Нашрияи Омӯзгор

Пажуҳише дар хусуси моҳияти мафкураи миллӣ

Сана: 2022-05-12        Дида шуд: 60        Шарҳ: 0

Муњаќќиќи тавоно, доктори илми њуќуќшиносї, профессор Холиќзода Абдурањим Ѓаффор дар баррасии масоили муњими миллию њуќуќї дар замони соњибистиќлолии кишвар яке аз пажуњишгарони муваффаќ буда, перомуни афкору аќидањои сиёсї, њуќуќї, фалсафї ва динию мазњабии мутафаккирону адибони гузаштаи форсу тољик силсилаасарњое таълиф карданд, ки дар масоили њифзи манофеи давлатию миллї, худшиносию њувиятхоњї ва тарбияти насли созандаи кишвар сањми арзанда мегузорад.

Аз нуќтаи назари усули тадќиќот, китоби “Мафкураи миллї ва њуќуќ” давоми мантиќии назариётест, ки дар тањќиќоти гузашта муњаќќиќ заминањои боэътимоду густурдаро дар боби мафњумњои “давлати миллї”,  “андешаи  миллї” ва амсоли ин бо шарњи муфассал манзури  доираи  васеи  хонандагон гардонда буданд.

Муњтавои  китоби “Мафкураи миллї ва њуќуќ” дар дувоздањ боб ба  таври муфассал баён мешавад. Таќвияту таъйиди сухани хешро нигорандаи китоб дар “Муќаддима ва ё омилњои эљоди асар” бо таъбирњо – зернавиштњои – “Эњсоси масъулият”, “Мо насли интихобшудаи таърихем”, “Миннатдорї” ва “Мурољиат ба хонанда” идома дода,  њадафи  навиштани  асари  мазкурро  бо  эњсоси  дарки манфиатњои  миллї  ва давлат, масъулияти насли имрўзу фардо дар пасманзари њаводиси пуршўру  печидаи  олам  ва њифзи  арзишњою ормонњои миллї ва ѓайра  баён  намудааст.

Дар боби нахуст – “Сабаќи таърихї ва истиќлоли миллї” зермавзуъњои “Истиќлол ва шукргузорї дар њикмати давлатдорї”;  “Сабаќи талхи таърихї ба озодагони  бепарво чї мегўяд?”; “Ба  ќадри неъмат касе мерасад, ки лаззати бенеъматиро чашида бошад”;  “Масъулияти азими давлатсозї – њифзи истиќлолият ва вањдати халќ  аст”;  “Сабаќбардорї  аз  таърих ва рафъи бетарафї” тарњи ѓояи асар ба таври шигарф матрањ шуда, изњори назари тоза аз шукргузории  неъмати  бебањо - Истиќлоли давлатї оѓоз меёбад ва њамзамон, бо истифода аз усули ќотеи тањќиќи масоили илмї, љињати ташрењи мушаххасу сањењи муњтавои куллї, далелњои ошкору возењ барои шарњи ин боб оварда мешавад.

Муаллиф фањми дурусту мантиќии мафњуми “мафкураи миллї” ва  “њуќуќ”, рўйињамрафта сабаќ гирифтан аз таъриху шукргузорї аз  истиќлоли давлатиро дар омилњои худшиносї, дифоъ аз арзишњо ва ормонњои миллї, таваљљуњ  ба  бањогузории муњаќќиќону  мутафаккироне,  чун  Вамбери  -  пажуњишгари  маљорї, Жан Пол Ру – (Фаронса),  Њеродоту  Белинский намуда, бо ишораи огоњмандона барои сабаќомўзї ба  “Шоњнома”-и Њаким Фирдавсї сухани фасењи хешро бо  матлабу  маќсади бархурдорї аз мазомини фасли мазбур, сањифаи  таърихро бори дигар  ёдрас  намуда, баёнияњоро аз шеърњои Лоиќи бузург ва аз сўйи дигар,  бо  вуруд ба таърихи миллат аќидањои нобро рўйи сањифа овардааст.  Муњаќќиќ наќши барљастаи муњтарам Эмомалї Рањмонро дар бунёди давлати миллии тољикон дар як марњилаи таърихї бо фаронигарї баён намуда, билохира, масъулияти азими давлатсозї, њифзи истиќлолияту  вањдати  халќ,  нуктањои  ормонии  рушди  миллат,  ќадршиносии  ниёгон,  њикмати созандагии Пешво, ѓизои илмии тањкими истиќлолият  ва  амсоли  ин андешањои фасењро дар боби аввал ба ќалам медињад.

Тафсиру тавзењи мафњуми мафкураи миллї, андешањо рољеъ ба  худшиносии сиёсї,  њуќуќи  инсон,  озодї,  соњибихтиёрї, озодињои  шахсї,  масъулият ва демократия, соњибихтиёрии халќї, зањролудшавии арзишњо  ва дигар масъалањои  мубрами љомеаи иљтимої дар бобњои дуюм ва сеюми китоби “Мафкураи миллї ва њуќуќ” бо вусъати  назар мавриди тањлилу  баррасии амиќ ќарор гирифтааст.

Дар бобњои зикршуда, дар заминаи консепсияи давлатсозии Пешвои миллат ба њайси як донишманди нуктасанљ А. Холиќзода љойгоњи мафкураи солими миллиро ба сифати пайвандгари сиёсати давлат бо халќ бармешуморад ва зимнан, баъд аз љусторњои баситу гаронмоя дар такя ба фикрњои олимону муњаќќиќини сатњи љањонї андешањои амиќи хешро дар зермавзуъњои “Нобаробарии борони рањмати мафкурањои сиёсї”,  “Оид ба нобаробарии мањдудиятњо дар мизони њуќуќи инсон”, “Тарс ва мафкураи миллї”, “Оид ба сарчашмањои тарс ва оќибати он”, “Мањдудияти њуќуќї ва мувозинати тарси иљтимої”, “Эњсоси  эътиќодмандї њангоми татбиќи мањдудиятњо ва усулњои љустуљўи мафкураи  солим дар  ин  ќабил  ќазияњо”, “Ољизињои  аќли  инсонї  дар коркарди мафкураи  солим дар васати муноќишаи озодї бо  мањдудиятњо”  рўйи сањфа меорад, ки мантиќи устувори андешањои муаллифи асарро нишон медињад.

Масъалањои њуќуќии ташаккули мафкураи миллї ва њифзи  истиќлоли давлатї, ки дар зимни мавзуи бањс  – мафкураи  миллї ва њуќуќ дар бобњои баъдї – “Озодї, соњибихтиёрї ва мафкураи миллї”, “Таърих  ва шаклгирии мафкураи миллї”, “Оид ба рукнњои ташаккули мафкураи  миллї”, “Миллати  сиёсї ва андешаи миллї дар замони љањонишавии  манфиатњо” мавриди тањлил ва баррасї ќарор гирифтаанд. Њангоми баёни андешањо, муаллиф дар такя ба сањењтарин мадрак матлабро бар  пояи воќеият арзёбї намуда, пањнои аќидањо хонандаро аз маќсади асл бархурдор менамояд.

Нуктаи ќобили таваљљуњ ин аст, ки мафњуми “мафкураи миллї” ва “њуќуќ” њамчун дарунмояи тадќиќот аз назаргоњи вижаи муаллиф дар њар як боб талќин шуда, рисолати азими давлатсозї ва њифзи он бо суханњои  росиху  рифъати  мулоњиза  баёни воќеъ ёфтааст.

Дар бобњои “Мафкураи њуќуќї ва давлати миллї”, “Андешаи  миллї, забон ва худшиносї”, “Давлати миллї ва ташаккули андешаи  миллї”, “Чашмандозе ба хазинаи  фарњанги  њуќуќии  миллат”, “Андешаи миллї  ва  њифзи  истиќлолияти  давлатї”, “Шарњи чанд масъалаи дигари  миллї аз назари њуќуќ”, “Таносуби арзишњои миллї ва динї: Сарњади озодї, адолат ва манфиатњо” оид ба масъалањои њуќуќї, психологияи  њуќуќї, навъњои идеологияи њуќуќї, маќоми забон дар мафкураи миллї, давлати миллї ва муносибати он ба дин, чашмандози  мутафаккирона  ба ганљинаи фарњанги њуќуќии миллї ва амсоли ин ѓояњои чорасоз бањси пурмазмун сурат мегирад, ки ангезаи аслианд барои бозсозии љиддии љомеаи муосир.

Бидуни шак, тањќиќи густурдаеро, ки олими маъруф Холиќзода Абдурањим Ѓаффор рољеъ ба масоили њуќуќии ташаккули мафкураи миллї ва њифзи истиќлоли давлатї анљом додаанд, зањмати чандинсолаи эшонро бозтоб намудааст.

Мењриддин ЃИЁСЇ

мудири шуъбаи иттилоот,

робитањои илмї ва омўзиши

тамаддуни Шарќи АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш