Нашрияи Омӯзгор

Ҳифзи амнияти ҷомеа муҳим аст

Сана: 2022-05-12        Дида шуд: 54        Шарҳ: 0

Экстремизми љавонон мушкили шадиди замони мост.

Дар муњити љавонон, зери таъсири омилњои иљтимої, сиёсї, иќтисодї ва дигар омилњо, аќидањо ва эътиќодоти куњна осонтар ташаккул меёбад. Њамин тариќ, љавонон ба сафи созмонњои ифротї ва террористї шомил мешаванд, ки ин гурўњу созмонњо љавонони тољикро ба манфиатњои сиёсии худ фаъолона истифода мебаранд.

Омилњои зеринро метавон сабаби пайдоиши зуњуроти ифротгарої  дар муњити љавонон донист:

1. Мушкилоти иљтимої (аз љумла, мушкилоти сатњу сифати тањсилот, нобаробарии  иљтимої, паст шудани нуфузи маќомоти њифзи њуќуќ ва ѓайра).

2. Ба фасодкорї даст задан ба як ќатор соњањои њаёти љамъият (дар муњити љавонон ин дар љалби васеъи љавонон ба гурўњњои љиноятї ва ѓайра ифода меёбад).

3. Таѓйир додани самтњои арзишмандї (созмонњои хориљї ва мањзабњои динї, ки мутаассибї ва ифротгароии динї, рад кардани меъёрњо ва уњдадорињои конститутсионї, инчунин, арзишњои  ба  љомеа бегонаро тањрик медињанд) хатари љиддї доранд.

4.  Зуњури ба истилоњ “омили исломї” (таблиѓи ифротгароии динї).

5. Афзоиши миллатгарої ва људоихоњї (фаъолияти фаъоли гурўњњо ва њаракатњои миллатгароёни љавонон, ки аз онњо неруњои алоњидаи иљтимої-сиёсї барои расидан ба маќсадњои худ истифода мебаранд).

6. Мављудияти муомилоти ѓайриќонунии воситањои содир намудани амалњои экстремистї (баъзе созмонњои экстремистии љавонон  ба таври ѓайриќонунї ба истењсол ва нигоњдории васоиту абзори тарканда машѓуланд, тарзи муомилоти силоњи оташфишон ва силоњи  канориро меомўзонанд ва ѓ.)

7. Истифодаи омили психологї ба маќсадњои вайронкорї (хоси психологияи љавонон асту аз љониби роњбарони ботаљрибаи созмонњои экстремистї барои амалї намудани амалњои экстремистї фаъолона истифода мешавад).

8. Истифодаи  интернет бо маќсадњои  ѓайриќонунї  (ба созмонњои  љамъиятии мухолиф дастрасї ба доираи васеъ ва таблиѓи фаъолияти онњо, имкони интишори маълумоти муфассал дар бораи њадаф ва вазифањояшон, ваќту љойи вохўрї, амалњои пешбинишударо таъмин менамояд).

Аз нигоњи ворид шудан ба майдони фаъолияти ифротгарої хатарноктарин синну сол аз 14 то 22-сола аст. Дар айни замон, ду омили асосии равонї ва иљтимої такрор мешавад. Ба наврасї ва љавонї аз љињати равонї ташаккули худшиносї, баланд шудани њисси адолат, љустуљўи маънї ва арзиши зиндагї хос аст. Дар натиља, љавонон серњаракат мешаванд, барои таљрибањо, иштирок дар амалњо, гирдињамоињо, бесарусомонињо омода аст.

Љавонони муосир дар пешорўи дигаргунињои бузург ва номуайянии бузург ќарор доранд, ки дар навбати худ нигаронии онњоро нисбат ба оянда афзун менамояд.

Тамоюли љалби љавонон ба амалњои ифротгарої бештар  ба татбиќи нокифояи самараноки сиёсати давлатии љавонон вобаста аст. Дар натиља як ќисми љавонон зери таъсири аќидањои ба мо бегона меафтанд, ки ин дар баъзе мавридњо боиси он мегардад, ки сохторњои давлатиро шарик не, балки душмани худ мешуморанд.

Бояд гуфт, ки мушкилоти ифротгароиро танњо бо ќувваи маќомоти њифзи њуќуќ њал кардан ѓайриимкон аст. Ин вазифа маљмуи тадбирњои ташкилї, њуќуќї, фањмондадињї, тарбиявї, такмил додани њамкории сохторњои  давлатї  ва  созмонњои љамъиятиро талаб мекунад, ки инњоро дарбар мегиранд:

1. Дар мубориза бар зидди ифротгарої бояд рафъи сабабњо ва шароитњое, ки ба рафтори меъёрњои ќоидањои ќабулшуда вайрон  мекунад,  мусоидат  мекунанд, афзалият дошта бошад. Сабабњои  асосии ифротгарої дар љомеа, мушкилоти иљтимоиву иќтисодї номбар  шудаанд,  сиёсати нодурусти давлат дар соњаи равандњои динї, таѓйири шакли  арзишњои анъанавии  маънавии љомеа, низоъњои ќавмї, зиддиятњои байни  пайравони  дини  насронї  ва ислом мебошанд.

Дар айни замон чорањои кор бо ноболиѓони аз љавобгарии љиноятї озодшуда, ба муњлати шартан мањкумшуда ва адои љазо дар мањбасхонањои ноболиѓон нокифоя боќї  мемонанд.  Аксари  ин  кўдакон бе кумаки маќомоти давлатї наметавонанд дар љомеа мавќеи худро пайдо  кунанд.  Самт барои тањсил, кор ва таъмини манзил, њадди аќалест, ки давлат бояд барои шањрвандони ноболиѓ кунад.

2. Љанбаи муњими пешгирии ифротгароии љавонон ташаккули стратегияи сиёсати давлатии љавонон дар сатњи давлатї мебошад. Сиёсати муассири давлатии љавонон яке аз воситањои муњими ташаккули шањрвандии фаъол дар байни насли наврас, ташаккули ташаббуси иљтимої, њисси  ватандўстї  ва  ифтихор аз кишвари худ мебошад.

Воридшавии ифротгарої ба муњити љавонон имрўз миќёси хеле васеъро касб намуда, барои ояндаи кишвари мо оќибатњои хатарнок дорад, зеро насли наврас манбаи амнияти миллї, кафили рушди босуръати љомеа ва  навоварињои иљтимої мебошад. Љавонон аз руи хусусиятњои табиї ва иљтимої на танњо мутобиќ шудан, балки ба  таѓйироти мусбати он фаъолона таъсир расонда метавонанд. Мањз  барои њамин тамоми ќишри љомеаро зарур аст, ки дар ин масъала диќќати љиддї дињанд ва пеши роњи шомилшавии љавонону наврасонро ба гурўњњои ифротгарої пешгирї намоянд.

И. НАРСОВ,

сармутахассиси бахши

идоракунии сифати

тањсилоти  коллељи  тиббии

ноњияи Ёвон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш