11-уми майи соли љорї дар маљлисгоњи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон вохўрии вазири маориф ва илм Рањим Саидзода бо сафири фавќулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тољикистон Игор Лякин-Фролов доир гардид, ки дар он муовини якуми вазир Љамшед Љўразода, муовини вазир Шукрулло Хайрзода, роњбари Маркази фарњангию мадании “Россотрудничество” дар Тољикистон Иван Иванов ва сардорони раёсати муносибатњои байналмилалї ва раёсати сохтмони асосии назди вазорат иштирок намуданд.
Љонибњо оид ба фаъолияти мактаби миёнаи русї-тољикии назди Донишгоњи славянии Россия-Тољикистон, тасвиби Созишнома дар бораи шароити фаъолияти муассисањои таълимии шањрњои Душанбе, Кўлоб, Хуљанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълимашон бо забони русї аст, вазъи ќабули хонандагон ва ба кор ќабул кардани номзадњо ба вазифаи омўзгорї мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар робита ба мактаби назди Донишгоњи славянии Россия-Тољикистон дар њоли њозир протокол оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба лоињаи Созишномаи байнињукуматї дар бораи шароити фаъолияти мактаби тањсилоти миёнаи умумии русїтољикии назди Донишгоњи славянии Россия-Тољикистонро аз 4 апрели 2007 тањия кардааст.
Оид ба масъалаи Созишнома дар бораи шароити фаъолияти муассисањои таълимии шањрњои Душанбе, Кўлоб, Хуљанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълимашон бо забони русї мебошад, иттилоъ дода шуд, ки ин созишнома ба тасвиб хоњад расид.
Дар масъалаи ќабули хонандагон ва ба кор ќабул кардани номзадњо ба вазифаи омўзгорї ќайд карда шуд, ки аз љониби вазорат якљоя бо иљрокунандаи лоиња аз љониби Россия гурўњи кории идоравї таъсис дода шуда, корњо дар ин самт бомаром љараён доранд.
Бахтовар САФАРОВ,
корманди Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр