Нашрияи Омӯзгор

Фардоро имрўз бояд сохт

Сана: 2022-05-12        Дида шуд: 64        Шарҳ: 0

Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 21 декабри соли 2021 њамчун дастури сарнавиштсоз ва роњнамои миллат мо - мардуми кишварро аз њарваќта дида бештар ба сўи ояндаи босаодат њидоят менамояд.

Сарвари хирадманди мо дар Паёми имсолаашон пешрафти  иќтисодї-иљтимоии  кишвар,  сиёсати  давлатии  љавонон, самтњои асосии сиёсати  дохилї ва хориљии Тољикистони соњибистиќлолро дурбинона, њамаљониба  тањлилу  баррасї намуданд.

Дар доираи тадбирњои ободониву созандагї ба истиќболи љашни муќаддасу умумимиллиамон 30-солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон бо роњбарии Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон,  новобаста аз мушкилоту муаммоњои љойдошта, бо дарки масъулияти баланди шањрвандиву ифтихори бузурги ватандорї соњибкорону тољирон ва шахсони саховатпешаву њимматбаланд дар соли 2021 бањри амалї  намудани наќшаи  корњои  созандагиву бунёдкорї  сањмгузорї  намуданд.

Љињати њалли мушкилоти иљтимоии ањолии кишвар танњо дар доираи наќшаи корњои ободониву бунёдкорї ба муносибати 30-солагии Истиќлоли давлатии  Љумњурии Тољикистон  дар се  соли охир зиёда аз  25  њазор иншооту бинои истењсоливу иљтимої ва инфрасохторї сохта, ба истифода дода шудаанд.

Мањз бо њамин хотир, Сарвари давлатамон  дар  Паём (21.12.2021) ба кулли мардуми шарафманди кишвар,  аз љумла, ба њамаи соњибкорони ватандўст ва шахсони саховатпеша,  ки ба  ифтихори  љашни сисолагии  Истиќлоли давлатї дар раванди корњои ободониву созандагии Ватан, бахусус, дар бунёди  иншооти  соњањои маориф  ва  тандурустї  сањми  басо арзишманд  гузоштаанд,  сипосу миннатдорї баён намуданд.

Пешвои миллат, доир ба самтњои асосии гиромидошти арзишњои таърихиву фарњангии кишвар сухан  ронда, ќайд намуданд, ки “Фарњанг њамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоќии љомеа ва  муаррифгари  таърих буда, њифзи мероси фарњанги  моддиву ѓайримоддии миллати бостониамон, ки гувоњи зиндаи таърихи шашњазорсолаи халќамон мебошад, вазифаи муњимтарини  мо – ворисони ин мероси бузург ба њисоб меравад”

Сарвари давлатамон дар Паёми худ таъкид  намуданд, ки “вобаста  ба талаботи иќтисоди милли  ва  расидан  ба њадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат дар самти љустуљў ва иктишофи канданињои фоиданок ва  рушди саноати маъдан олимони мо бояд  корњои  татќиќотиро  вусъат дињанд”.

Президент наќши калидии соњаи маорифро самти муњим ва мењварии сиёсати давлатї унвон намуда, изњор доштанд ки “Мо барои бењтар кардани сатњу сифати таълим дар њамаи зинањои тањсилот бояд тамоми шароити заруриро муњайё карда, дар ин раванд масъулияти  падару модар, ањли љомеа ва омўзгоронро боз њам баланд бардорем”!  Ба ин хотир дар назди тамоми кормандони соња вазифаи асосї – баланд бардоштани сатњу сифати таълим дар тамоми зинањои тањсилот ва шаклњои фаъолияти муассисањои таълимї гузошта шуд, то ки дар  љавоби  њамаи дастгирињои  давлатї  сатњу  сифати  тањсилотро  боло  бурда, барои  тарбияи  мутахассисони љавобгў   ба  талаботи  замон иќдом намоянд.

Бояд ќайд намуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба масоили рушди илму маърифат таваљљуњ намуда, иброз намуданд, ки њадафи мо аз баргузории озмунњои «Илм – фурўѓї маърифат»,  «Тољикистон  –  Ватани азизи ман», «Фурўѓи субњи доної китоб аст»  ва  олимпиадаву озмунњои гуногун таќвият бахшидани  њувияти  миллї, њисси  ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халќамон, боз њам баланд  бардоштани сатњи саводнокиву  маърифатнокии  мардум, ќабл аз њама, наврасону љавонон, таќвияти завќи зебоипарастии онњо  ва пайдо кардани истеъдодњои нодир аз байни  наслњои  ояндасоз мебошад.

Пешвои муаззами миллат ба масъалањои зуњуроти хатарноки замони муосир, аз љумла, терроризму экстремизм, ќочоќи силоњ,  гардиши  ѓайриќонунии маводи  мухаддир  ва  дигар љиноятњои  фаромиллї,  ки  башариятро ба ташвиш овардаанд, таваљљуњ равона намуда, изњор  доштанд, ки “пайравони созмонњои террористиву экстремистї барои  ноором сохтани  вазъият дар љомеа ва тафриќаандозиву  барангехтани  низоъњои диниву  мазњабї кўшиш  карда,  барои  гумроњ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, љавонон ва ба созмонњои манъшуда  љалб  намудани  онњо аз  шабакањои  интернетї  васеъ истифода мебаранд”.

Мо, љавонони даврони истиќлолият, бо дарки масъулияти баланди шањрвандї ва бо такяву илњом аз њидоятномањои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон љањду талош менамоем, ки дар пешрафту шукуфоии кишвари  азизамон  -  Тољикистон сањмгузор бошему њиссаи  босазои хешро гузорем.

Хайём МУСЛИМЗОДА,

мудири шуъбаи тарбия ва

робита бо љомеаи

Донишкадаи кўњию

металлургии Тољикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш