Беш аз 120 нафар донишљўи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пас аз супоридани имтињонњои давлатї ихтиёран ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон сафарбар гардиданд.
Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон устодони донишгоњ, намояндагони дастгоњи раиси вилояти Хатлон, раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.
Њоло 35 нафар хатмкунандагони факултети сиёсат ва идораи давлатии ин донишгоњ ихтиёран ба хизмати њарбї сафарбар гардида, хатмкунандагони 12 факултети дигари донишгоњ омодаи хизмати содиќона ба Ватан мебошанд.
Зикр гардид, ки ихтиёран ба хизмат њозир шудани љавонони ѓаюру ватандўст бозгўи он аст, ки анъанањои неки аљдодї, ќањрамонию љоннисорињои падарону бобоён дар роњи њифзи хоки Ватан, таъмини сулњу субот ва истиќлоли давлатї аз љониби ин ворисони арзанда идома меёбад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр