12-уми майи соли љорї дар маљлисгоњи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон вохўрии вазири маориф ва илм Рањим Саидзода бо сафири навтаъйини Япония дар Тољикистон Тосихиро Аики баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Љамшед Љўразода, сардори раёсати муносибатњои байналмилалї Илњом Камолзода ва сардори раёсати сохтмони асосии назди вазорат Дилшод Сафарзода иштирок намуданд.
Зимни вохўрї иттилоъ дода шуд, ки дар њоли њозир дар 3 муассисаи тањсилоти олии касбии кишвар – Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи С. Улуѓзода, Донишкадаи омўзгории Тољикистон дар шањри Панљакент ва Донишгоњи славянии Россия-Тољикистон забони љопонї таълим дода мешавад ва њар сол дар кишвар озмуни забони љопонї баргузор мешавад.
-Япония дар бунёди мактабњои тањсилоти умумї дар Тољикистон сањми арзанда мегузорад. Танњо дар соли 2019 бо ибтикори сафорати Япония дар Душанбе ва бо маблаѓгузории Япония 3 муассисаи тањсилоти умумї сохта, ба истифода дода шуд. Умедворем, ки то моњи сентябр дар хамкорї бо шарикони Япония сохтмони муассисањои таълимии нав дар шањру ноњияњои љумњурї ба анљом мерасанд. тЊамчунин, Вазорати маориф ва илм бо Намояндагии Агентии Япония оид ба њамкории байналмилалї (JICA) дар Тољикистон дар соњаи маориф ва илм, ки ба стратегияи 5-солаи JICA дохил карда мешавад, њамкории зич дорад, - ќайд кард вазири маориф ва илм.
Њамзамон, аз љониби вазири маориф ва илм ба сафири Япония доир ба тањия ва имзои Созишнома дар бораи њамкорї дар соњаи маориф ва илм байни Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Вазорати маориф, фарњанг, варзиш, илм ва технологияи Япония, зиёд кардани стипендияи MEXT ва осон кардани шароити он барои донишљўёни тољик, љалби грантњои Япония дар соњаи маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва расонидани кумаки техникї ба Вазорати маориф ва илм барои коњиш додани таъсири пандемияи љањонї пешнињодњо ироа гардид.
Дар охир љонибњо љињати вусъати њамкорињои љойдошта дар соњаи маориф ва илм изњори ќаноатмандї намуда, омодагии хешро изњор доштанд.
Бахтовар САФАРОВ,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр