуми май барои мардуми мо санаи ёдоварї аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тољикистон дар љабњањои љанг, пос доштани хотираи неки онњое, ки дар майдони набард ба њалокат расидаанд ва арљгузорї ба зањмати халќамон мебошад, ки дар аќибгоњ чандин сол барои таъмин намудани ѓалаба ањлона кор кардаанд.
Аз якуним миллион нафар ањолии Тољикистон дар соли 1941 беш аз 300 њазор нафар – бист фоизи сокинони љумњурии мо, яъне ќувваи асосии корї ба майдони љанг сафарбар гардида, беш аз сад њазор нафари онњо ба њалокат расидаанд, ки номи нек ва корномаи онњо дар сањифањои таърихи халќамон абадан сабт гардидааст.
Хотиррасон менамоям, ки дар он солњо зањмату машаќќати аќибгоњ асосан бар дўши кўдакону наврасон ва занону пиронсолон монда буд. Онњо дар шароити бисёр вазнин ва бо вуљуди мањрумияту машаќќатњои сангин фидокорона зањмат кашида, њам мардуми кишварро бо маводи ѓизої таъмин карданд ва њам дар таъминоти муњофизони озодии халќњо сањми арзишманд гузоштанд.
Ба ин маънї, фаъолияти мардуми мо дар он солњои нињоят вазнину душвор барои наслњои имрўза намунаи ибрат ва сабаќи зиндаи зањмати софдилона мебошад.
Имрўз аз садњо њазор иштирокчиёни љанг дар кишвари мо њамагї 57 нафар дар ќайди њаёт њастанд, ки аз ѓамхории давлат ва Њукумати мамлакат бархурдор мебошанд.
Бояд гуфт, ки оќибатњои Љанги дуюми љањон њамчун фољиабортарин љанг дар таърихи инсоният то њанўз, яъне бо гузашти ќариб њаштод сол дар љисму ќалби сокинони сайёра мушоњидаву эњсос мегардад. Хусусан, имрўз, ки вазъи љомеаи љањонї бисёр ноором ва торафт мураккабу печида гардида, инсоният дар яке аз даврањои нињоят вазнину сангини таърихи худ баъди љанги дуюми љањон ќарор дорад ва амнияти мардуми сайёра бар асари тањдиду хатарњои нав, аз ќабили терроризми байналмилалї, экстремизм, радикализми динї, љиноятњои киберї ва дигар зуњуроти хатарноку номатлуб, инчунин, таѓйирёбии иќлим ва пањншавии бемории сироятии КО-ВИД – 19 љиддан халалдор шуда истодааст, сулњу дўстї ва њамгироиву њамкорї дар байни давлатњо ва халќњои олам ањаммияти рўзафзун пайдо мекунад.
Мардуми Тољикистон, ки баъди ќурбонї додани беш аз сад њазор нафар фарзандони худ дар майдонњои Љанги дуюми љањон бори дигар ва ин дафъа дар дохили кишвар дањшату фољиањои љанги тањмилии шањрвандиро аз сар гузаронидаанд, хуб медонанд, ки сулњу оромї ва суботи сиёсї чї ќадру манзалат дорад.
Зеро дар натиљаи љанги тањмилии шањрвандии солњои навадуми асри гузашта дар кишвари мо беш аз 150 њазор нафар ба њалокат расиданд, яъне талафоти љонии љанги шањрвандї бештар аз ќурбониёни Љанги дуюми љањон мебошад.
Мањз ба њамин хотир, мо њамеша љонибдори сулњу оромї ва бо роњњои осоишта, яъне тавассути музокирот ва бо истифодаи василањои дипломатї њаллу фасл гардидани њама гуна мухолифату низоъњо њастем.
Имрўз сокинони Тољикистон шукрона мекунанд, ки дар Ватани мањбуби мо сулњу субот пойдор аст ва мо дар шароите, ки дар кишварамон вањдати миллї ва фазои созандагиву бунёдкорї њукмфармост, ба хотири ободии диёрамон ва пешрафти давлати соњибистиќлоламон бо зањмати созанда машѓулем.
Њимояи ин неъмати бузург, яъне амнияти давлат ва љомеа, њифзи сулњу оромї, суботи сиёсї ва вањдати миллї барои њар яки мо ва наслњои оянда вазифаи муќаддас мебошад.
Дар шароити мураккабу буњронии имрўза, яъне хатари гуруснагї дар минтаќаву кишварњои алоњидаи дунё, идома пайдо кардани пањншавии бемории КОВИД – 19, таѓйирёбии иќлим ва пайомадњои манфии он, инчунин, густариш ёфтани тањдидњои нав мо бояд нисбат ба њар ваќти дигар њушёру зирак ва сарљамъу муттањид бошем, боз њам бештар зањмат кашем, тамоми саъю талоши худро барои њифзи амнияти озуќавории кишварамон равона созем ва сарфаю сариштакор бошем.
Илова бар ин, мо вазифадорем, ки фарзандони худ – наврасону љавононро дар рўњияи ватандўстиву ватанпарварї, њисси баланди миллї, сулњпарвариву башардўстї ва ободкориву созандагї ба камол расонем.
Њамчунин, мо бояд бо тамоми халќу миллатњои олам ва пеш аз њама, бо њамсояњои наздики худ њамеша дар фазои сулњу оромї, дўстиву њамкорї ва эњтироми якдигар зиндагї кунем.
Бо ибрози њамин ниятњои нек њамаи иштирокчиёни Љанги дуюми љањон ва мардуми шарафманди Тољикистонро ба ифтихори Рўзи ѓалаба бар фашизм табрик мегўям ва ба њар як хонадони кишвар саломатї, осоишу оромї ва ба Тољикистони азизамон сулњу суботи љовидона орзу менамоям.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр