Тафаккур, дар маљмуъ, њамчун раванди маърифат, ки аз инъикоси умумишуда ва бавоситаи воќеияти муњит дар шуури инсон иборат мебошад, дар таърихи инсоният, аз љумла, дар фарњанги миллии тољикон дар се шакли асосї зуњур намудааст: тафаккури илмї ё мантиќию аќлонї, ки аз доираи љањонбинии илмї мебошад, тафаккури тахайюлї ё образию эмотсионалї (эњсосотї), ки бештар ба адабиёти бадеї ва тамоми намудњои санъат хос аст ва тафаккури динї, ки ба эътиќод ва боварњо такя мекунад.
Аз се шакли тафаккур, ки дар боло зикр гардид, дар таърихи инсоният бештар навъи якуми он, яъне тафаккури илмї дар рушди сиёсї ва иќтисодию иљтимоии халќњо ва кишварњо наќши муњим бозидааст. Ин навъи тафаккур талаб мекунад, ки донишњои ба таври назариявї исбот нагардида ё ба таври таљрибавї асоснок карданашуда бояд мавриди таваљљуњ ќарор нагиранд.
Тафаккури илмї ё мантиќию аќлониро баъзан њамчун тафаккури дунявї низ ном мебаранд. Тафаккури дунявї бо сабаби пайдоиши љомеањои дунявї дар таърихи инсоният рушд намуда, њоло ба љањонбинии дар аксарияти кулли кишварњои пешрафтаи олам њукмрон табдил ёфтааст.
Чунонки маълум аст, љомеањои муосири дунявї њанўз дар асри XVII дар Аврупо пайдо шуда буданд. Ин амр ба он вобаста буд, ки дар ин минтаќаи олам ибтидо аз «Сулњи Вестфал», ки соли 1648 миёни як ќатор давлатњои онваќтаи аврупої ва империяи Рим баста шуд, дар Фаронса заминњои моликияти калисоро ба манфиати давлат мусодира намуданд. Минбаъд тањти мафњуми дунявї сохтан, яъне секуляризатсия на танњо мусодираи заминњои калисо ба манфиати давлат, балки њалли њар гуна мушкилоти заминию воќеии љомеаро бе ќонунигардонї аз нуќтаи назари динї ва људо сохтани динро аз њаёти давлат ва љомеа њисоб менамуданд. Аз соли 1851 принсипњои асосии љомеаи дунявї тањия карда шуданд, ки чунин буданд: 1) илм њамчун роњнамоии асосии инсоният; 2) такя бар аќлу аќлгарої (ратсионализм) њамчун манбаъи ягонаи дониши боэътимоду бонуфуз; 3) боварї ба сарчашмаи њаётию амалї доштани ахлоќ, на њамчун мањсули эътиќод будани он; 4) озодии фикру виљдон, озодандешї.
Бо сабабњои дар боло зикршуда аз њамин даврон сар карда, тафовутњои тафаккури дунявї аз шаклњои дигари тафаккур низ аз љониби донишмандону олимони соњањои гуногун нишон дода шуданд. Ин фарќиятњоро ба таври зайл метавон баён намуд:
1. Тафаккури дунявї тамоми ашё ва зуњуроти оламро дар алоќамандї ва дар сабабият мебинад: њама чиз сабаб дорад, ки аз табиат, таърих ва таљрибаи инсоният бармеояд ва ягон сабаби фавќуттабиї вуљуд надорад.
2. Тафаккури дунявии инсон худмухтор, автономї буда, њама тасмимњову ќарорњоро худи инсон ќабул мекунад, ягон ашёву зуњурот, тибќи тафаккури дунявї, ќаблан муайяншуда нест.
3. Тафаккури дунявї ба нисбият (релятивизм) низ такя мекунад, зеро ягон чиз дар олам мутлаќ набуда, хама ашёву зуњурот хусусияти нисбї доранд – мувофиќи вазъият њама чиз метавонад таѓйир ёбад, дигаргун шавад.
4. Њама ашё ва зуњуроте, ки дар олам њаст, дар асоси тафаккури дунявї, муваќќатию гузаранда буда, њаёт танњо њамон аст, ки мо дар марњилаи мављудияти худ дорем.
Ин суханон ба он ишора мекунанд, ки дар даврони муосир рушди тафаккури дунявї роњи ягонаи бунёди љомеаи пешрафта мебошад. Барои расидан ба ин њадаф бояд дар кишвари мо низ ташаккул ва рушди љањонбинии илмии ањолї ва тафаккури дунявї дар маркази фаъолияти густурдаи муассисањои таълимию илмї ва корњои тарѓиботию ташвиќотии ањли зиё ќарор дода шавад. Ќабл аз њама, бояд чунин тадбирњо амалї карда шаванд:
Якум, рушд бахшидани тафаккури мантиќї ва шаклњои асосии он (тафаккури аёнию амалї, тафаккури аёнию образї ва тафаккури мафњумї-мантиќї ё калимавї-мантиќї), инчунин, азбар намудани усулњои мантиќии маърифат (тањлил, яъне анализ, синтез, муќоисакунї, абстарксия ё таљрид, хулосабарорї ва ѓ.).
Дуюм, рушди тафаккури техникї. Тафаккури техникї њамчун навъи тафаккури илмию дунявї ба донишњои илмї ва ба донишњои мантиќан ва бо тарзи ратсионалї, ё худ, ба таври аќлонї бадастомада такя мекунад. Ин мафњумро бори аввал ба илм муњандиси рус П. К. Энгелмейер (1855-1942) дар асари худ «Фалсафаи техника» ворид сохта, онро њамчун сохтори махсуси аќли инсонї тафсир намудааст. Ин навъи тафаккур ду махсусият дорад: 1) тафаккури техникї шакли фаъоли инъикоси воќеият дар шуури инсон буда, ба маърифати њадафнок, бавосита ва умумии воќеият нигаронида шудааст, робита ва муносибатњои моњиятии ашё ва зуњуротро фаро мегирад, аз бунёди эљодкоронаи идеяњои нав ва пешбинии њодисањо ва фаъолиятњо иборат аст; 2) тафаккури техникї амали мантиќиест, ки ба тањия, эљод ва истифодаи воситањои техникї ва равандњои технологї нигаронида шуда, њадафи он маърифат ва дигаргунсозии табиат ва љомеа мебошад.
Тафаккури техникї навъњои назариявї ва амалї дорад, ки аз онњо аввалї ба кашфи ќонунњо ва маърифати моњияти объектњо нигаронида шуда, дуюмї татбиќи ин кашфиёту донишњоро дар амалия фаро мегирад. Дар баробари ин, барои тафаккури техникї љустуљў кардан аз муњимтарин амалњо буда, он њамеша пайдо кардани воситањои муносибтарини тањаввули модда, энергия ва иттилоотро ба мањсулоти ба инсон зарурї таќозо дорад.
Рушди тафаккури техникї барои инсони муосир, махсусан барои наврасону љавонон ањаммияти аввалиндараља дорад. Ва мањз бо њамин сабаб соњаи маорифи кишвар бояд ќабл аз њама вазифаи додани донишњои илмиро ба таълимгирандагон иљро намуда, дар баробари он, ба рушди тафаккури техникии онњо таваљљуњи хосса дошта бошад. Барои расидан ба ин њадаф бояд ду вазифаи муњимтаринро дар муассисањои таълимї дар сатњи баланд ба иљро расанд:
- болобарии сифати таълими фанњои табиию риёзї, аз ќабили табиатшиносї, математика, физика, биология, химия, информатика, технология ва ѓайра дар тамоми зинањои тањсилот;
- рушди бевоситаи тафаккури техникии таълимгирандагон тавассути роњандозии усулњои гуногуни анъанавї ва муосири таълим – тарбияи малакањои эљодкорї; мунтазам њал намудани масъалањои мантиќї ва муаммоњои мантиќї-техникї; роњандозии тањияи наќша ва графикањо; иљрои лоињањои эљодї; мушоњида ва дарки ашё, њодиса, зуњуроти гуногун ва тарзи кори механизмњои мухта-лиф; тањияи модел, механизм ва конструктсияњои соддатарин, њалли масъалањои конструкторї ва техникию технологї ва ѓайра. Њамаи ин вазифањо бояд тавассути гузаронидани машѓулиятњои амалї дар кабинетњои фаннии муљањњаз, бо истифода аз аёниятњои зарурї, реактивњо ва маводи кимиёвї, намунаи техника ва технологияњо ва амсоли он ба анљом расонида шаванд.
Сеюм, гузариши ботадриљ аз таваљљуњи асосї ба фарњанги маънавї-гуманитарї ба фарњанги илмї-техникї ва таъмини комили дунявият дар фарњанги си-ёсии сокинони кишвар. Ин љо дар назар аст, ки аз љониби адиб, химик, физик ва сиёсатмадори англис Чарлз Сноу (1905-1980) фарњанги маънавї-гуманитарї ба фарњанги илмї-техникї њамчун ду навъи асосии фарњанги инсоният шинохта шудаанд. Моро зарур аст, ки фарњанги маънавї-гуманитарии худро њаргиз яктарафа боло нагузорем, балки онро бо фарњанги илмї-техникї баробарвазн эътироф намуда, њаёти иќтисодиву иљтимоии худро мањз бо роњи омезиши илман асосноки њар ду ин навъи фарњанг ба пеш барем. Дар бораи фарњанги сиёсии мардум бошад, њаминро бояд ба эътибор гирифт, ки тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон давлати мо дунявї буда, гуногунандешї ва озодии виљдони њар як шахсро дар сатњи олї кафолат медињад. Аз ин рў, бояд, чун дар њар як давлати дунявии дигари муосир дар кишвари мо низ ба љалби дин ва аќидањои динию мазњабї ба корњои сиёсї њаргиз роњ дода нашавад.
Чорум, омўзиши таљрибаи миллї ва љањонї дар самти рушди љањонбинї ё љањонфањмии илмї. Дар ин росто бояд таъкид намуд, ки инсоният таљрибаи ѓании назариявию амалї дар рушди љањонбинии илмї дорад, ки натиљаи яке аз онњо дар манифести мањфили Вена инъикос ёфтааст. Ин мањфилро файласуфи австриягї, намояндаи позитивиз-ми мантиќї Моритс Шлик (1882-1936) дар Донишгоњи шањри Вена соли 1922 таъсис дода буд. Намо-яндагони он Карнап Р., Хан Х. ва Нейрат О. соли 1929 бо манифести «Љањонфањмии илмї – мањфили Вена» баромад намуданд, ки ѓояњои зеринро дар бар мегирифт: 1) танњо љањонбинии илмї ба њаёт хизмат мекунад ва њаёт низ онро ќабул дорад; 2) њама чиз барои маърифати инсонї дастрас аст, инсон меъёри њама ашёву зуњурот буда, илм ба ў хизмат мекунад; 3) љањонфањмии илмї ба ду љавњар такя мекунад – аввалан, танњо маърифати таљрибавї, эмпирикї, позитивї вуљуд дорад ва дуюм, методи ягонаи маърифат ин тањлили мантиќї, аќлонии маводи таљрибавї, эмпирикї мебошад; 4) љањонфањмии илмї њар гуна метафизика - фавќулаќлонияти кушодаву пўшидаро инкор мекунад; 5) интуитсия њамчун манбаи маърифат танњо баъди исботкунии ратсионалию мантиќии донишњои тавассути он бадастомада эътироф карда мешавад ва ѓайра.
Дар таърихи фарњанги тољик масъалањои аќлгарої ва тараннуми илму дониш њанўз дар осори ќадимтарини ниёгонамон ва даврањои минбаъда то замони муосир хеле зиёд мебошанд, ки тарѓибу ташвиќ ва омўзиши онњо метавонад дар рушди тафаккури ратсионалї ва дунявии мардуми мо наќши калидиро ба иљро расонад. Дар ин росто мероси фалсафї ва адабии мутафаккироне чун Абунасри Форобию (873-950) Абуалї Ибни Сино, Абубакри Розию (865-925) Ибни Ровандї (816-899) ва дањњо мутафаккирони дигари асримиёнагї, инчунин, ме-роси адабию илмии маорифпарвароне чун Ањмади Донишу (1826-1897) Тошхўљаи Асирї (1864-1916) ва амсоли онњо ањаммияти басо муњим дорад. Тафаккури дунявї бо сабаби ба талаботи њаётии одамон мутобиќат доштанаш љањонбинии дар аксарияти кулли кишварњои олам њукмрон буда, мањз ташаккул ва рушди чунин навъи тафаккур боиси рушди њар гуна љомеа мегардад. Чунонки файласуф ва фарњангшиноси фаронсавї Гастон Башляр (1884-1962) зикр намудааст, тамоми афкори ратсионалї, аќлонию дунявї дар амал татбиќшавандаанд. Аз ин рў, ташаккул ва рушди њар чи бештари тафаккури дунявї дар замири сокинони љумњурии мо низ метавонад барои татбиќи амалии њадафњои волоямон оид ба табдил додани Тољикистони соњибистиќлол ба яке аз кишварњои пешрафтаи олам њамаљониба мусоидат намояд.
Хуршед ЗИЁЇ,
доктори илмњои
фалсафа, профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр